Муҳамадшо Куканиев

Муҳамадшо Куканиев — доктори илми химия (1997). профессор (2001). Узви вобастаи АИ ҶТ (2004).[1]

Муҳамадшо Куканиев
Муҳамадшо Аҳмадович Куканиев
Таърихи таваллуд: 1960
Фазои илмӣ: олим

ЗиндагиномаВироиш

Муҳамадшо Куканиев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1983), ихтисос – «химия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ, маводи фаъоли биологӣ, маводи табиии органикие, ки дар таркиби рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон мавҷуданд, фаъолнокии адсорбсиониву каталитикаи гилҳои бентонитии Тоҷикистон, таҳқиқи нафти қисмати ҷануби Тоҷикистон. Ходими хурд ва калони илмӣ (1986-1996), мудири озмоишгоҳи пайвастагиҳои гетеросиклии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои ҶТ (1996 – то имрӯз).

ҶоизаҳоВироиш

  • Бо ордени «Шараф» тақдир шудааст (2003).

МанобеъВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.