Масъуд Акуста

ҳунарпешаи турк

Масъуд Акуста (тур. Mesut Akusta); тав. 22 феврали 1964, Қуния, Туркия) — ҳунарпешаи синамо ва телевизиони турк.

Масъуд Акуста
тур. Mesut Akusta
Таърихи таваллуд: 22 феврал 1964(1964-02-22) (60 сол)
Зодгоҳ: Қуния, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1992-то ҳол
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 1698609

Зиндагинома вироиш

Масъуд Акуста 22 феврали соли 1964 дар шаҳри Қунияи Туркия таваллуд шудааст.

Вай дар он ҷо мактаби ибтидоиро хатм кардааст. Пас аз ба нафақа баромадани падараш оила ба Айфон кӯчид ва соли 1976 ӯ мактаби миёнаро оғоз кард. Пас аз марги падар, ӯ бо оилааш соли 1985 ба Анқара кӯчид[1]. Пас аз супоридани имтиҳони дохилшавӣ дар мактаби адабиёт ва санъат ҷой гирифт. Фаъолияти кории худро аз намоиш дар намоишномаҳои кӯдакона оғоз кардааст. Соли 1992, ӯ ба ҳайати ҳунармандони Театри Едитеппа Ҳади Чаман пайваст[2].

Эҷодиёт дар синамо вироиш

Азбаски Масъуд аз кӯдакӣ ба театр ва актёрӣ дилбастагӣ дошт, аввалин мухлисони худро дар ҷавонӣ пайдо кард. Гузашта аз ин, мард ҳамзамон дар театр кор мекунад ва ҳам дар филмҳои гуногун нақш меофарад. "Her Sey Çok Güzel Olacak" нахустин филми Месут аст, ки дар он ӯ худро дар сатҳи олӣ нишон додааст.

Дар тӯли фаъолияти худ Масъуд Акуста зиёда дар 20 филм нақш офаридааст. Нақши машҳуртарини ӯ нақши Кендал Шамвердӣ буд, ки ӯ дар силсилафилми "Садбарги сиёҳ" ба таври олӣ бозӣ кардааст. Бо шарофати ин нақш ӯ дар Тоҷикистон низ машҳур гашт. Нақшҳои асосиро дар ин силсилафилм Эҷе Услу, Айча Айшин Турон, Мерт Язиҷиоғлу бозидаанд. Инчунин асарҳои ӯ, ба мисли "Тӯфони ором" ва "Канори осмон" маъруф буданд. Дар ин филмҳо, ӯ Барут ва Усмонро нақшофарӣ кардааст.

Соли 2020 Масъуд Акуста дар силсилафилми Вавилон нақши золими асосии Сулаймонро бозид. Дар ин силсилафилм ситорагон, ба мисли Холид Эрганҷ, Нур Фоттеҳоғлу, Асли Анвар, Озан Гювен ва Онур Сайлак нақшофарӣ кардаанд.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Масъуд Акуста рӯзи 3 июни соли 2016 издивоҷ кард, интихобкардаи ӯ Шафақ Йозбир мебошад. Ҷашни арӯсӣ дар меҳмонхонаи "Лимак Евразия" баргузор шуд. Тӯй боҳашамат ва бодабдаба гузашт, ки тибқи ҳама анъанаҳои туркӣ ташкил карда шуд. Ровии маъруфи телевизион Эсра Эрол ошиқонро муаррифӣ кард.

Филмнома вироиш

  • 2021: Ташкилот - Мете
  • 2020: Babil - Сулаймон
  • 2019: 7. Koğuştaki Mucize - Юсуф
  • 2019: Yüzleşme - Баттал Торосоғлу
  • 2018: Börü - Ирфон Аладағ
  • 2017: Роҳзанон дар дунё ҳукумат намекунанд - Акрам Йилдиран
  • 2017: Ölene Kadar - Текин Зердан
  • 2017: Yıldızlar Şahidim - Фикрат
  • 2016: Köroğlu - Болу Бойӣ
  • 2013: Садбарги сиёҳ - Кендал Шамвердӣ
  • 2011: Ay Tutulması - Шафқат
  • 2009: Ezel
  • 2009: Umut - Турон Бой
  • 2009: Водии гургон: дом - Унсал Камол
  • 2008: İpsiz Recep - Шариф
  • 2007: Sessiz Fırtına
  • 2006: Karagümrük Yanıyor - Ғафур
  • 2004: Çocuklar Ne Olacak - Октай
  • 2003: Kurşun Yarası - Ризо
  • 2001: Benimle Evlenir misin?
  • 2001: Güz Gülleri
  • 1999: Herşey Çok Güzel Olacak - дар қабулгоҳ
  • 1998: Affet Bizi Hocam
  • 1998: Deli Yürek - Бурҳон
  • 1993: Son Söz Sevginin

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Mesut Akusta kimdir? (27 May 2016). 19 августи 2020 санҷида шуд.
  2. Mesut Akusta kimdir? Mesut Akusta nereli ve kaç yaşında? (23 January 2020). 19 августи 2020 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш