Леваканд

(Тағйири масир аз Левканд)

Леваканд (то январи 2018 Сарбанд, ва аз он пештар Калининобод) — яке аз шаҳрҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. Аҳолии Леваканд дар соли 2016 аз 16 100 нафар иборат буд[2]. Массоҳаташ 5 км². ташкил мекард.

Шаҳр
Левакант
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
ноҳия Левакант
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат 5 км²
Баландии марказ 672 м
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 18700[1] тан (2022)
Миллият тоҷикҳо
Эътиқодот мусулмонон
Номи қавмӣ левакантиҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3250
Нишонаи почта 735 147

Аҳолӣ вироиш

Сол 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
17,3 17,7 17,7 18,7

Таърих вироиш

Таърихи қадим вироиш

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, Левканд дар садаҳои I—IV м. яке аз шаҳрҳои бузурги подшоҳии Кушониён[3] ва то замони густариши ислом дар Тоҷикзамин яке аз ободтарин шаҳрҳои Вахш будааст. Дар поёни садаи VII — оғози садаи VIII ин шаҳрро мусулмонон гирифтанд ва аз он пас дар торихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи «Ловканд» (форсӣ: لاوکَند‎) ва «Левканд» (форсӣ: لیوکَند‎) ёд шудааст. Чунончӣ, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсии Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад, ки «аз Ловканд то Ҳаловард (форсӣ: هَلاوَرد‎) — як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст»[4]. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ — «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб», ки дар соли 982 м таълиф шудааст — оварда, ки «Левканд аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад»[5]. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х — Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945—1000 м.) дар китоби маъруфаш «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим» ин шаҳрро «Ловканд» (форсӣ: لاوکَند‎) навиштааст.

Бино бар манобеъи торихӣ, Левканд дар садаҳои X—XIII яке аз ду шаҳри калони Вахш буда, вале ҳангоми ҳамлаи муғул дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шуда аст. Дар паи қатли омми левкандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левкандро бостоншиноси шуравӣ Т. И. Зеймаль пайдо кард. Дар паи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд, ки Левканд ҳамон харобаҳои Қӯрғонтеппа буда, ки калонтарин харобаест, ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии Вахш бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст, ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст[6].

Таърихи нав вироиш

Ба сохтумони шаҳри Калининобод 21 марти соли 1955 сар карданд. Дар ин мавзеъ ягон ҷойи соябону хонаи одамон набуд бо ҳамин мақсад аввал ба сохтани Обанбори шаҳр машғул шуданд. Сохтмони Обанборро соли 1961 ба итмом расонданд. Дар баробари ин аз соли 1957-1958 ба сохтани махаллаҳо сар карданд. Аввалин хонаҳое, ки сохташуда буданд ин кучаи Калинин мебошад, ки он шакли "барак"ро ташкил намуда аз шаш хона ва ду хуҷра иборат буд.

Баъдан беморхона, кӯдакистон, мактаб, хонаи маданият, ҳукумат, хонаҳои ошиёнадор ва ғайраҳоро ба сохта шуданд. Соли 1958 шаҳри Калининобод номи худро соҳиб гаштааст. Кӯчаҳои шаҳрро дар он солҳо ба номи Калинин, Крупская ва диг ном мебурданд. Ва ҳоло ҳам номи кучаҳои шаҳр бо номи Калинин, Ленин, Рудакӣ, Сомонӣ, Фирдавсӣ, Навобод ва диг. Дар ибтидои солҳои 70-ум дар Калининобод аввалин корхонаи азими саноатӣ — заводи азотбарории Вахш (русӣ Вахшский азотно-туковый завод) сохта ба истифода супорида шуд. То шаҳри Калининлюод ва корхонаи номбурда дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта хати роҳи оҳани Қурғонтеппа — Тирмиз пайваст карда шуда буд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ завод аз фаъолият бозмонд ва гарчанде баъд аз ҷанг ба корхонаи муштарак бо сармояи хориҷӣ азнав барқарор шуда бошад ҳам фаъолияташ ба сабаби буҳрони иқтисодӣ қатъ карда шудааст. Аҳолии шаҳр, бо сабаби ба майдони мухолифати низомӣ табдил ёфтани кӯчаҳои шаҳр (1992-1996) манзилҳояшонро тарк намудаанд. Шаҳри Калинобод аз 2 феврали соли 1996 номи Сарбандро соҳиб шуд. Сарбанд ба номи саргаҳи об ниҳода шудааст, чунки шаҳр дар саргаҳи об аст.

Решашиносии ном вироиш

Ҷойномпажӯҳон «Левканд»-ро ҷойноме балхӣ донистаанд, ки аз ду бахш сохта шудааст: lēw + kand > *kanθā- ‘ободӣ, шаҳр’. Барои бахши нахусти ин ҷойном ду реша аз вожаҳои эронии бостон пешниҳод шудааст[7]:

  1. lēw > *daiu̯a- ‘Худо, эзид; дев’ (дар паи воҷгардии *d > l дар забони балхӣ);
  2. lēw > *raiu̯a- ‘доро, шукӯҳманд, яке аз сифоти эзиди Меҳр’ (дар паи воҷгардии *r > l чун дар гӯиши фарғонии забони суғдӣ);

Аз ин рӯ, эҳтимол доданд, ки *daiu̯a-kanθā- > lēwkand ба маънии «Эзидшаҳр» буда ва lēw дар он ишора ба эзиде дорад, ки дар он шаҳр парастишгоҳаш будааст. Аз дигар сӯ, яке аз эзидоне, ки ёдаш дар ҷойномҳо боз монда, Меҳр аст, ки бо сифат ё унвони *raiu̯a- ёд мешуд. Чунончи, дар «Авесто» ин вожа чун raēuua- оварда шуда: hvarəxš͎aētahe aməšahe raēuuaheХуршеди ҷовидону сарватмандро [меситоем]’. Ҷойномҳое, ки аз номи ин эзид сохта шудаанд, дар сарзамини Суғд бисёр будаанд. Аз он ҷумлаанд: Рев, Ревоҷ, Ревад, Ревдод, Ревдон, Ревартун, Ревакон, Ревгон. Аз ин рӯ, метавон пазируфт, ки *raiu̯a-kanθā- > lēwkand низ ба маънии «Эзидшаҳр» аст.

Ҳукумат вироиш

Сарвари шаҳри Леваканд Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Мувофиқи Конститутсия мақомоти маҳаллии намояндагӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро Раис роҳбарӣ мекунад. Вакилони Маҷлиси маҳаллӣ аз тарафи интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Маҷлисҳои вакилони халқ дар ҳадди салоҳияти худ фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд Маҷлиси вакилони халқ фаъолияти худро дар иҷлосияҳо, ба воситаи кори доимии комиссияҳои доимӣ ва дигар комиссияҳо, инчунин бо роҳи ваколати худро татбиқ намудани вакилон амалӣ

Аксҳо вироиш

Сарчашма вироиш

русӣ
  • Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. — с. 37 — 67.
  • Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. — 296 с.
форсӣ
  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м.
  • Истахрӣ, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). — Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м.

Эзоҳ вироиш

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 15 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  3. Ставиский Б. Я. Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. — 296 с. — саҳ. 69
  4. Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Форсӣ. Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). — Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. — саҳ. 217
  5. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. — саҳ. 119
  6. Зеймаль Т. И. Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. — с. 37 — 67. — саҳ. 50
  7. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики. Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. СПб. 2004.— Стр. 102