Бурҳон Ҳотамович Маҳмадқулов (27 майи 1945, Душанбе — 1 январи 2023, Душанбе[1])  — овозхони маъруфи операи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990), профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (2003)

Бурҳон Маҳмадқулов
Бурҳон Ҳотамович Маҳмадқулов
Таърихи таваллуд 27 май 1945(1945-05-27)
Зодгоҳ Душанбе
Таърихи даргузашт 1 январ 2023(2023-01-01) (77 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда
Навъи садо тенор
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени Шараф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1990)

Зиндагинома вироиш

Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1962 Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва дар соли 1967 Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковскийро хатм карда дар театри калони ИҶШС (19681969) аз В. И. Арсенов таҷриба андухтааст. Аз соли 1967 овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аст.

Эҷодиёт вироиш

Дар тӯли ин солҳо дар зиёда аз 40 операи композиторони классики русу Ғарб ва тоҷик нақш бозидааст, ки Гертсог, Алфред, Кассио («Риголетто», «Травиата», «Отелло»-и Ҷ. Верди), Рудолф («Богема»-и Пуччини), граф Алмавив («Сартароши Севилӣ»-и Ҷ. Россини), Назир («Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян), Ҳайдарбек («Қишлоқи тилоӣ»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов), Айнӣ («Айнӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов), Мадан («Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ), шоҳ Ковус («Рустам ва Суҳроб»-и Талабшо Сатторов), Мотсарт («Мотсарт ва Салиери»-и Н. Римский — Корсаков), Владимир («Княз Игор»-и А. Бородин) аз ҷумлаи онҳоянд. М. зиёда аз 90 суруду романсҳои композиторони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, ки аксарияти онҳо дар фонди Радиои тоҷик сабт шудаанд. Сурудҳои халқӣ: «Ғарибон», «Саламно», «Гулъузорам», «Дилбари ҷонон»; классикӣ: «Таронаи Баёт», «Ушшоқ» ва ғайра; композиторон: «Зи сӯзи сина» (шеъри Ҳилолӣ), «Дилдода шудам» (шеъри Лоҳутӣ), «Муҳаббат» (шеъри Мирзо Турсунзода)-и Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ҷавонӣ», «Гулноз»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов, «Зебо Душанбе»-и Хайрулло Абдуллоев, «Тоҷикистон»-и А. Одинаев, «Мӯи тилоранг»-и С. Ҳамроев ва ғ. мисол шуда метавонанд.

Паҳлуи дигари фаъолияти Маҳмадқулов тарбияи мутахассисони баландихтисоси овозхонии касбӣ мебошад. Ӯ дар як вақт омӯзгориро пеша намуда, Солҳои 1969—2003 дар кафедраи овозхонии академии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (аз соли 1990 дотсент, аз с 2003 профессор) ва аз соли 2003 профессори кафедраи овозхонии академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кору фаъолият дорад. Дар тӯли ин солҳо шогирдони зиёдеро (зиёда аз 50 наф.) тарбия намудааст, ки 2 наф. онҳо соҳиби унвони фахрӣ гардидаанд: Акбар Мирраҷабов — Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002), Содиқ Нуруллоев — Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2012). Шогирдони Б. Маҳмадқулов (Мирраҷабов А., Нуруллоев С., Фазлиев Ф.) дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Дар синфи Маҳмадқулов шогирдон аз хориҷи кишвар низ таҳсил кардаанд: Ризвонгули Барот (ш. Урумчӣ), Пен (Дзе) Чен (ш. Шанхай), Юсупова Г. (Исроил), Шаповалова О., Шарапова М. (Русия) ва ғ. М. дар якчанд фестивалҳои умумииттифоқӣ иштирок варзидааст. Маҳмадқулов дар чандин озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ узви ҳакамон буд. (Озмуни байналмилалии «Роман сиада, шаҳри Чимкенти Қазоқистон, 2011, 2012, 2013 ва ғ.»). Ба кишварҳои Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Сирия, Ироқ, Руминия, Олмон, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ш.-ҳои Русия сафари ҳунарӣ кардааст.[2] Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндаги ва маданияти баланд дошта дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои (образҳо) ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад.

Қаҳрамонҳо дар спектаклҳо вироиш

Ҷоизаҳо вироиш

  • Ҷоизаи озмуни байналмилалии навозандагон ва сарояндагони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1969) дар Алмаато,
  • Ордени «Нишони фахрӣ»,
  • Ордени «Шараф»,
  • Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.

Эзоҳ вироиш

  1. Даргузашти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов. asiaplustj.info. ASIA-Plus (3 Январ 2023). 3 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.225-226. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)