Масъуд Миршоҳӣ

(Тағйири масир аз Маъсуд Миршоҳӣ)

Масъуди Миршоҳӣ — (форсӣ: مسعود میرشاهی‎; зод. 1954 Эрон) — доктори илмҳои тиб (1984), профессор (1986). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2003). Профессори ифтихории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2000).

Масъуди Миршоҳӣ
Таърихи таваллуд 1954(1954)
Зодгоҳ Эрон
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома вироиш

Донишгоҳи тиббии Машҳадро ба поён расондааст (1979), дар Донишкадаи тиббии Париж мадраки пизишкӣ духтури иммунологро гирифтааст (1982). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: онкология, иммунология, токсикология, бемориҳои чашм. Профессори донишкадаи тиббии Донишгоҳи Париж (1986 — то имрӯз).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Дорандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иммунология, биологияи молекулавӣ, онкология ва муҳандисии генӣ мебошад.
  • Дорандаи Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи офталмологӣ ба номи Ипсен (2007).

[1]

Пайвандҳо вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. -Душанбе: Дониш, 2011. −216 с.