Носирҷон Маъсумӣ (Носирҷон Асадович Маъсумӣ; 2 майи 1915, Қаратоғ, ноҳияи Регар — 16 август 1974, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, шоир, ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ, доктори илмҳои филология, профессор. Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1960), узви вобастаи АИ Тоҷикистон (1966), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1940).

Носирҷон Маъсумӣ
Носирҷон Асадович Маъсумӣ
Таърихи таваллуд 2 май 1915(1915-05-02)
Зодгоҳ Қаратоғ, ноҳияи Регар, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 16 август 1974(1974-08-16) (59 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»
Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1960)

Зиндагинома вироиш

Носирҷон Маъсумӣ дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Регар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Бахшитеппаи ноҳияи Самарқанд (1936) муаллими забон ва адабиёти тоҷикии Техникуми педагогии Панҷакент (1930—1936). Сипас дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст (1936—1940). Муаллим, мудири кафедраи забон тоҷикӣ (1940—1948), мудири кафедраи адабиёти тоҷикӣ (1948—1953), проректори корҳои илмӣ (1953—1956) Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, муаллим ва мудири кафедраи забон ва адабиёти Мактаби партиявии назди КМ ҲК Тоҷикистон (1956—1959), директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1959—1970), академик — котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1971—1974). Ӯ ду даъват (6 ва 8) вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Ҳамчун ходими ҷамъиятӣ ва илмӣ — Раиси шуъбаи Тоҷикистонии Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании ИҶШС бо Афғонистон, узви Шӯрои умумиитифоки оид ба масъалаҳои лексикология ва лексикография, узви ҳайати таҳририя ва муҳарир, мушовири «Краткая литературная энсиклопедия», узви ҳайати таҳририяи Энциклопедияи советии тоҷик, маҷаллаи «Мактаби советӣ», ҷон. раиси Комитети терминологияи АИ Тоҷикистон, узви Правления, Президент ва раиси Комиссияи тафтишоти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1940) буд.

Мероси илмӣ вироиш

Муаллифи асару мақолаҳои илмӣ:

  • «Усули таълими хониши адабӣ», китоби дарсӣ ва хрестоматияи «Адабиёти советӣ» барои синфи 10 (бо ҳамқаламии Х. Мирзозода ва Ю. Бобоев, ки аз соли 1962 то охири соли 1980 ҳар сол чоп шудааст),
  • Фолклори тоҷик. — Д., 1952,
  • Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX". — Д., 1962,
  • Туғрал ва муҳити адабии ӯ. — Д., 1964,
  • Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. — Д., 1957 (бо ҳамқаламии дигарон),
  • Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо. — Д.,1970 (бо ҳамқаламии дигарон).
  • ва рисолаҳо:
  • Дар бораи вазъият ва баъзе тағйиротҳо дар таркиби луғавии забони адабии тоҷик дар асрҳои X—XIX. — Д., 1951,
  • Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX. — Д.,1954,
  • Хислатҳои асосии инкишофи забони адабии тоҷик дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX. — Д.,1955,
  • Муборизаи С. Айнӣ барои тозагӣ ва боигарии забони адабии тоҷик. — Д.,1970 (бо ҳамқаламии дигарон) ва ғайра.

Як силсила шеърҳои солҳои 30-юм эҷодкардааш дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шудаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

  • ду ордени «Нишони Фахрӣ»;
  • медалу ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Некдошт вироиш

Ба номи ӯ мактаби миёнаи деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода ва яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопелияи советии ҶШС Тоҷикистон. Ҷилди 4. — Душанбе, 1986, с.281

Пайвандҳо вироиш