Гамазов Матвей Авелевич (6 марти 1812, Петербург 7 майи 1893, ҳамон ҷо) — шарқшинос-забоншинос, тарҷумон, дипломати рус.

Матвей Гамазов
Таърихи таваллуд: 6 март 1812(1812-03-06)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 май 1893(1893-05-07) (81 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: русӣ, арабӣ, форсӣ, туркӣ ва юнонӣ
Ҷоизаҳо:
Order of Saint Anna, 1st class Order of Saint Stanislaus, 1st class

Зиндагинома вироиш

Аз хонаводаи князи арманӣ — Сааруни (ҳамин номи хонаводагиро тахаллус интихоб карда буд). Пас аз хатми Омӯзишгоҳи муҳандисии Петербург дар хидмати ҳарбӣ буд. Баъдан дар шуъбаи таълимии Вазорати корҳои хориҷӣ таҳсил карда, ба кори дипломатӣ машғул шуд: тарҷумони сафоратхонаи Русия дар Қустантания ва Искандария, консул дар Гелон (Эрон), сафир дар Итолиё ва Юнон. Аз соли 1872 то охири умраш дар шуъбаи зикршуда муаллим буд. Шеъри нахустинаш «Ғам» соли 1837 бо зерсарлавҳаи «Аз форсӣ» ба табъ расид. Дар омӯзиши забонҳои шарқ ва тарҷумаи осори адабиёти арабу форс-тоҷик ва турк бо шарқшиноси шинохтаи рус барон В. Р. Розен ҳамкорӣ дошт. Матвей Гамазов ашъори шоирони форс-тоҷик Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигаронро ба забони русӣ тарҷума карда, матни аслашонро (ба хатти форсӣ) ба табъ мерасонд. Дар тақлид ба ин шоирон ба забони русӣ шеърҳо ба шакли ғазал ва рубоӣ менавишт. Ба гуфтаи шарқшиноси номӣ И. Ю. Крачковский, Матвей Гамазов ормонҳои романтикии шарқиро дар адабиёти рус пойдор нигоҳ доштааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Холмуҳаммадов Н. Гамазов М. А.//Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988.

Сарчашма вироиш