Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АМИТ

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АМИТ
Таърихи таъсис 1 июн 2014
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Душанбе
Вебгоҳи расмӣ anrt.tj(тоҷ.)

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фармони Президенти АМИТ доктори илмҳои физикаю математика, академики АМИТ Фарҳод Раҳимӣ аз 1 июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ҳадафи аслии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ тарғиби ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, оянданигарии илму технологияи пешқадам ва роҳу усулҳои амалигардонии ҷаҳонбинии илмӣ мебошад. Ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Чунин марказҳои илмӣ, ки ба омӯзиши масъалаҳои рушди ҷомеа, равандҳои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва оянданигарии илмӣ (футурология) сару кор дошта бошанд, дар ҳамаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вуҷуд доранд. Аз он ҷумла, дар назди Академияи илмҳои Русия Институти таҳлили системавӣ ва дар назди донишгоҳҳои пешқадами аврупоӣ Марказҳои омӯзиши масъалаҳои рушд фаъолият мекунанд.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ муассисаи илмӣ таҳқиқотии байнисоҳавӣ буда, дар назди АМИТ фаъолият мебарад. Он муҳимтарин равандҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалиеро меомӯзад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон таъсиргузор мебошанд. Ин равандҳо, пеш аз ҳама, дарбаргирандаи мушкилоти ҷаҳонбинии илмӣ, хатарҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, имкониятҳои зиндагии алтернативии инсон дар низоми кайҳонӣ, равона кардани илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ барои амалӣ гардонидани ин ҳадафҳо, ҷаҳонбинӣ ва манзараи илмии олам, фалсафаи муосир ва оянданигарии илмӣ, вазъи илмҳои гуманитарӣ ва нақши онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, мазҳабисозии илмҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ, бознигарии таърих ва фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик ва дигар мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ва монанди инҳо мебошанд.

Роҳбарони Марказ вироиш

  • 2014-2015 - Ҳафиз Холиқзода
  • 2015-2017 - Ёрмаҳмад Ниёзӣ
  • 2017-то имрӯз - Нозим Нурзода

Робита ва ҳамкориҳои Марказ вироиш

Ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиботи дастовардҳои навтарини илму техника дар байни аҳолӣ, аз як тараф ва истифодаи онҳо дар банақшагирии муносибатҳои ҷамъиятӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳои рушди Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат, натиҷаҳои таҳқиқотии Марказ барои доираҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, махсусан муассисаҳои идеологӣ, таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, аз он ҷумла Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои дар назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, шуъбаҳои идеологии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон аҳамият доранд.

Тадриҷан Марказ ба звенои ҳамоҳангсози Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-ро дар соҳаи таҳқиқотии масъалаҳои рушди Тоҷикистон табдил меёбад ва шӯрои диссертатсиониро дар ин соҳа таъсис дода, мутахассисони баландсавия тайёр мекунад. Дар баробари таҳқиқот дар соҳаҳои бунёдӣ ва актуалӣ, Марказ инчунин китобҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва дастурҳои таълимӣ доир ба оянданигарии илмӣ, методологияи байнисоҳавии омӯзиши равандҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои динӣ дар Тоҷикистон тайёр мекунад ва ҳамин гуна таълифотро аз экспертиза мегузаронад. Ин гуна мавод барои мактабҳои олӣ, магистратура ва аспирантураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин дигар доираҳои илмӣ ва маорифпарварӣ таҳия ва нашр мегарданд.

Сохтори Марказ вироиш

Марказ ба сохтори муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил меёбад, ки дар гузарондани форумҳо, симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва маҳфилҳои илмию амалӣ доир ба масъалаҳои муҳимми ташаккулу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва оянданигарии илмӣ саҳмгузорӣ мекунад. Ин самти фаъолияти илмию амалии Марказ аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки инчунин дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ тамоюли гароиши мардум, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои динӣ, кӯшишҳои ташкили сохти теократии давлат ва сарфи назар кардани дастовардҳои илмию технологӣ мушоҳида мешавад. Ин тамоюл, аз як тараф, ба сохти конститутсионии давлатҳои миллӣ таҳдид мекунад ва аз тарафи дигар, боиси дар рукуду қафомондагӣ нигоҳ доштани мардум мегардад. Давлати Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ чораҳои қатъӣ барои пешгирии ин тамоюл меандешад. Марказ ба як ниҳоди муҳиме табдил меёбад, ки ба таҳқиқу баррасии омилҳо ва сабабҳои ҳолати бавуҷудомада машғул мешавад ва барои пурсамар анҷом додани фаъолияти ниҳодҳои дахлдори давлатӣ тавсияҳои зарурӣ ва саривақтӣ пешниҳод мекунад.

Имрӯз махсусан васоити ахбори оммаи мустақил фазои иттилоотиро ба ихтиёри гурӯҳу ҳаракатҳои ғаразноки сиёсӣ додаанд, ки дар ниқоби динию мазҳабӣ баромад мекунанд. Марказ ниҳоди илмие мебошад, ки дар муддати кӯтоҳи фаъолияташ, қисман ҳам бошад, фазои иттилоотиро ба ихтиёр гирифт ва бо таҳлилҳои илмӣ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ҷавоби саривақтӣ пешниҳод кард.

Кормандони Марказ вироиш

Ҳайати асосии Марказ дар гузашта дар шуъбаҳои гуногуни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кафедраҳои илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор мекарданд. Як қисми онҳо забонҳои хориҷӣ, аз он ҷумла русӣ, англисӣ, олмонӣ ва арабиро медонанд ва дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои хориҷӣ такмили ихтисос кардаанд. Айни ҳол онҳо дар семинару конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд ва таҷрибаи калони таҳқиқотӣ доранд.

Аз оғози фаъолият то моҳи майи соли 2015 роҳбарии марказро доктори фалсафа (PhD) Ҳафиз Холиқзода ва муовинии роҳбари онро Шодӣ Атоӣ бар уҳда доштанд. Аз моҳи июни соли 2015 то моҳи марти соли 2017 бошад, сарвари Марказ номзади илмҳои фалсафа Ёрмаҳмад Ниёзӣ ва муовини ӯ Нозим Нурзода буд. Аз моҳи марти соли 2017 роҳбарии Марказ ба уҳдаи Нозим Нурзода вогузор карда шудааст.

Дар ибтидо дар Марказ ду нафар доктори фалсафа (PhD) Нуриддин Шаҳобиддин, Ҳафиз Холиқзода, 3 номзади илми фалсафа Комил Бекзода, Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Исомуддин Шарифзода, 1 номзади илми филологӣ Фирдавс Ниёзӣ ва 7 нафар олимони ҷавон (Нозим Нурзода, Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун, Меҳр Собириён, Дидавар Бекзода, Меҳрдод Қурбониён ва Ибодзода Бозорбой), ки рисолаҳои номзадиашонро анҷом дода дар марҳилаи ҳимоя мебошанд, фаъолият менамуданд.

Айни замон дар Марказ Нозим Нурзода, Комил Бекзода, Исомуддин Шарифзода, Фирдавс Ниёзӣ, Назрӣ Асадзода, Номвар Қурбон, Меҳр Собириён, Дидавар Бекзода, Меҳрдод Қурбониён ва Ибодзода Бозорбой фаъолият доранд.

Минбарҳои Марказ вироиш

  • Барномаи телевизионии «Фарҳанги муосир» дар тобеияти ТВ Сафина фаъолият карда, гардонандаи он Исомуддин Шарифзода мебошад.
  • Маҳфили илмӣ-фалсафии «Ҷаҳони андеша» дар ду ҳафта як маротиба (рӯзи сешанбе) дар Толори АИ ҶТ баргузор гардида, роҳбарии онро Нозим Нурзода бар уҳда дорад.
  • Маҷаллаи академии илмӣ-оммавии «Илм ва ҷомеа» дар се моҳ як маротиба ба нашр расида, дар соли 2016 сармуҳаррираш Ҳафиз Холиқзода буд. Аз соли 2016 ин ҷониб сармуҳаррири маҷаллаи мазкур Нозим Нурзода мебошад.
  • Сомонаи интернетии «Равшанфикр» (www.ravshanfikr.tj) саҳифаи расмӣ барои таблиғи илму дониш, ҷаҳонбинии илмӣ буда, мутасаддии он Ибодзода Бозорбой мебошад.

Осори кормандон вироиш

  • Номвар Қурбонов. Назарияи рушди илмҳои табиатшиносӣ. - Душанбе: Истеъдод, 2014. - 192 с. ISBN 978-99975-43-11-0
  • Ҳафиз Бобоёров. Методологияи бехатарии вуҷудӣ: Мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. - Душанбе: Дониш, 2015. - 355 с. ISBN 978-99975-44-28-5
  • Нуриддин Шаҳобиддин. Нитше ва Зардушти таърихӣ (Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин). - Душанбе: Дониш, 2015. - 362 с. ISBN 978-99975-44-65-0
  • Комил Бекзода. Фласафаи Марг ва Зиндагӣ. - Душанбе: Дониш, 2015. - 652 с. ISBN 978-99975-44-64-3
  • Ҷаҳонбинии оянда ва бархурди андешаҳо/ Мураттибон: Номвар Қурбон, Фирдавс Ниёзӣ. - Душанбе: Дониш, 2015. - 701 с. ISBN 978-99947-821-3-0
  • Файласуфи зиндагӣ / Мураттибон: Номвар Қурбон, Абдуламини Маҷнун. - Душанбе: Дониш, 2015. - 84 с.
  • Комил Бекзода. Шуубия: диссиденты средневекового ислама. - Душанбе: «Дониш», 2017. - 400 с. ISBN 978-99975-55-32-8

Манобеъ вироиш

  • www.anrt.tj // Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ
  • Ҳисобот оид ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014
  • Ҳисобот оид ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015
  • Ҳисобот оид ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016