Адоии Шерозӣ

(Тағйири масир аз Мавлоно Адоӣ)

Адоӣ Мавлоно Баҳоуддин Алии Шерозӣ (? — 1521, Истанбул) — шоири форс-тоҷик.

Адоии Шерозӣ
Мавлоно Адоӣ
Номи пурра Мавлоно Адои Баҳоуддин Алии Шерозӣ
Зодгоҳ: Шероз
Таърихи даргузашт: 1521(1521)
Маҳалли даргузашт: Истанбул

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш — Шероз таҳсил кардааст. Ба чанде аз шаҳрҳои Форсу Ироқ ва Озарбойҷону Арабистон сафар карда, бо аҳли фазлу адаб, шоирону донишмандон вохӯрдааст. Ҳангоми дар Истанбул зиндагӣ кардан бо супориши Султон Салим (ҳукмронӣ 1512—1520) саргузашти ӯро бо номи «Салимнома» дар вазни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (баҳри мутақориб) навишт.

Ашъор вироиш

Адоӣ девони ашъор иборат аз қасидаҳову ғазалҳо ва дигар анвои шеър доштааст, вале он то ҳол дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Намунаҳои зиёде аз навиштаҳояш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Ғазалҳои ошиқонааш пурмазмун, забонашон содаву равон аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш