Маргарет Тэтчер

(Тағйири масир аз Маргарет Татчер)

Маргарет Тэтчер (англисӣ: Margaret Thatcher; 13 октябр 1925[1][2][3][…], Grantham[d][1][2][4][…]8 апрел 2013[1][2][3][…], The Ritz London[d], Лондони Бузург[5][6][1][…]) — сарвазири Подшоҳии Муттаҳида (1979—1990). Ӯ узви ҳизби муҳофизакор буд.

Маргарет Тэтчер
англ. Margaret Thatcher
Margaret Thatcher stock portrait (cropped).jpg
Coat of Arms of Margaret Thatcher, The Baroness Thatcher (1995–2013).svg
Таваллуд 13 октябр 1925(1925-10-13)[1][2][3][…]
Даргузашт 8 апрел 2013(2013-04-08)[1][2][3][…] (87 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд англ. Margaret Hilda Roberts[8][9]
Падар Alfred Roberts[d][3][1]
Модар Beatrice Ethel Stephenson[d][3][1]
Ҳамсар Denis Thatcher[d][1][3]
Фарзандон Mark Thatcher[d][3] ва Carol Thatcher[d][3]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият сиёсат ва кимиё
Эътиқод Methodism[d] ва Anglicanism[d]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ margaretthatcher.org(англ.)
Набардҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Солҳои 1975-1990 раҳбари Ҳизби муҳофизакор, аз соли 1992 баронесса. Аввалин зане, ки ин мақоми сарвазири Бритониёи Кабирро ишғол кардаст. Давраи сарвазирии Тэтчер тӯлонитарин дар асри 20 буд. Вай барои интиқодҳои шадиди раҳбарияти шӯравӣ лақаби "хонуми оҳанин"-ро гирифта, як қатор тадбирҳои муҳофизакоронаро амалӣ намуд, ки ҳамчун сиёсати "тетчеризм" истинод мешавад.

Ба ҳайси роҳбари ҳукумат вай ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро ба роҳ монд, то он ҳолатеро, ки ӯ таназзули кишвар мешуморид, бартараф созад. Фалсафаи сиёсӣ ва сиёсати иқтисодии вай ба танзим, махсусан дар низоми молия, таъмини бозори тағйирпазири меҳнат, хусусигардонии ширкатҳои давлатӣ ва кам кардани таъсири иттифоқҳои касаба асос ёфта буд. Маъруфияти баланди Тэтчер дар солҳои аввали фаъолияташ аз сабаби таназзул ва сатҳи баланди бекорӣ коҳиш ёфта, дар ҷараёни ҷанги Фолкленд дар соли 1982 ва рушди иқтисодии минбаъда, ки боиси дубора интихоб шудани ӯ дар соли 1983 шуд, афзоиш ёфт.

Тэтчер бори саввум соли 1987 ба мақоми сарвазир интихоб шуд, аммо андози сарикасии пешниҳодшуда ва ақидаи вай оиди нақши Бритониё дар Иттиҳодияи Аврупо ба аъзои ҳукумати ӯ писанд набуд. Пас аз он ки Майкл Ҳеселтин пешсафии вайро дар ҳизб мавриди баҳс қарор дод, Тэтчер маҷбур шуд, ки аз вазифаи раиси ҳизб ва сарвазир истеъфо диҳад.

Маргарет Робертс 13 октябри соли 1925 ба дунё омадааст. Падараш Алфред Робертс, аслан аз Нортгемптоншир, модараш Беатрис Робертс (насаби духтариаш Стивенсон) (1888-1960), аслан аз Линколншир  буда, касби дӯзандагӣ дошт. Маргарет дар мактаби ибтидоии Ҳантингтауэр Роуд таҳсил карда, сипас барои таҳсил дар Мактаби Кествен дохил шуд ва. Соли 1943 вай ба Оксфорд омад ва дар соли 1947, пас аз чор соли таҳсил дар риштаи кимиё, онро бо дипломи аъло хатм намуда, унвори бакалаври илмро ба даст овард.

Соли 1946 Маргарет Робертс раиси Ассотсиатсияи ҳизби консервативии Донишгоҳи Оксфорд таъин шуд.

Пас аз хатми донишгоҳ, Маргарет ба шаҳри Колчестери музофоти Эссекси Англия кӯчид ва дар он ҷо ба ҳайси таҳқиқотигари кимиё дар ширкати BX Plastics фаъолият кард. Ҳамзамон, вай ба иттиҳодияи маҳаллии Ҳизби муҳофизакор шомил шуд. Дар маросиме, ки пас аз тасдиқи расмии ӯ ба ҳайси номзади Ҳизби муҳофизакор дар Дартфорд моҳи феврали соли 1951 баргузор шуд, Маргарет бо ҳамсри ояндаи худ Денис Тэтчер шинос шуд. Дар интихоботи умумии феврали соли 1950 ва октябри соли 1951 Робертс дар интихоботи ҳавзаи интихоботии Дартфорд, ки дар онҷо одатан лейбористхо ғолиб меомаданд, иштирок кард. Ҳамчун номзади ҷавонтарин ва ягона зани дар он интихобот ширкатдошта, ӯ таваҷҷӯҳи васоити ахборро ба худ ҷалб намуд. Сарфи назар аз он ки дар ҳарду ҳолат ба Норман Доддс мағлуб шуд, Маргарет тавонист дастгирии лейбористҳоро дар байни интихобкунандагон аввал ба 6000 овоз ва сипас ба 1000 овози дигар коҳиш диҳад.

Моҳи декабри соли 1951 вай бо Денис Тэтчер издивоҷ кард. Денис инчунин ба занаш кӯмак кард, ки узви коллегияи адвокатҳо шавад ва ҳамин тавр, соли 1953 Маргарет Тетчер адвокат оид ба андозбандӣ шуд. Ҳамон сол, дар оила дугоникҳо - духтар Кэрол ва писари Марк ба дунё омаданд.

Моҳи апрели соли 1958 номзадии вай дар округи интихоботии Финчли пешбарӣ карда шуд. Дар интихоботи соли 1959, дар муборизаи шадиди интихоботӣ Тэтчер дар ниҳоят ғолиб омад ва узви Палатаи обшинаҳо интихоб шуда, то соли соли 1992 дар ин вазифа қарор дошт.

Моҳи октябри соли 1961 Тэтчер дар кабинети Ҳаролд Макмиллан ба вазифаи муовини парлумонии вазири нафақа ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ пешбарӣ карда шуд. Пас аз нокомии ҳизби муҳофизакор дар интихоботи парлумонии соли 1964, вай сухангӯи ҳизб оид ба манзил ва моликияти замин таъин шуд ва ҳуқуқи иҷорагирон оиди хариди манзили мунисипалиро ҳимоя мекард. Дар соли 1966 Тэтчер узви гурӯҳии соявии хазинадорӣ шуд ва ба сифати вакил ба танзими ҳатмии нарх ва даромад, ки аз тарафи лейбористхо пешниҳод шуда буд, мукобил баромад ва даъво кард, ки ин натиҷаи баръаксро ба бор меорад ва иқтисоди кишварро хароб мекунад.

Соли 1967 вайро Сафорати ИМА дар Лондон барои иштирок дар Барномаи байналмилалии меҳмонон интихоб кард, ки тавассути барномаи мубодилаи касбии шашҳафтаина барои Тэтчер имкони беназири боздид аз шаҳрҳои ИМА, мулоқот бо шахсиятҳои гуногуни сиёсӣ ва боздид аз созмонҳои байналмилалиро фароҳам овард. Пас аз як сол, Маргарет узви Кабинети соявии мухолифони расмӣ таъин шуд, ки масъалаҳои марбут ба бахши сӯзишвориро назорат мекард. Чанде пеш аз интихоботи умумии соли 1970, вай ба масъадаҳои нақлиёт ва сипас маориф машғул буд.

Дар интихоботи парламентии соли 1970 ҳизби муҳофизакор таҳти рохбарии Эдвард Хит ғолиб омад. Дар ҳукумати нав Тэтчер ба мақоми вазири маориф ва илм таъин карда шуд.

Дар натиҷаи паст рафтани сатҳи ҷонибдории ин ҳизб аз ҷониби аҳолӣ, Тэтчер ба мубориза барои мамақоми раиси ҳизби муҳофизакор ворид шуд.

Бо ваъдаи гузаронидани ислоҳоти ҳизбӣ, вай аз ҷониби ба истилоҳ Кумитаи соли 1922, ки аъзои муҳофизакори парлумонро муттаҳид менамуд, дастгирӣ ёфт. Соли 1975 дар интихоботи раиси ҳизб Тэтчер дар даври аввали овоздиҳӣ Хитро мағлуб кард ва вай маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад. Дар даври дуюм, вай Вилям Уайтлоуро, ки вориси эҳтимолии Ҳитба шумо мерафт, мағлуб сохта, 11 феврали соли 1975 расман раиси Ҳизби муҳофизакор шуд ва Уайтлоуро муовини худ таъин намуд.

Пас аз эъломи нобоварӣ ба ҳукумати Ҷеймс Каллагэн дар аввали соли 1979, дар Бритониёи Кабир интихоботи парлумонии ғайринавбатӣ эълон карда шуд.

Дар натиҷаи интихоботи 3 майи соли 1979 консерваторон бартарии назаррас ба даст оварда, 43,9 фоизи овозҳоро гирифтанд ва саоҳиби 339 курсӣ дар палатаи обшинаҳо гаштанд (лейбористҳо 36,9 фоизи овозҳо ва 269  курсиро соҳиб шуданд). Рӯзи 4 май Тэтчер аввалин зан - сарвазири Бритониёи Кабир интихоб шуд. Дар ин вазифа Тэтчер дар самти ислоҳоти иктисод вадар маҷмуъ ҷомеаи Бритониё саъю кушиши қатъӣ ба харҷ дод.

Дар интихоботи парлумонии соли 1983 муҳофизакорон таҳти роҳбарии Тэтчер ба дастгирии  42,43% интихобкунандагон сазовор гашт, дар ҳоле ки ҳизби лейборист танҳо 27,57% овозҳоро гирифт.

Дар интихоботи парлумонии соли 1987 муҳофизакорон бори дигар комёб шуданд ва 42,3% овозҳоро дар муқобили 30,83% овозҳои ҳизби лейбористӣ ба даст оварданд.

Моҳи декабри соли 1980 рейтинги пуштибонии Тэтчер то 23% паст рафт, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар таърихи сарвазирони Бритониёи Кабир буд. Пас аз бад шудани вазъи иқтисодӣ ва амиқ шудани таназзул дар аввали солҳои 80-ум, Тэтчер сарфи назар аз нигаронии иқтисоддонҳои пешбар меъёри андозҳоро баланд кард.

1 ноябри соли 1990, Ҷеффри Ҳоу, охирин узви кабинети Тэтчер вазифаи муовини сарвазирро, пас аз он ки Тэтчер аз мувофиқа кардани ҷадвали пайвастани Бритониё ба асъори ягонаи Аврупоро рад намуд, тарк кард.

Рӯзи дигар Майкл Ҳеселтин хоҳиши ба зимма гирифтани роҳбарии ҳизби консервативиро эълон кард. Тибқи пурсиши афкори ҷамъиятӣ маҳз шахсияти вай метавонист бамуҳофизакорон имкон диҳад, ки ки ҳизби лейбористро мағлуб кунанд. Ҳарчанд Тэтчер тавонист дар даври аввали овоздиҳӣ ҷои аввалро ишғол кунад, Ҳеселтин дар  даври дуюм шумораи кофии овозҳо (152 овоз) гирифт. Маргарет дар аввал ният дошт, ки муборизаро дар даври сеюм идома диҳад, аммо пас аз машварат бо кабинет, вай тасмим гирифт, ки аз интихобот даст кашад. Пас аз мулоқот бо малика ва нутқи охиринихуд дар палатаи обшинаҳо Тэтчер аз вазифаи сарвазир истеъфо дод.

Мақоми сарвазири Бритониёи Кабир ва раиси ҳизби муҳофизакорро Ҷон Мейҷор, ки таҳти роҳбарии вай ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 1992 ғолиб омад, ишғол намуд.

Баъди тарки вазифаи сарвазир Тэтчер ду сол узви палатаи общинахо аз музофоти Финчли буд. Соли 1992, дар синни 66-солагӣ вай тасмим гирифт, ки аз парлумони Британия хориҷ шавад. Вай изҳор дошт, ки ин ба ӯ имкон дод, ки доир ба ҳодисаҳои муайян андешаашро ошкоро баён намояд.

Моҳи феврали соли 2007 Тэтчер нахустин сарвазири Бритониё шуд, ки дар замони зиндагиаш муҷассамаи ӯ гузошта шуд.

Тэтчер субҳи 8 апрели соли 2013 дар синни 88-солагӣ дар меҳмонхонаи The Ritz дар маркази Лондон бар асари хурравии мағзи сар аз олам даргузашт.

ПайвандҳоВироиш


ЭзоҳВироиш

  1. 1.00 1.01 1.02 1.03 1.04 1.05 1.06 1.07 1.08 1.09 1.10 1.11 1.12 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Discogs (ингл.) — 2000.
  3. 3.00 3.01 3.02 3.03 3.04 3.05 3.06 3.07 3.08 3.09 3.10 Lundy D. R. The Peerage (ингл.)
  4. 4.0 4.1 FemBio: Банк інформації про видатних жінок, Frauendatenbank, Банк данных о выдающихся женщинах, Görkəmli qadınlar haqqında məlumat bankı
  5. 5.0 5.1 Gregory J. R. Margaret Thatcher, 'Iron Lady' Who Set Britain on New Course, Dies at 87 (ингл.) // The New York Times / D. BaquetManhattan, NYC: The New York Times Company, A. G. Sulzberger, 2013. — ed. size: 1122400; ed. size: 1132000; ed. size: 1103600; ed. size: 648900; ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
  6. 6.0 6.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  7. Margaret Thatcher's ashes interred at Royal Hospital Chelsea (ингл.) // BBC News Online — 2013.
  8. OCLC. Record #102379347 // VIAF(бис.)[Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
  9. https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=jn20000701794
  10. https://members.parliament.uk/member/953/career (ингл.брит)Parliament of the United Kingdom.
  11. 11.0 11.1 Munzinger Personen (нем.)