Мадрасаи Улуғбек (Самарқанд)

Мадрасаи Улуғбек — ёдгории меъмории асри XV дар шаҳри Самарқанд аст. Мадраса як чузъи маҷмааи меъмории майдони Регистони шаҳри Самарқанд мебошад. Мадраса солҳои 14171420 бо фармони султони маорифпарвари сулолаи Темуриён Мирзо Улуғбек сохта шудааст.

Парчами ЮНЕСКО Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 603
рус.ингл.фр.
Мадрасаи Улуғбек дар Самарқанд

Аз замони ҳукумронии Амир Темур майдони Регистон ба бозори асосӣ ва маркази ҷамъиятии Самарқанд табдил меёбад. Дар давраи ҳукумронии набераи маорифпарвари Амир Темур Мирзо Улуғбек намуди Регистон тағйир меёбад. Улуғбек бо мақсади рушди илму маърифат ба сохтумони донишгоҳи исломӣ мадраса шурӯъ мекунад. Ҳаҷми умумии мадраса 81x56 метр аст. Се дарвоза дорад, дарвозаи асосӣ ба майдони Регистон мебарояд. Даромадгоҳи асосии мадраса дорои пештоқи муҳташам аст. Девори асосӣ ду паҳлӯи пештоқ) бо ду қатор токҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Дар гирдогирди хавлии мураббаи мадраса (30x30) қатори ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор, дарсхонаҳои калони гунбазпуш (дар чор кунҷи ҳавлӣ) чор айвон ва масҷиди зимистона ҳастанд.

Мадрасаи Улуғбек намунаи олии санъати ороишии меъморист. Изораҳои мармарй, ҳотамкориву кошикории девору манораҳо, гаҷкориҳои олии ин ёдгорӣ аз завқи баланди созандагонаш шаҳодат медиҳанд. Нақшҳои ҳар як иморат аз ҳамдигар фарқ карда, ҳар кадом дорои ҳусни хосаест. Катибаҳои Мадрасаи Улуғбек низ хеле назаррабо буда, бо як маҳорати том (ба форсии тоҷикӣ) сабт гардидаанд.

Мадрасаи Улуғбек таҷассуми комёбиҳои қариб якуним ҳазорсолаи санъати меъмории Осиёи Миёна аст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат қарор дорад. Соли 2001 Мадрасаи Улуғбек ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш