Кӯли ҷавонон - кӯли сунъӣ дар шаҳри Душанбе дар соҳили дарёи Варзоб (Душанбе)

Тавсиф вироиш

Кӯл дар назди «Боғи ҷавонон», соҳили рости дарёи Варзоб, шаҳри Душанбе воқеъ аст. Масоҳати майдони кӯл 18,7 га. Дарозиаш – 700 м. бараш – 300 м мебошад. Чуқурии кӯл — то 4 м. Дар фасли зимистон оби обанбор хушк карда мешавад. Дар қисмати ҷанубии он стансияи киштиронӣ сохта шудааст.

Таърих вироиш

Кӯли сунъӣ дар соҳили рости дарёи Варзоб (Душанбе) бо ташаббуси ҷавонон солҳои 1937 – 1939 бунёд шудааст. Дар байни сокинони шаҳр бо номи аввалааш «Кӯли комсомол» маълум аст.[1][2].

Кӯли ҷавонон дар аксҳо вироиш

Пайвандҳо вироиш

  1. История города. 16 октябри 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2007.
  2. Состояние окружающей среды в Душанбе 2001. Архитектура