Маймана (дарии میمنه ) — шаҳр дар шимолу ғарби Афғонистон, маркази маъмурии вилояти Форёб. Фосила аз Маймана то Кобул тақр. 400 км. Дар водии Пушта, дар баландии қариб 900 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Аҳолияш 194,4 ҳазор нафар (2020), яке аз шаҳрҳои сернуфуси кишвар.

Город
Меймене
пашту: ‎ва дарӣ: ميمنه
35°55′15″ с. ш. 64°47′01″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 877 м
Минтақаи замонӣ UTC+04:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Меймене дар харитаи
Меймене
Меймене
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Дар ҳудуди шаҳр боқимондаи ёдгориҳои ибтидои асри оҳан – Ғори Белчароғ воқеъ аст. Тибқи ривоятҳо, Маймана солҳои 459–484 аз тарафи Фирӯз писари Яздигурди II-и Сосонӣ бунёд шудааст. Бино бар маълумоти «Футуҳу-л-булдон», Маймана дар асрҳои 7–8 маркази маъмурии ҳокимони Гузгонон – охирин намояндагони сулолаи Кушониёни кӯчак буд ва баъд аз онҳо таҳти ҳокимияти сулолаи маҳаллии Оли Фариғун қарор дошт.

Дар асрҳои 10–12 дар ҳайати давлатҳои Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён дохил мешуд.

Дар ибтидои асрҳои миёна Маймана бо номи Яҳудия, Яҳудон ва Ҷуҳузон, дар маъхазҳои таърихӣ гоҳе ҳамчун маркази Ҷузҷонон ва ё Майманд ёдоварӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти «Ҳудуду-л-олам», Ҷуҳузон шаҳри шукуфону зебо буда, дар доманаи кӯҳ мавқеъ дошт. Ёқути Ҳамавӣ онро Яҳудони Бузург ном бурдааст. Яҳудиён ҳанӯз дар аҳди подшоҳи Бобил Бахтуннаср ба ин минтақа бадарға шуда буданд. Пайдоиши номи Маймана ба давраи аввали густариши ислом рост меояд, ки маънои шаҳри «хуҷаста»-ро дорад, ҳамчунин, маънои онро чун «некбахтӣ» ва «савоб» маънидод кардаанд. Аз асри 11 дар манобеи таърихӣ, мас., дар осори А. Берунӣ, Яҳудия бо номи Маймана зикр мешавад. 

Дар натиҷаи истилои муғул Маймана хароб ва шумораи аҳолии он ниҳоят кам гардид, ҳаёти кишоварзӣ ва тиҷоратӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Бар асари тохтутози қабоили ӯзбек таҳти сарварии Шайбонихон Маймана ба саҳнаи рақобату задухӯрди Шайбониҳо бо лашкари Сафавиён табдил ёфт.

Бо қудрат гирифтани ҳокимияти хонҳои Аштархонӣ ва амирони Манғит Маймана ба маркази ҳукумати ҳокимони маҳаллӣ – хонҳои Майманагӣ табдил ёфт ва дар масири роҳи Ҳирот ба Балх ва дигар вилоятҳои соҳили чапи д. Ому тадриҷан ба шаҳри калони тиҷоратӣ мубаддал гашт. Пас аз тохтутозҳои тӯлонии хонҳои қабоили паштун (дар замони ҳукмронии амир Шералихон) Маймана комилан ба итоати шоҳони Кобул гузашт (1876). Тӯли ҷангҳои садсолаи истилогаронаи хонҳои афғон аҳолии Маймана қариб пурра нобуд гардида, қисми дигар ночор ба дигар минтақаҳо ҳиҷрат намуданд. Дар асри 19 Маймана-ро девори қавии мудофиавӣ иҳота кард, ки 5 дарвоза ва атрофи он хандақ дошт. Дар маркази шаҳр қалъаи мустаҳкам – Боло Ҳисор ҷойгир буд.

Дар ибтидои асри 20 девори атроф ва манораҳои мудофиавии Маймана мутобиқ ба тарҳҳои замонавӣ бозсозӣ гардида, солҳои 1934–49 аксари маҳаллаҳои шаҳр аз нав сохта шуданд. Дар ҷойи қалъаи асримиёнагии Боло Ҳисор боғи фароғатии шаҳр бунёд гардид. Соли 1979 бо кумаки молӣ ва техникии Ҳиндустон дар Маймана дастгоҳи истеҳсоли барқ бино шуд, ки қисми эҳтиёҷоти аҳолии Маймана-ро таъмин менамояд.  

Пас аз тақсим намудани вилояти Марказӣ Маймана маркази маъмурии вил. навтаъсиси Форёб гардид. Маҳаллаҳои асосии шаҳр: Чорсамовар, Кӯҳихона, Арабхона, Дарвозаи Ҳирот, Тагоб, Ҷумъабозор, Тарахчӣ ва ғ.

Маймана маркази бузурги тиҷорати шимоли Афғонистон буда, бештар бо маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ – пашм, пӯсти қарокӯлӣ, маҳсулоти чармӣ, гандум ва қолинбофӣ шуҳрат дорад.

Маймана зодгоҳи ашхоси маъруф – мутафаккири бузурги Шарқ Абунасри Форобӣ, шоир Заҳири Форёбӣ, наққош Ғуломмуҳаммади Майманагӣ, олими шинохта Абдулаҳад Қоризода, устоди Донишгоҳи Кобул Козим Аминӣ ва дигарон мебошад.  

Адабиёт

вироиш
  • Камалиддинов Ш. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. Ташкент,
  • تهران، چاپ چهارم، سال ۱۳۹۰ش.شناسنامه افغانستان .بصیر احمد دولت آبادی

Пайвандҳо

вироиш
  1. https://www.citypopulation.de/en/afghanistan/cities/