Маҷид Раҳимов (тав.1.01.1909 дар деҳаи Истонӣ, ноҳияи Ҳисор-ваф. 2.04.1977, ҳамон ҷо) — омӯзгор, Аълочии маорифи Тоҷикистон,

Маҳмадқул Раҳимов
Маҳмадқул Раҳимов
Таърихи таваллуд 01.01. 1909
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор
Таърихи даргузашт 2 апрел 1977(1977-04-02)

Зиндагинома вироиш

Маҷид Раҳимоваз падар маҳрум шуда, аз синни 15-солагӣ ба ҷувозкашию мардикорӣ машғул гашта, с.1930- 1937 колхозчӣ шудааст. С. 1938 курси равшаннамоӣ-сиёсии ш. Сталинобод (Душанбе)-ро хатм карда, аз 1.08.1939 муаллими мактаби ибтидоии зодгоҳаш таъйин шудааст. С. 1940- 1944 дар деҳаҳои Рағоба ва Искич муаллими синфҳои ибтидоӣ буд. С. 1944-1977 вазифаи мудири мактаби ибтидоии № 80-и деҳаи Истониро ба уҳда дошт. С. 1952 шуъбаи ғоибонаи омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Орҷоникидзеобод (Ваҳдат)-ро хатм кардааст. Маҷид Раҳимов бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Соли 1999 ба мактаби № 71-и деҳаи Истонӣ номи Раҳимов Маҷидро гузоштанд.

Адабиёт вироиш

  • Эҳёи маърифат. - Душанбе,2004.
  • Собири Шоҳонӣ. Устоди донишафзо. - Душанбе, 1997.[1]

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 463