Мавлонбеков Аҳмадбек

Мавлонбеков Аҳмадбек (18971937)– дар Хуҷанд дар оилаи хаткашон таваллуд шудааст. Аз соли 1917 дар телеграфии Хуҷанд кор кард. Солҳои 1918-1923 мудири шуъбаи меҳнат ва таъминоти иҷтимоии комиҷроияи Хуҷанд, раиси кумитаи ҳизбӣ, раиси кумитаи фавқуллодаи вилояти Фарғона, раиси кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд буд. Дар анҷумани 1 муассисони ҲК (б) Ӯзбекистон (феврали соли 1925) раиси комиссияи марказии назорати ҳизбии ҲК (б) Ӯзбекистон интихоб гардид. Соли 1926 раиси комиссияи баруйихатгирии марказии назорати ҳизбии ҲК (б) Ӯзбекистон, сипас комисари халқии ИКД Ӯзбекистон интихоб гардид. Соли 1926 раиси комиссияи барйихатгирии аҳолии Ӯзбекистону Тоҷикистон. Солҳои 1927-1930 комиссари халқии адлия ва прокурори ҶШС Ӯзбекистон, солҳои 1931-1933 шунавандаи Институти профессураи сурхи Москва, соли 1933 ҷонишини якуми сектори сиёсии МТС ва совхозҳои пахтакории Осиёи Миёна, солҳои 1934-1937 мудири шуъбаи тарғибу ташвиқи КМ ҲК (б) Тоҷикистон. Вакили анҷуманҳои X ва XIV ҳизб. Дар анҷумани XIV узви комиссияи марказии назорати КМ ВКП (б) интихоб шуд. Борҳо узви КМ ҲК узви КИМ-и Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интихоб шуда бо ордени Байрақи Сурх мукофонида шудааст.