Михаил Кухтиков

(Тағйири масир аз Кухтиков Михаил Михеевич)

Михаил Михеевич Кухтиков (1919—1995) — заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1969). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1973).[1]

Михаил Кухтиков
Кухтиков Михаил Михеевич
Таърихи таваллуд: 1919(1919)
Тахрихи даргузашт: 1995(1995)
Фазои илмӣ: заминшиносӣ

ЗиндагиномаВироиш

Кухтиков Михаил Михеевич Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А. А. Ждановро хатм кардааст (1946), ихтисос — «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геотектоника. Ходими илмии Институти қишри замини ДДЛ ба номи А. А. Жданов (1949—1950), дотсенти кафедраи геология ва палеонтологияи ДДТ ба номи В. И. Ленин (1950—1959), ходими калони илмӣ (1951—1959), муовини директор (1959—1987), мудири шӯъбаи геотектоникаи (1987—1995) Институти геологияи Академияи илмҳои ҶТ.

ҶоизаҳоВироиш

  • Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» тақдир шудааст.

ЭзоҳВироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.