Маъракаи интихобот

Маъракаи интихобот (Ҷараёни интихобот) — бо мазмуни васеъ ҳаммаънои маъракаи интихобот аст, давраи гузаронидани интихобот аз вақти таъйин то рӯзи овоздиҳӣ мебошад. Ба мазмуни мухтасар - давраи маъракаи интихобот мебошад, ки дар он номзадҳои пешбаришуда аз қайд гузашта метавонанд ва бо усулҳои бо қонун муқарраршуда ташвиқоти пешазинтихоботӣ мебаранд. Ин давра аз лаҳзаи ба анҷом расидани қайдгузарии номзадҳо огоз ёфта ва дар вақти муаяйни то овоздиҳӣ анҷом меёбад. Қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин давраро «ташвиқоти пеш аз интихобот» меномад. Муборизаи пеш аз интихоботиии номзадҳо мазмуни асосии ин давра мебошад, вале он назорат аз болои ин муборизаро аз тарафи мақоми дахлдори интихоботӣ, фаъолияти ин мақомро оид ба тайёрӣ ва гузаронидани овоздиҳиро дарбар мегирад (ниг. ба Комиссияи интихобот). Ҷараёни интихобот маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъйин, тайёр кардан ва гузаронидани интихоботи вакилон ё шахсони мансабдори интихобист. Ҷараёни интихобот аз чунин давраҳои асосӣ иборат аст:

  • таъйин кардани таърихи интихобот;
  • ташкили ҳавзаҳо ва маҳалҳои интихобот;
  • ташкили комиссияҳои интихобот;
  • тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон;
  • пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва ба мансабҳои интихобй;
  • ҷамъ кардани имзоҳо барои дастгирии онҳо; азқайдгузаронии номзадҳо; * ташвиқоти пешазинтихоботӣ;
  • гузаронидани овоздихӣ ва муаяйн кардани натиҷаи интихобот.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 555