Кӯҳҳои Тоҷикистон
Кӯҳҳои Тоҷикистон 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол менамоянд, ки ба системаи кӯҳҳои баландтарини Осиёи Марказӣ — Тиёншон ва Помир мансубанд. Тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3 000 м ҷойгир шудааст.
Пайдоиш
вироишКӯҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногун ташаккулу пайдо шудаанд. Баъзе аз онҳо чандин маротиба дучори ҳаракатҳои тектоникӣ гардидаанд. Масалан, силсилакӯҳҳои Қурама ва Ҳисору Олой дар давраи палеозой, дар натиҷаи пайдоиши чинҳои давраҳои каледонию ҳерсинӣ ташаккул ёфтаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои палеозойи поин, ҷинсҳои карбонатию терригении девони миёна — карбони поин, ҷинсҳои вулкании палеозойи боло ва ҷинсҳои гранитии то девону палеозойи боло иборатанд. Кӯҳҳои давраи палеозой, ки садҳо миллион сол вуҷуд доштанд, тадриҷан шуста шуда, ба ҳамвориҳои теппадор табдил ёфтанд. Дар эраҳои мезозой, кайнозой дар ҳудуди минтақаҳо таҳшинҳои платформаӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҳаракатҳои тектоникии алпӣ чиндор шуда, боиси пайдоиши релйефи ҳозираи Ҳисору Олой гардидаанд. Дар давраи кайнозой силсилакӯҳҳое, ки Помирро аз тарафи шимол иҳота кардаанд, сар афрохтаанд. Ҷунбиш (ҳаракат)-ҳои нави орогенӣ боиси пайдоиши тарқишҳо дар сохтҳои нисбатан қадими кӯҳӣ ва баландшавии нобаробари харсангҳо, дар баъзе маҳалҳо боиси пастшавии онҳо гардидаанд. Бахусус, силсилакӯҳҳои Қурама, Ҳисору Олой ва Помир баландшавии бошиддатро аз сар гузаронидаанд. Релйефи ҳозираи Тоҷикистон натиҷаи ҷунбишҳои якҷои тектоникии алпии қишри замин ва равандҳои денудатсионӣ (суфта шудани сатҳи замин) мебошад. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои вулканӣ ба мушоҳида намерасанд, аммо зилзилаҳои қувваашон гуногуни дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии зуд-зуд баамалоянда ба қайд гирифта мешаванд[1].
- риштагӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой;
- ҳавза (пастхами)-и Фарғона;
- низоми кӯҳҳои Ҳисору Олой (Тиёншони Ҷанубӣ);
- пастхамии Тоҷикистон (қисми нишебии ҷанубу ғарби Тоҷикистон);
- Помир.
Риштакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой
вироишСилсилакӯҳи Қурама ва мавзеи кӯҳсори Муғултой дар қисми шимолии ҷумҳурӣ воқеъ буда, ба таркиби кӯҳҳои Тиёншони Ғарбӣ дохил мешаванд. Силсилакӯҳи Қурама қариб 170 км дарозӣ дошта, нуқтаи баландтарини он Бобои Об (3 768 м) дар қисми шимолу шарқии силсилакӯҳ ҷойгир шудааст. Ин қисм дар самти ҷанубу ғарбӣ тадриҷан паст шуда, ин раванд то ҳамвории дашти Дилварзин идома меёбад. Қисми ҷанубу ғарбии он кӯҳҳои Қаромазор ном дорад. Дар доманаи силсилакӯҳ ҳамвории нишебмонанд доман паҳн кардааст. Ҳадди ҷанубии он кӯҳҳои на чандон баланди Сомғор мебошанд, ки ба қаторпуштаҳои алоҳидаи Оқчоп, Оқбел ва Супетдоғ тақсим шуда, аз чинҳои кӯтоҳи антиклиналӣ иборат мебошанд.
Дар қисми ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Қурама силсилакӯҳи на чандон бузурги Муғултой (баландиаш 1 623 м) қад афрохтааст, ки бо гузаргоҳи Мирзоработ ҷудо карда шуда, қад-қади дарёи Сир 140 км тӯл кашидааст.
Ҳавзаи Фарғона
вироишҲавзаи Фарғона дар байни силсилакӯҳҳои Чатқал ва Қурама аз тарафи шимолу ғарб ва силсилакӯҳҳои Туркистону Олой аз тарафи ҷануб ҷойгир шудааст ва дар нақша эллипси дарозиаш 350 км, паҳноияш то 150 км ва аз нигоҳи геологӣ мутобиқ бо пастхамии Фарғонаро ба хотир меоварад. Водии аз тарафи шимолу шарқ бо силсилакӯҳи Фарғона иҳоташуда танҳо дар тарафи ғарб гузаргоҳе бо номи «Дарвозаи Хуҷанд» дорад, ки Сирдарё тавассути он ба дашти Мирзочӯл ҷорист. Дар ҳудуди Тоҷикистон қисми ғарбии водии Фарғона ҷой гирифтааст, ки дар шарқ нисбатан васеъ буда, ба тарафи ғарб тадриҷан танг мешавад.
Баландии ҳудуди тоҷикистонии ҳавзаи Фарғона аз 320 м дар ҷазираҳо ва дарёбодҳои Сирдарё то ба 800—1000 м дар доманакӯҳҳои иҳотакунандаи водӣ тағйир меёбад. Сирдарё водии Фарғонаро ба қисмҳои чапу рости соҳил ҷудо менамояд. Қисми рост дар ҳудуди Тоҷикистон аз соҳили дарё то доманаи силсилакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой доман паҳн карда, 320—500 м баландӣ дорад; қисми чап дар байни дарё ва доманаи силсилакӯҳи Туркистон ҷойгир шудааст, ки дар ҷануб тадриҷан то 1 000 м баланд мешавад. Дар қисми рости водӣ кӯли хушкшаванда (мавсимӣ)-и Оқсуқон ҷойгир аст.
Дар ғарби ҳавзаи Фарғона дашти Мирзочӯл доман паҳн карда, қисми бештари он дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст ва бо сатҳи баландии мутлақи худ (250—300 м) мавзеи аз ҳама пасти Тоҷикистон мебошад. Он аз ҷанубу шарқ ба самти шимолу ғарб тадриҷан паст мешавад. Тарафи ҷанубтари онро ҳамвории доманакӯҳии нишебдори проалювиалӣ бо ташкилаҳои регхоку сангреза ва гилхок пӯшонидашуда ишғол менамояд, ки тадриҷан ба пешгоҳи шохаи силсилакӯҳи Туркистон табдил меёбанд. Дар байни онҳо ҳавзаи ниммаҳдуди Шаҳристон бо релйефи сертеппаи иборат аз ташкилаҳои регсангу сангрезадори бо зардхок пӯшонидашуда ҷойгир шудааст.
Ҳисору Олой
вироишДар ҳудуди Тоҷикистон низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой, ки ба Тиёншони Ҷанубӣ мансуб буда, силсилакӯҳҳои Туркистон, Ҳисор, Қаротегин ва Олойро дар бар мегиранд, мавқеи марказиро ишғол менамоянд. Онро аз шимол водии Фарғона, аз ҷануб водии Ҳисор, водии дарёи Сурхоб ва Олой иҳота мекунанд. Дарозии умумии низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой аз шарқ ба ғарб қариб 900 км, баландии аксари қуллаҳо зиёда аз 5000 м мебошад.
Силсилакӯҳҳои асосии Ҳисору Олой — Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Олой — ба самтҳои ҳам арзӣ ва ҳам суб-арзӣ кашол меёбанд. Барои теғаҳои ин кӯҳҳо релйефи алпӣ хос мебошад. Қисми шарқии Ҳисору Олой дар Қирғизистон, қисми ғарбӣ дар Ӯзбекистон ва қисми миёнаи он дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳисору Олой дар ҳудуди Тоҷикистон аз виргатсияи азими силсилакӯҳҳое, ки дар шарқи силсилакӯҳи Олой (дар ҳудуди Тоҷикистон қисми ғарбии он ҷойгир аст) оғоз мешаванд, иборат буда, силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор аз он ҷудо ва дар навбати худ (дар ҳудуди Ӯзбекистон) ба силсилакӯҳ ва мавзеъҳои нисбатан паст тақсим мешаванд. Силсилакӯҳи Қаротегин аз силсилакӯҳи Ҳисор ҷудо мегардад. Низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой, ки аз водиҳо ба баландиҳо қад афрохтаанд, садди душворгузаре мебошад, ки ҳудуди ҷумҳуриро ба ду қисм — шимолӣ ва ҷанубӣ ҷудо кардааст.
Силсилакӯҳи Олой, ки дарозиаш тақрибан 200 км аст ва қисми шарқии Ҳисору Олойро ташкил медиҳад, асосан дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир буда, як қисми начандон бузурги ғарбии он дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Силсилакӯҳи Олой дар болооби Зарафшон, дар ағбаи Мастчоҳ ба ду силсилакӯҳ — Туркистон ва Зарафшон тақсим мешавад. Силсилакӯҳи Туркистон дар байни водиҳои Фарғона ва Зарафшон ба масофаи 200 км тӯл кашида, релйефаш санглохӣ хос аст. Нуқтаҳои алоҳидаи силсилакӯҳи Туркистон, ба монанди қуллаи Пирях 4 743 м, қуллаи Аҳромшакл 5 510 м баландӣ доранд. Он дар қисми шарқӣ ба баландии ниҳоӣ расида, дар тарафи ғарб тадриҷан паст мешавад ва бо силсилакӯҳи Нурато дар ҳудуди Ӯзбекистон ба охир мерасад. Нишебиҳои ҷанубии ин силсилакӯҳ нисбат ба шимолӣ фарозтар буда, бо рӯдҳои канории дарёҳои Зарафшону Мастчоҳ бурида шуда, дараҳои тангу борики дарозиашон 10-15 км-ро падид оварда, аз ғарами сангтӯдаю сангрезаҳо иборатанд. Дар силсилакӯҳи Туркистон беш аз 20 ағба мавҷуд буда, водии Зарафшонро ба водии Фарғона мепайванданд. Аз болои се ағба (Шаҳристон, 3 351 м; Вешаб ва Оббурдон) нақбу роҳи автомобилгард мегузарад.
Роҳҳои пайвасткунандаи водиҳои Зарафшон ва Фарғона тавассути ағбаҳои силсилакӯҳи Туркистон мегузаранд, ки бисёре аз онҳо дар баландии беш аз 4 000 м ҷойгир буда, душворгузаранд. Дар байни онҳо ағбаи Шаҳристон (3 351 м) аҳаммияти калон дорад ва дар замони истиқлолият дар ин ҷо нақби «Шаҳристон» бунёд гардид. Ба истифода дода шудани ин нақб мушкили мусофиронро осон карда, яке аз қадамҳои устувори Ҳукумати кишвар дар самти баромадан аз бунбасти мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) буд.
Силсилакӯҳи Зарафшон
вироишСилсилакӯҳи Зарафшон тақрибан ҳамсон бо силсилакӯҳи Туркистон тӯл мекашад. Аз байни онҳо дарёи Зарафшон ҷорист. Дарё асосан аз водии тангу амиқ ҷорӣ гардида, тезоб ва пурталотум мешавад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қадимии дарё боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула), ки онҳоро об шуста амиқ кардааст.
Дар кӯҳҳои Зарафшон аҳёнан фурӯ уфтоданҳои бавуҷудоварандаи кӯлҳои муваққатӣ вомехӯранд. Поинтар, аз резишгоҳи дарёи Киштӯд (қисми шарқии деҳаи Шӯрча) водии Зарафшон ба самти ғарб вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯсар, Сӯҷина ва шаҳри Панҷакент дарёбод ва суфаҳои васеи барои кишт мувофиқ пайдо шудаанд. Дар дарёбоди назди деҳаи Сӯҷина ва атрофи шаҳри Панҷакент шолӣ мекоранд. Дарёи Зарафшон комилан дар ҳудуди Тоҷикистон шакл мегирад. Баъди ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудан он дар байни дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа ва шаҳри Навоӣ, дар хамии васеи байникӯҳӣ ҷорӣ мешавад ва маҷрои он оҳиста-оҳиста васеъ гардида, ҷо-ҷо дарёбоди хурду бузург ҳосил мекунад. Дар баландиҳои дарёи Зарафшон (дар болообаш) зиёда аз 350 пирях (масоҳати умумиашон 269 км²) мавҷуд аст, аз ҷумла дар пайвандгоҳи силсилакӯҳҳои Туркистону Зарафшон пиряхи Зарафшон воқеъ гардидааст, ки яке аз пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Теғаи силсилакӯҳи Зарафшон шакли харсангиро дорад. Дар тафовут аз силсилакӯҳи Туркистон, ки аз аввал то охир аз марзаҳои бефосилаи кӯҳӣ иборат аст, силсилакӯҳи Зарафшонро шохобҳои чапи дарёи Зарафшон — Фон, Киштӯд ва Моғиён ба таври тарвоза убур ва онро ба қисмҳо ҷудо кардаанд. Қисми силсилакӯҳҳои байни дарёҳои Фон ва Киштӯдро кӯҳҳои Фон меноманд. Ин кӯҳҳоро водию дараҳои амиқ ба якчанд силсилаи кӯҳҳои хурд тақсим кардаанд. Нуқтаи аз ҳама баланди силсилакӯҳи Зарафшон — қуллаи Чимтарға (5495 м) дар ҳамин ҷо воқеъ аст. Дар нишебиҳои ғарбии он якчанд кӯл ҳаст, ки калонтаринашон Кӯли Калон ном дорад.
Қисми шарқии силсилакӯҳи Зарафшон (то дарёи Фон) бо номи силсилакӯҳи Мастчоҳ машҳур аст. Дар ҷануб кӯҳҳои Фонро водиҳои баландкӯҳи Қарокӯл ва Искандар бо силсилакӯҳи Ҳисор пайваст мекунанд. Қисми севвуми силсилакӯҳи Зарафшон (баландиаш то 4 000 м) байни дарёҳои Киштӯду Моғиён воқеъ буда, водию дараҳои амиқ дорад. Дар дараи Шинг гурӯҳи кӯлҳои Марғзор (ҳамагӣ 7 кӯл) воқеъ гаштаанд. Қисми силсилакӯҳи Зарафшон — аз дарёи Моғиён то ағбаи Тахтақарача — кӯҳи Чақили Калон ном гирифтааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 2 500 м, нуқтаи аз ҳама баландаш 2 936 м. Нишебиҳои шимолии он росту кӯтоҳ, ҷанубиаш моилу дароз.
Силсилакӯҳи Зарафшон дар болооби Яғноб, дар нуқтаи Барзангӣ, ки обтақсимкунаки байни ҳавзаҳои Ому ва Зарафшонро ба вуҷуд меоварад, аз силсилакӯҳи Ҳисор ҷудо мешавад. Баландии он дар қисмҳои шарқӣ ва миёна (қуллаи Қазноқ — 4 688 м) аст; силсилакӯҳ дар ҷанубу ғарб тадриҷан паст шуда, дар ҳудуди Ӯзбекистон ба силсилакӯҳҳои начандон баланд табдил меёбад. Дарозии умумии силсилакӯҳи Ҳисор дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 250 км мебошад; теғаи танг ва қуллаҳои тез дорад. Дар нишебиҳои силсилакӯҳи Ҳисор пиряхҳои дарозиашон аз 0,5 то 2-3 км мавҷуданд, ки бештар дар қисми ғарбии он ҷойгиранд. Сарчашмаи бисёр дарёҳо аз ҳамин ҷо оғоз меёбад, шохобҳои дарёи Кофарниҳон аз ҳамин ҷо ибтидо мегиранд. Нишебиҳои силсилакӯҳ ба таври нобаробар рушд кардаанд. Нишебиҳои қисми шимолӣ росту кӯтоҳ буда, рӯ ба дараи дарёи Яғноб доранд; нишебиҳои ҷанубӣ дароз ва аз ҳам ҷудо мебошанд. Аз ин ҷо дар самтҳои арзӣ ва меридианӣ шохакӯҳҳои баландиашон зиёда аз 4 000 м (Санги Навишта, Осмонтала ва ғ.) ва водиҳои тӯлӣ (мас., водиҳои Зидеҳ ва Майхӯра) доман паҳн кардаанд. Тавассути силсилакӯҳи Ҳисор бисёр ағбаҳои иртиботӣ мегузаранд. Дар байни онҳо ағбаи Анзоб (3 372 км) аҳаммияти калон дорад ва аз он нақби «Истиқлол» мегузарад.
Пастхамии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ
вироишДар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ, дар самти ҷанубии Ҳисору Олой ва ғарби Помир ноҳияи пастшудае бо силсилакӯҳҳои начандон баланд ва ҳавзаҳои васеъ мавҷуд аст. Ҷойгирии силсилакӯҳҳои Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ хусусиятҳои худро доранд: онҳо ба ҳам наздик шуда, тоб хӯрда, дар шимолу шарқ ба баландии ниҳоӣ расида, дар самти ҷанубу ғарб монанди бодбезак аз ҳам ҷудо шуда, тадриҷан паст мешаванд ва ниҳоят дар соҳилҳои чапи дарёҳои Панҷу Ому нопадид мегарданд. Ин силсилакӯҳҳо ва силсилатеппаҳо мутаносибан баландии миёнаи 300-1 700 м (ҳангоми нишондиҳандаҳои мутлақ 500-2 300 м) дошта, дар шимолу шарқ ба 2 500-4 000 м мерасад. Аз силсилакӯҳҳои хурд — Вахш, Ҷилонтоғ, Сурхкӯ, Сарсарак, Тераклитоғ, Қаратоғ, Рангон, Оқтоғ, Боботоғ ва ғ. маълуманд. Дар байни силсилакӯҳҳо водию ҳамвориҳои Ҳисор, Вахш, Кофарниҳони Поинӣ, Фархор, Кӯлоб, Ёвон, Данғара доман паҳн кардаанд. Онҳо дар баландиҳои аз 300—400 то 1 200 м ҷойгир шудаанд, ки сарфи назар аз хурд буданашон, маҳалли асосии маскунии аҳолӣ ва майдонҳои кишт мебошанд. Баландиҳо баъзан шакли пуштакӯҳро доранд. Ин қисми ҷанубу ғарбии пасткӯҳи ҷумҳурӣ, ки нисбат ба ҳудудҳои баландкӯҳи он мавқеи пастро ишғол менамояд, ба пастхамии Тоҷикистон мувофиқат мекунад.
Дар шимолу шарқи Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ тарқишҳо (роғҳо)-и тектоникӣ мавҷуданд, ки ба унвони сарҳадҳои пастхамӣ хидмат мекунанд. Дар ин ҷо ҳаракати кӯҳпайдошавӣ, ки дар давраи алп шурӯъ шудааст, то ба ҳол идома дорад. Ҳудуди минтақа тадриҷан баланд мешавад. Он ба минтақаи заминҷунбиҳои 7-8 балла ва канораҳои шимолию шарқии он ба минтақаи заминҷунбиҳои 9 балл мансуб дониста мешавад. Дар маҳалҳое, ки силсилакӯҳҳо ба ҳамдигар наздик мешаванд, дарёҳо дар дараҳо ва оббурдаҳои тангу амиқ ҷорианд. Бахусус водии дарёи Вахшро қайд кардан зарур аст. Дар яке аз онҳо (мавзеи Пули Сангин) НБО-и Норак бунёд гардидааст. Водиҳои Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ асосан аҳаммияти калони кишоварзӣ доранд.
Дар доманаи силсилакӯҳи Ҳисор водии Ҳисор ҷойгир шудааст, ки дарозиаш аз шарқ ба ғарб 110—115 км ва паҳноияш аз 1,5 то 24 км мебошад. Дар қисми марказӣ баландии мутлақи он 720 м-ро ташкил медиҳад. Водӣ дар канораҳо ба адирҳо табдил меёбад. Водии Ҳисорро аз рӯи диагонал дарёи Кофарниҳон ва дар ғарб дарёи Қаротоғ — маҷрои болоии Сурхондарё бурида мегузаранд. Дар қисми шарқӣ водӣ ба силсилакӯҳҳои Қаротегин ва Пётри Якум мепайвандад. Дар ғарб водӣ қариб дар назди сарҳадди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир мерасад. Дар ин минтақа бо водии васеи Сурхондарё ҳамсарҳад аст.
Дар ҷануб, дар поинобҳои дарёи Вахш водии Вахш ҷойгир шудааст, ки ба самти меридианӣ қариб 100 км дарозӣ дорад; паҳнои он аз 7 то 25 км мебошад. Тарҳи имрӯзаи релйефи водӣ вобаста ба кӯҳпайдоиши алпӣ дар давраи кайнозой сурат гирифтааст. Водиро аз се тараф силсилакӯҳҳои начандон баланди Туюнтоғ, Боботоғ, Оқтоғ, Рангон, Қаратоғ ва Тераклитоғ иҳота кардаанд ва аз самти ҷануб кушода мебошад. Ба таркиби водӣ дарёбоди тӯғайзор ва панҷ суфаи мушаххас дохил мешаванд. Баландии мутлақи он аз 300 то 450 м мебошад. Аз тарафи шимол ба он водиҳои то ба наздикӣ беоби Ёвон ва Обикиик пайвастанд, ки дар ҳоли ҳозир тавассути шабакаи нодири нақбҳои дар силсилакӯҳҳои Қаротоғ кандашуда аз дарёи Вахш обёрӣ карда мешаванд.
Водиҳои дигар — Кофарниҳони Поён, Бешкент, Фархору Чӯбак ва Панҷ дар дарёи Панҷ; Кӯлоб дар дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу аҳаммияти иқтисодӣ доранд. Аз ҷанубу шарқ ва дар қисми ғарбии ҳамвории Кӯлоб конҳои намаки Хоҷамуъмин ва Хоҷасартез ҷойгир шудаанд.
Дар маҷрои миёнаи дарёи камоби Тоҳирсу пуштакӯҳи Данғара ҷойгир аст. Дар ин ҷо аз нақбе ки дар силсилакӯҳи Гулизиндон канда шудааст, об аз обанбори Норак ҷорӣ мешавад.
Помир
вироишШарқи Тоҷикистонро кӯҳҳои Помир фаро гирифтаанд. Ин силсилакӯҳҳоро метавон ба Помири Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ҷудо кард. Марзи шартии байни онҳо аз хатте мегузарад, ки силсилакӯҳҳои Зулумартро бо садди Усой, Яшилкӯл ва резишгоҳи Вахондарё бо дарёи Панҷ мепайвандад. Ҳастаи манзумаи кӯҳсори Помир кӯтоҳ — 108 км, ба таври нисфуннаҳорӣ (меридиан) кашидашудаи силсилакӯҳи Академияи Фанҳо мебошад. Ин на танҳо баландии Тоҷикистон, балки баландтарин нуқтаи тамоми ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) аст. Баландии миёнаи хатти теғаи силсилакӯҳ 5757 м буда, ағба (кӯтал)-и пасттарин — Кашолаях мутаносибан бо баландтарин қуллаи Алп-Монблан баробар аст. Баландтарин қуллаи силсилакӯҳи Академияи Фанҳо «Исмоили Сомонӣ» (собиқ «Коммунизм») аст, ки иртифои он 7 495 м буда, дар рӯйхатти баландтарин қуллаҳои ҷаҳон мақоми 50-умро ишғол мекунад. Қуллаи Исмоили Сомониро бори нахуст сентябри 1933 кӯҳнаварди шӯравӣ — узви Экспедитсияи омӯзишии АИ ИҶШС Евгений Абалаков фатҳ ва дар қуллаи кӯҳ пойгоҳи радиои обуҳавосанҷии худкор насб кард. Аз нишебиҳои қулла чандин пирях сарозер ва бо пиряхи Гармо пайваст мешаванд. Дар қисми шимолии кӯҳ қуллаи Е. Корженевская (7 105 м) ҷой гирифтааст. Онро кашшофи қулла Н. Л. Корженевский ба хотири ҳамсараш номгузорӣ кардааст.
Дар баландии 6 000-6 100 м Пуштакӯҳи пиряхии Помир бо ғафсии то 150 м хобидааст. Силсилакӯҳи Академияи Фанҳо дар шимол аз соҳили чапи дарёи Муғсу ибтидо гирифта, қуллаи он Музҷилга 6 376 м баландӣ дорад. Аз тарафи ғарби силсилакӯҳи Академияи Фанҳо силсилакӯҳҳои Пётри Якум, Дарвоз, Ванҷ ва Язгулом қад афрохтаанд. Силсилакӯҳи Пётри Якум байни Сурхоб — Муғсу ва Обихингов ҷой гирифтааст. Баландтарин қуллаи ин силсилакӯҳ Арнавад (6 083 м) мебошад. Идомаи ин силсилакӯҳ Ҳазрати Шоҳ ном дорад. Силсилакӯҳи Ванҷ ба гунаи ғайримуқаррарӣ тангно ва нишеб буда, байни дарёҳои Ванҷ ва Язгулом ҷой гирифтааст. Силсилакӯҳи Язгулом дар ҷануби силсилакӯҳи Академияи Фанҳо, байни дарёҳои Язгулом ва Бартанг ҷойгузин аст. Нуқтаи баландтарини он қуллаи Истиқлол (собиқ Револютсия) 6 974 м мебошад. Силсилакӯҳҳои ғарби Бадахшон дараҳои амиқу танги кӯҳӣ ва қуллаҳои тези дандонадор дошта, доиман барфпӯшанд. Кӯҳдоманҳо дар баландии 1 700-1 800 м аз с. б. қарор гирифта, қуллаҳояшон бештар аз 6 000 м баландӣ доранд. Аз сарозерии нишебиҳои дараҳо тармаҳо ва сангчарха фаромада, баъзан боиси пайдоиши кӯлҳо мешаванд. Байни дарёҳои Бартанг ва Ғунд силсилакӯҳи Рӯшон ҷой гирифтааст, ки баландтарин қуллаи он — Патхор (6080 м) мебошад. Ҷанубтар силсилакӯҳи Шуғнон имтидод меёбад ва андаке ҷудо аз он силсилакӯҳи Шоҳдара бо иртифои қуллаҳои Карл Маркс (6 726 м) ва Энгелс (6 510 м) қомат афрохтаанд. Дар зовияи ҷанубу ғарбии Бадахшон силсилакӯҳи нисбатан кӯтоҳи Ишкошим ҷойгир аст, ки иртифои қуллаи он — Маяковский (6 098 м) мебошад. Тамоми силсилакӯҳи Помири Ғарбӣ пиряхҳои нав доранд.
Новобаста аз баландии мутлақ — то 5 000-5 500 м аз с. б., релйефи Помири Шарқӣ суфакӯҳ аст. Бештари ҳудуди ин минтақа ҳавзаҳои беобанд. Ин ҷо аз водиҳои фарохи ғайримуқаррарӣ дарёҳо ором (дар баландии 3700 то 5500 м аз с. б.) ҷорианд. Шаклҳои асосии релефи Помири Шарқӣ пиряхи қадимӣ буда, рӯи замини ин ҷоро аз обшусташавӣ — облесӣ эмин медоранд. Дар Помири Ғарбӣ қабатҳои пиряхӣ барвақттар об шуда, рӯи замини онро харобу валангор намуда, дарёбодҳои амиқе ба вуҷуд омадаанд. Аз ин сабаб, дар тафовут аз ғарби Бадахшон, дар қисми шарқии он облесию обхӯрдагиҳо кам ба назар мерасанд.
Бадахшонро аз тарафи шимол силсилакӯҳи Паси Олой (дарозиаш 92 км) муҳофизат мекунад. Девораи рост ва баланди он ба водии Олой мефурояд; нишебии ҷанубиаш ҳамвор ва кӯтоҳ мебошад. Силсилакӯҳ махсусан дар қисми миёна (то 6 000 м), дар ҷое ки қуллаи азими Ленин (ҳоло Абӯали Сино, 7 134 м) ҷойгир аст, хеле баланд мебошад. Тавассути ағбаи Қизиларт дар баландии 4 280 м баландтарин шоҳроҳи кӯҳӣ — шоҳроҳи автомобилгарди Помир мегузарад, ки шаҳри Ӯши Қирғизистонро бо маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ мепайвандад. Аз тарафи ҷануби силсилакӯҳи Паси Олой, силсилакӯҳи Зулумарт ҷудо мешавад. Силсилакӯҳи Музкӯл бо қуллаи Афсарони шӯравӣ (6 233 м) қариб аз миёнаи ҳудуди Помири Шарқӣ аз ғарб ба шарқ тӯл кашидааст. Роҳи Помири Шарқӣ шохакӯҳҳои силсилакӯҳи Музкӯлро дар ағбаи Оқбайтал, дар баландии 4 655 м аз с. б. бурида мегузарад. Дар ҷанубтари он силсилакӯҳҳои Аличури шимолӣ (бо қуллаи баландиаш 5 629 м) ва Аличури ҷанубӣ, дар интиҳои ҷанубу шарқ — силсилакӯҳи Вахон бо қуллаи Солсбери (5 979 м) тӯл кашидаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Табиат / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 46—51. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.