Мадҳурӣ Дикшит

ҳунарпешаи ҳинд
(Тағйири масир аз Мадҳурӣ Диксит)

Мадҳурӣ Дикшит (англ. Madhuri Dixit Nene,15 май 1967) - инчунин ӯро баъди ба шавҳар баромадан Мадҳурӣ Дикшит Нене мешиносанд[2], ҳунарпеша ва продюсери синамои ҳинд мебошад. Ӯ яке аз машҳуртарин ва баландпардохттарин ҳунарпешаи Болливуд ба шумор рафта,[3][4], дар соли 2001 ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Мадҳурӣ бо ҳунари актёрӣ ва рақсаш дар ҷаҳон шинохта шудааст. Рассом М. Ф. Ҳусейн ӯро олиҳаи худ номид. Ғолиби шумораи зиёди ҷоизаи Filmfare дар номзадии "Ҳунарпешаи беҳтарин" мебошад, ки ӯ чор маротиба ғолиб омадааст. Соли 2008 ӯ бо ҷоизаи Падма Шрӣ чаҳорум ҷоизаи олии шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон барои саҳмгузорӣ дар синамо қадрдонӣ шудааст.

Мадҳурӣ Дикшит
Madhuri Dixit
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Madhuri Dixit
Таърихи таваллуд 15 май 1967(1967-05-15)
Зодгоҳ Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ  Ҳиндустон
Пеша бозигари синамо
Ҳамсар Shriram Madhav Nene[d][1]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ madhuridixit-nene.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Мадҳурӣ Дикшит 15 майи соли 1967 дар Бомбай дар оилаи ҳиндуҳои кастаҳои баланддараҷа, ки бо забони маратҳӣ гап мезананд, таваллуд шудааст[5]. Номи модари ӯ Снеҳлата ва падараш Шанкар мебошад, илова бар ин Мадҳурӣ соҳиби ду хоҳар Рупа ва Бҳаратӣ ва як бародар Аҷит мебошад[6][7][8][9].

Дар кӯдакӣ, Мадҳурӣ орзуи ҳунарпеша ё раққосиро надошт[10][11]. Ӯ мактаб мерафт ва пас аз хатми таҳсил ба Коллеҷи Парле дар соҳаи микробиология дохил шудааст[12]. Ва танҳо баъд аз гирифтани дараҷаи бакалавр, Мадҳурӣ ниҳоят фикри ҳунарпеша шуданро кардааст[13].

Фаъолият вироиш

 

Соли 1986, ӯро студияи Rajshri Productions барои нақшофарӣ дар филми Abodh даъват намуданд ва ӯ дар нақшҳои хурд иштирок намудааст, ин ҳам дар саҳнаҳои рақсӣ. Мадҳурӣ дар ин нақшҳо ноаён буд.

Яке аз чунин нақшҳоро ба ӯ коргардон Субҳаш Гҳаӣ дар филми Karma (1986) додааст. Ғайр аз он, ӯ таблиғоти Мадҳуриро дар як қатор маҷаллаҳо ҷой дод ва гуфт, ки Бонӣ Капур, Яш Чопра ва боз даҳҳо коргардонҳои дигар бо ӯ шартнома бастаанд, аммо чунин набуд. Мадҳурӣ дар филми дигари ин режиссёр Рам ва Лагҳан (1988) нақш бастааст ва ваъда медиҳад, ки аввалин филми муваффақи ӯ хоҳад шуд. Аммо ҳунарпеша тавонист каме пеш аз он дар филми " Tezaab" -и Н. Чандрас нақш баста ҳаводорони зиёдеро ба даст овард.

"Tezaab", ҳунари актрисаро якбора иваз кард. Ва акнун диққати коргардонҳои Болливудро воқеан истеъдоди Маҳима ҷалб кард. Солҳои 90-ум давраи муваффақтарин дар касби Мадҳурӣ буд. Соли 1990 филми “Дил” рӯи навор баромад ва ба ӯ ҷоизаи аввалини Filmfare барои беҳтарин актрисаро бурд намуд. Дуэт бо коргардон Индра Кумар дар филми "Писар" (1991) низ барояш бо муваффақият рӯи навор омад.

Соли 1996 муваффақияти Мадҳурӣ аз байн рафт. Филмҳои «Yaraana", "Rajkumar», «PremGranth», «Mahaanta:The film», — яке пас аз дигаре номуваффақ монданд, вале иҷрои ӯро хуб пазируфтанд. Пас аз шикастҳо ӯ бо Шоҳруххон дар филми « Муҳаббати безабон»-и коргардон Ракеш Рошан ҳунарнамоӣ намудааст, ки филм яке аз филмҳои бузургтарин дар таърихи синамои Ҳиндустон ворид гардид.

Соли 1997 якбора ду филм бароварда шуд, ки Мадҳуриро ба шуҳрати пешини худ ба пуррагӣ баргардонданд. Mrittyudand Пракаш Ҷа, эҳтимолан, хити олӣ нашуд, аммо ба таври возеҳ истеъдоди актрисаро нишон додааст. Сипас филми "Дили девона" -и Яш Чопра рӯи навор омад. Ин баландтарин филми даромаднок дар соли 1997 буд ва Мадҳурӣ боз ҷоизаи Filmfare гирифт. Ва дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунарпеша муҷассама тақдим карда шуд, ки онро Мадҳурӣ ба ҳама мунаққидонаш бахшидааст.

Филмое, ки солҳои 1998-1999 рӯи навор омадаанд - "Мавҷудият", "Асрори занон", "Даъват", "Муҳандис" - аз ҷониби мардум пазироӣ карда шуданд ва дар ниҳоят ӯро ҳамчун ситора Мадҳурӣ эътироф намуданд. Яке аз пешниҳодҳое, ки вай дар он вақт қабул карда буд, даъвати коргардон Санҷай Лила Бҳсалӣ барои нақши Чандрамукҳӣ дар филми Девдас буд. Филм дар озмуни ғайриконкусӣ дар Канн ба намоиш гузошта шудааст.

Дар соли 2007, аз тарафи продюсери Yash Raj Films, Адитя Чопра ба ҳунарпеша пешниҳоди нақш дар драмаи рақсии «Бигзор рақс кунем» карда шуд. Филм онқадар муваффақ нашуд, аммо ҳамаи мунаққидони синамо бо як овоз эълом карданд, ки пас аз танаффуси 5 сола, Дикшит маҳорат ва истеъдоди худро гум накардааст.

 

Соли 2010, Мадҳурӣ ба ҳайси узви ҳакамон дар мавсими чоруми намоиши рақсии Jhalak Dikhhla Jaa ба телевизион даъват карда шуд. Ва бо пайдоиши ҳунарпешаи афсонавӣ, вай муваффақиятҳои бебаҳо ва рейтингҳои баландтаринро дар телевизиони Ҳиндустон сарфи назар аз барномаҳои Шоҳруххон ва Амитабҳ Баччан ба даст овард. Мадҳурӣ 4 сол узви доимии доварон буд.

Дар моҳи феврали соли 2013, Мадҳурӣ бо ҳамроҳии шавҳараш Шрирам Нене студияи истеҳсолии худашонро кушоданд, RnM Moving Pictures, ки аввалин лоиҳаи онҳо барномаи рақсии "Dance with Madhuri" буд.

Соли 2014 Мадҳурӣ якбора дар ду филм рӯи навор баромад Gulaab Gang-и Соумик Сен ва Ҳафт зинаи муҳаббат (Dedh Ishqiya) -и Абҳишек Чаубей. "Gulaab gang"-и коргардон Соумик Сен даромади хуб ба даст наовард ва Ҳафт зинаи муҳаббат аз мунаққидони филм дар бораи ҳам Мадҳурӣ ва ҳам дар бораи филм ҷавобҳои таҳқиромез гирифт. Ҷасорати ҳунарпеша дар иҷрои нақш дар филми мавриди ҳомосексуалӣ асоснок карда шуд. Мунаққидони асоси хоҳиши Мадҳуриро барои сохтани филмҳои хуб ва нақшҳои далерона қадрдонӣ карданд, зеро вай барои бозгашт ба ҷаҳони синамо коргардонҳои ҷавон ва филмҳои каммасрафро интихоб кард.

Чор сол пас аз танаффус дар сабти филм, Мадҳурӣ аввалин бор дар филм бо забони модариаш маратҳӣ Bucket List ҳунарнамоӣ намуда, муваффақияти тиҷоратӣ ва таърифҳои мусбиро аз мунаққидон ба даст овард. Ин кӯшиши дуввуми ӯ дар синамои минтақавӣ мебошад, ки қабл аз он дар филми тамилӣ "Муҳандис" нақш офаридааст, ки 80%-и филм ба навор гирифта шудааст ва бинобар мушкилоти молиявӣ ба итмом нарасидааст. Дар 2019 ду филм бо иштироки ӯ Total Dhaamal ва Kalank, рӯи навор омадааст, ки дар Kalank Шридевиро бо сабаби марги ногаҳонияш иваз намудааст. Дар ин филм Варун Дҳаван ва Алия Бҳатт низ нақшҳои марказиро бозидаанд. Kalank баҳои манфӣ гирифт ва ноком шуд, дар ҳоле ки Total Dhaamal муваффақияти тиҷоратӣ ба даст овард.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Моҳи июни соли 1999, Мадҳурӣ бо Шрирам Нене, ҷарроҳи кардиологии ҳинду аз Маҳараштра, ки тамоми умри худро дар Иёлоти Муттаҳида гузарондааст шинос шудааст. Пас аз чанд моҳ, 17 октябр, пинҳонӣ аз хабарнигорон Мадҳурӣ ва Шрирам дар Лагуна Бич издивоҷ карданд. Ситораи калони синамои Ҳинд ба хонум Нене табдил ёфт ва дар шаҳри Денвери Амрико қарор гирифт.

Дар моҳи марти соли 2003, ҳунарпеша нахустин фарзандашро (Арин) таваллуд намуд. Мадҳурӣ ба матбуот гуфт, ки фарзандаш барои ӯ ҳоло чизи муҳимтарин дар зиндагияш буда ҳамчун зани хонашини одӣ зиндагӣ намуда истодааст. Дар моҳи марти соли 2005 ӯ писари дуюм - Райанро ба дунё овард.

Моҳи октябри соли 2011, ӯ ва оилааш аз нав ба Ҳиндустон кӯчиданд.

Филмнома вироиш

Сол Филм Нақш Бо забони тоҷикӣ Ҳамроҳон Шарҳҳо
1984 Abodh Гаурӣ Содаяк Тапас Пал
1985 Awara Baap Барҳа Раҷеш Ханна
1986 Swati Анандӣ Сватӣ Шашӣ Капур
1986 Maanav Hatya Акшай Ананд
1987 Mohre Мая Нана Патекар, Анупам Кҳер
1987 Hifazat Ҷанкӣ Дом Ашок Кумар, Нутан, Шактӣ Капур,Анил Капур
1987 Uttar Dakshin Чанда Шимол ва ҷануб Раҷникант, Ҷекӣ Шрофф
1988 Khatron Ke Khiladi Кавита Пардохти ҳатмӣ Дҳармендра, Санҷай Датт
1988 Dayavan Нила Велҳу Ғамхор Винод Ханна, Фероз Хон, Амриш Пурӣ
1988 Tezaab Моҳинӣ Шавқи сӯзон Анил Капур
1989 Vardi Ҷая Либоси ягона Дҳармендра, Саннӣ Деол, Ҷекӣ Шрофф
1989 Ram Lakhan Радҳа Рам ва Лакҳан Анил Капур, Ҷекӣ Шрофф, Димпл Кападия, Ракҳӣ Гулзор, Пареш Равал
1989 Prem Pratigyaa Лакшмӣ Савганди ишқ Митҳун Чакрабортӣ
1989 Ilaaka Видя Маҳалла Дҳармендра, Митҳун Чакрабортӣ
1989 Mujrim Сония Гуноҳкор Митҳун Чакрабортӣ, Нутан, Амриш Пурӣ
1989 Tridev Дивя Матҳур Сегона Насруддин Шоҳ, Саннӣ Деол, Ҷекӣ Шрофф
1989 Kanoon Apna Apna Бҳаратҳӣ Қасос барои қонун Дилип Кумар, Санҷай Кумар
1989 Parinda Паро Парандаҳо Анил Капур, Ҷекӣ Шрофф, Нана Патекар
1989 Paap Ka Ant Ҷиотӣ Говинда
1990 Maha-Sangram Ҷумру Муҳорибаи бузург Говинда , Винод Ханна
1990 Kishen Kanhaiya Анҷу Кишен ва Канҳайя Анил Капур
1990 Izzatdaar Моҳинӣ Гиромиқадр Дилип Кумар, Дҳармендра
1990 Dil Мадҳу Меҳра Қалб Амирхон
1990 Deewana Mujh Sa Nahin Анита Ба мисли ман ошиқ касе нест Амирхон
1990 Jeevan Ek Sangharsh Мадҳу Сен Мушаввашӣ Анил Капур, Ракҳӣ Гулзор
1990 Sailaab Сушма Малҳотра Гардиш Адитя Панчолӣ
1990 Jamai Raja Рекҳа Домоди дӯстдошта Ҳема Малинӣ, Анил Капур, Анупам Кҳер
1990 Thanedaar Чанда Маъмури полис Санҷай Датт, Ҷитендра, Ҷая Прада
1991 Pyar Ka Devta Девӣ Худои ишқ Митҳун Чакрабортӣ
1991 Khilaaf Света Чанкӣ Пандей
1991 100 Days Девӣ 100 рӯз Ҷекӣ Шрофф
1991 Pratikar Мадҳу Гунаҳкорӣ Анил Капур
1991 Saajan Пуҷа Салмонҳон, Санҷай Датт
1991 Prahaar Ширлӣ Нана Патекар, Димпл Кападия
1992 Beta Сарасватӣ Анил Капур
1992 Zindagi Ek Jua Ҷуҳӣ Анил Капур, Шактӣ Капур, Анупам Кҳер
1992 Prem Deewane Шивангӣ Меҳра Ҷекӣ Шрофф, Пуҷа Бҳатт, Вивек Мишран
1992 Khel Сима/Ҷадӣ Бутӣ Бозӣ Анил Капур, Мала Синҳа, Виҷаендра Гҳатге
1992 Sangeet Нирмала & Сангита Сангита Ҷекӣ Шрофф
1993 Dharavi Дҳаравӣ Шабана Азмӣ, Ом Пурӣ, Анил Капур
1993 Sahibaan Саҳибан Саҳибан Санҷай Датт, Ришӣ Капур
1993 Khal Nayak Ганга (Ганготрӣ Девӣ) Бадхоҳ Санҷай Датт, Ҷекӣ Шрофф
1993 Phool Гуддӣ Гул Сунил Датт, Раҷендра Кумар
1993 Dil Tera Aashiq Сония Ханна/Савитрӣ Девӣ Дили ошиқ Салмонҳон
1993 Aasoo Bane Angaarey Уша Бинду, Прем Чопра, Ҷитендра
1994 Anjaam Шиванӣ Чопра Натиҷа Шоҳруххон
1994 Hum Aapke Hain Koun..! Ниша Чаудҳарӣ Ман барои ту кистам Салмонҳон
1995 Raja Мадҳу Гаревал Раҷа Санҷай Капур, Пареш Равал
1995 Yaraana Лалита/Шикҳа Ришӣ Капур, Раҷ Баббар
1995 Paappi Devataa Решма Гунаҳкори муқаддас Ҷитендра, Дҳармендра, Ҷая Прада, Амриш Пурӣ
1995 Zameen Замин Ба намоиш гузошта нашудааст
1996 Prem Granth Каҷрӣ Китоби ишқ Шаммӣ Капур, Ришӣ Капур, Анупам Кҳер, Ом Пурӣ
1996 Raj Kumar Раҷкумарӣ Вишака Раҷ Кумар Анил Капур
1997 Koyla Гаурӣ Муҳаббати безабон Шоҳруххон, Амриш Пурӣ
1997 Mahaanta Бузургӣ Санҷай Датт
1997 Mrityudand Кеткӣ Шабана Азмӣ, Аюб Хон, Ом Пурӣ
1997 Mohabbat Швета Шарма Муҳаббат Акшай Ханна, Санҷай Капур
1997 Dil To Pagal Hai Пуҷа Дили девона Шоҳруххон, Каришма Капур
1998 Bade Miyan Chhote Miyan Амитабҳ Баччан, Говинда, Равина Тандон
1998 Wajood Апурва Чаудҳарӣ Мавҷудият Нана Патекар
1999 Aarzoo Пуҷа Хоҳиш Акшай Кумар, Сайф Алихон, Пареш Равал, Амриш Пурӣ
2000 Pukar Анҷалӣ Анил Капур
2000 Gaja Gamini Гаҷа Гаминӣ/Сангита/Шакунтала/Моника/Мона Лиза Асрори занон Шоҳруххон, Насруддин Шоҳ, Шабана Азмӣ, Фарида Ҷалол
2001 Yeh Raaste Hain Pyaar Ke Неҳа Аҷай Девган, Притӣ Зинта
2001 Lajja Ҷанкӣ Гурезадухтар Маниша Коирала, Анил Капур, Ҷекӣ Шрофф, Самир Сонӣ
2002 Ягона Радҳа Шоҳруххон, Салмонҳон
2002 Devdas Чандрамукҳӣ Девдас Шоҳруххон, Айшвария Рай, Ҷекӣ Шрофф
2007 Aaja Nachle Дия Конкона Сен Шарма, Акшай Ханна, Кунал Капур, Ирфон Хон, Ранвир Шорӣ
2013 Bombay Talkies Иштироки махсус дар суруд
2013 Yeh Jawaani Hai Deewani Моҳинӣ Иштироки махсус дар суруди "Ghagra"
2014 Dedh Ishqiya Шоҳӣ Бегум Ҳафт зинаи муҳаббат Насруддин Шоҳ, Аршад Варсӣ, Ҳума Қурейшӣ
2014 Gulaab Gang Раҷҷо Ҷуҳӣ Чавла, Маҳӣ Гил, Таништҳа Чаттерҷӣ
2018 Bucket List Мадҳура Сумедҳ Мудгалкар [14]
2018 Mowgli: Legend of the Jungle Ниша (овоз) [15]
2019 Total Dhamaal Бинду Пател Аҷай Девган, Аршад Варсӣ, Анил Капур, Ҷоннӣ Левер, Ритеш Дешмукҳ, Боман Иранӣ [16]
2019 15 August 15-уми август [17]
2019 Kalank Баҳор Бегум Сонақшӣ Синҳа, Варун Дҳаван, Санҷай Датт, Алия Бҳатт, Адитя Рой Капур [18]

Ҷоизаҳо вироиш

Filmfare Awards
Star Screen Awards
  • 1994: Star Screen Award барои беҳтарин нақши занона — «Ман барои ту кистам?'»
  • 1995: Star Screen Award барои беҳтарин нақши занона — «Раҷа»
  • 1997: Star Screen Award барои беҳтарин нақши занона — Mrityudand
  • 2002: Star Screen Award барои беҳтарин нақши занона — «Девдас»
Zee Cine Awards
  • 1998: Zee Cine Award барои беҳтарин нақши занона — «Дили девона»
  • 2002: Zee Cine Award барои беҳтарин нақши занонаи дуввумдараҷа — «Гурезадухтар»

Нигаред низ вироиш

Феҳристи ҳунарпешаҳои (актрисаҳо) Ҳиндустон

Эзоҳ вироиш

  1. ABP News (хинди) — 1998.
  2. Traditional Way Or Modern Route, Here's What These B-Town Divas Did To Their Surname After Marriage. BollywoodShaadis.
  3. Mishra, Nivedita. Happy Birthday Madhuri Dixit: The unrelenting charm of the dhak dhak girl, Hindustan Times (15 May 2018). Проверено 15 май 2018.
  4. Madhuri turns 45 today. India TV. 15 май 2012 санҷида шуд.
  5. Handoo, Ritika Let's get to know Madhuri Dixit better!. Zee News (15 May 2015). 24 апрели 2016 санҷида шуд.
  6. "PHOTOS: Happy Birthday Madhuri Dixit: 'Dhak Dhak' girl turns 47". The Indian Express.
  7. "Madhuri Dixit, the queen of dance and expressions turns 47 today". India Today.
  8. Shah Rukh is not a good dancer but has charisma: Madhuri - Times of India. The Times of India.
  9. Madhuri Dixit celebrates 46th birthday today (15 May 2013). Проверено 10 феврали 2014.
  10. Rajan, Anjana. Dance me no nonsense, The Hindu (4 March 2010). Проверено 6 Январ 2011.
  11. Bhattacharya, Pallab. Madhuri's Ardent Admiration for Kathak, The Daily Star (26 February 2011). Проверено 4 октябри 2011.
  12. Ganti, Tejaswini (2004). Bollywood: A Guidebook to Popular Hindi Cinema. Routledge. p. 134. ISBN 0-415-28854-1. 
  13. AIB Podcast with Madhiri Dixit Nene (26 May 2018). AIB podcasts. AIB. 31 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 ноябри 2019.
  14. Madhuri Dixit-Nene gears up for her Marathi film debut 'Bucket List', movie scheduled for summer release. The Economic Times (26 March 2018). 10 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 апрели 2018.
  15. [1]
  16. Dhak Dhak Again! Anil Kapoor and Madhuri Dixit reignite 90s charm during ‘Total Dhamaal’ shoot, The Free Press Journal (21 April 2018). Проверено 18 май 2018.
  17. Madhuri Dixit-produced Netflix Marathi film '15th August' set for March 29 release, Business Standard (18 March 2019). Проверено 19 марти 2019.
  18. It's a wrap! Alia Bhatt announces last day of Kalank shoot with director Abhishek Varman and Aditya Roy Kapur | Bollywood News. Times Now. 14 феврали 2019 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш