Open main menu

Лафизов Ҷанобиддин

Лафизов Ҷанобиддин - 17 январи соли 1932 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда аст. Соли 1973 вазири молияи ҶСС Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Лафизов Ҷанобиддин
Лафизов Ҷанобиддин
Сурат
Санаи таваллуд:

17 январи 1932

Зодгоҳ:

Исфара

Яке ӯро «Устод», дигаре «Муаллим» ва саввум «Ако» мегуфтанд. Агар умрашон вафо мекард, Ҷанобиддин Лафизов имрӯзҳо ба синни 80 медаромаданд. Ҷанобиддин Лафизов як умр бо мардум, шарикии доимии ғаму шодиашон буд. Дар ҳар ҳолат манфиатҳои халқу давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло мехисобид. Серталаби нисбати кадрҳо, ҳисси баланди масъулиятшиноси, ҳалолкориву поквиҷдони хоси ӯ буданд. Чи тавре мушовири давлатии Президенти кишвар Эркин Раҳматуллоев қайд мекунанд, шиори зиндагии Ҷанобиддин рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек буд.

ЗиндагиномаВироиш

Ҷанобиддин Лафизов соли 1932 дар оилаи коргар ба дунё омада, пас аз хатми мактаб соли 1947 ба техникуми молиявию карзи шахри Душанбе дохил мешавад. Аз хамин айём эътиборан ба сохаи басо зарурӣ-молия наздики, қаробате пайдо мекунад. Ва минбаъд таҳсилро дар донишгохи иқтисодии шахри Ленинград идома медиҳад. Пас аз хатми он тули 3 сол дар техникуми молиявию иқтисодии шахри Душанбе омӯзгори мекунад. Туфайли қобилияту истеъдоди фавқулодда у тавонист дар андак вақт муаллими калон, муовини декани риштаи иқтисодии ДДТ гардад. Байни солҳои 1957-1960 ғоибона дар аспирантура таҳсил ва рисолаи номзадиро бошарофона ҳимоя кард.

Соли 1962 ба Вазорати молияи кишвар роҳ бурд. Вазифаҳои котибии масъули коллегия, сардории шӯъбаи буҷетро бар ухда дошт. Мувофиқ ба тавсияи роҳбарону мутахассисон соли 1965 Ҷанобидинро ба Шурои Вазирони Ҷумхури даъват карда, иҷрои вазифаи муовини сардори шӯъбаи молияро ба зимааш гузоштанд. Минбаъд тули 8 сол сардори ҳамин шӯъба, баъдан мудири корҳои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон буд. Моҳи январи соли 1973 дар хайёти Ҷанобиддин саҳифаи наве, ки масъулияти ниҳоят ҷиддиро талаб мекард, кушода шуд. Ӯро Вазири молияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъин намуданд. Тӯли қариб 20 сол бо тамоми ҳастӣ баҳри ободии кишвар, беҳ сохтани ҳаёти мардум дар ин вазифаи пурмаҳсул ҷахду талошҳои зиёд карданд.

Маҳз дар ин солҳо бузургтарин иншоотҳои истеҳсолию маъмури, маориф, тандурусти, фарҳанг ва ғайри дар қаламрави Тоҷикистон бунёд гардиданд. Мустаҳкам шудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ба пешрафти соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурусти мусоидат кард. Мегӯянд, ки Ҷанобиддин Лафизов услуби ба худ хоси роҳбарӣ доштааст. Ин ҷо овардани гуфтаҳои шогирдашон собиқ Вазири Молияи Ҷумхурии Тоҷикистон Анваршоҳ Музаффаров хело бамаврид аст: - Услуби кори Ҷон Лафизов маро хеле писанд буд. Он кас зердастонашонро ба диққат гӯш мекарданд, таълим медоданд, ки бе саросемагӣ ба қонуну қарорҳо такя карда, корро пеш баранд. Ба тарибия ва ҷобаҷогузории кадрҳо низ бо диққат муносибат менамуданд.

- Ҷанобиддин Лафизов, - таъкид мекунад, дигар шогирдашон Сардори Сарраёсати Агентии давлатии мубориза бар зидди корупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон Шариф Муллоев, - аз тамоми кормандони Вазорат интизоми корӣ ва дониши баланди иктисодӣ – молиявиро талаб мекарданд. Эътиборашон ба ҷавонони кордону болаёқат зиёд буд. Аз ин рӯ ба зуди шӯъбаю идораҳои дастгоҳи Вазорат бо кадрҳои донишманди маҳаллӣ пурқувват карда мешуд. Минбаъд асное, ки он кас аз вазифаи вазири молия рафтанд, дар Ҷумхурӣ кашмакашҳои зиёди сиёсӣ руҳ дод. Лек шогирдон, дастпарварони устод корро тарк накарданд, аз мушкилотҳо наҳаросиданд. Охир онҳо таҷриба, ташаббус ва ҷиҳатҳои беҳтарини фаъолияти корри Ҷанобиддинро омӯхта, сармашки кори худ карор дода буданд.

Соли 1991 ба зиммаи Ҷанобиддин Лафизов иҷрои вазифаи дигар – Раиси назорати давлатии суғуртаи Ҷумҳуриро гузоштанд. То тавонист дар пешравии соҳа саҳм гирифт. Душвориҳои пешомадаро бартараф сохта, рафти фаъолиятро дар ин ҷабхаи муҳим ба низом овард. Фаъолияти гуногунҷабҳа, пурҷӯшу хурӯш ва доманадори парвардаи обу хоки Исфара Ҷанобиддин Лафизов баланд қадрдони шудааст. У солҳои дароз узви КМ ҲК Тоҷикистон буд, 4 даъват депутати Шӯрои Олии Ҷумхури интихоб гардида, дар қабули қарору қонунҳои ба пешрафти иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ мусоидаткунанда саҳми арзанда гузошт. Туфайли хизматҳои шоён ба гирифтани орденҳои «Байраки Сурхи Мехнат», «Нишони фахрӣ», даҳҳо медалҳою Ифтихорномаҳо шарафёб шуд. Қобили қайд аст, ки ҳамаи хизматҳои шоёни шодравон Ҷанобиддин Лафизовро ба инобат гирифта соли 2007 ба муносибати 75 солагии зодрӯзи устод Лафизов бо қарори Раиси шаҳри Исфара кӯчаи ба номи Карл Маркси шаҳр ба номи Ҷанобиддин Лафизов гузошта шуд.

Бо навиштаҳои бисёре аз ҳамкорону шогирдон, онҳое, ки бо Ҷанобиддин Лафизов аз вай дарси одамият омӯхтаанд, ошно гашта, дармеёбам, ки у дар ҳақиқат ба дилу дидаи ҳазорҳо нафар роҳ бурда будааст. Ҳамагон аз хоксорӣ, бомаърифатӣ, бофархангӣ, дасткушодиву дилёбӣ, бомулоҳизагиву дурандешӣ, ҳалолкорӣ, дилсӯзи халқу Ватан буданаш ҳарф мезананд. Таъкид мекунанд, ки вай дар душовартарин лаҳзаҳо худро идора карда метавонист, ба хама муносибати якхела дошт. Ягон нафар муроҷиаткарда аз наздаш ноумед намерафт. Ҳозиру ғоиб Ҷанобиддинро дар ҳақиқат ҷони одам мегуфтанд.

Имрӯз агар Ҷанобиддин Лафизов дар хаёт мебуд, ба синни мубораки 80 мерасид. Лек афсус, ки соли 2004 риштаи умраш канда шуд ва бисёр орзуҳои неку наҷибашро ҳамроҳи худ ба хок бурд.

Дил мехоҳад ёде аз гуфтаҳои худи Ҷанобиддин Лафизов кунем, ки дар тантанаҳо бахшида ба 70 солагиаш ба забон оварда буд: «Ман аз умри гузаштаи худ заррае пушаймон нестам. То тавонистам хизмати халқи азизро бо дасту дили пок ба ҷо овардам.» Имрӯзҳо ҳамаи 5 фарзандони устод соҳиби касбу кор буда давомдиҳандаи касби қиблагохи худ мебошанд ва дар симои онҳо кору амали устод идома дорад.

Оре, ҳар фарде, ки самимонаю софдилона ифои вазифа мекунад ва роҳёби дилҳои мардум аст, ба эҳтироми хурду бузург сазовор мегардад ва хотираи некаш як умр дар дилҳо боқӣ мемонад.

Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.