Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид — мақомоти асосии машваратӣ, дастурдиҳӣ ва намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ).

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид
англ. United Nations General Assembly
Навъ international parliament[d] ва principal organ of the United Nations[d]
Таъсисёбӣ 1945
Макон
Ширкати модарӣ Созмони Милали Муттаҳид
Ширкатҳои духтарӣ ЮНИСЕФ, United Nations Development Programme[d], United Nations System Staff College[d], United Nations Commission on International Trade Law[d] ва United Nations Conference on Trade and Development[d]
Сайт un.org/ga(англ.)
Парчами СММ
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Соли 1945 таъсис ёфтааст. Ҳоло аз 193 узв (2018)[1] иборат аст, ҳамаи онҳо навобаста ба бузургӣ ва иқтидорашон аз ҳуқуқи баробар бархурдоранд ва ҳар кадом дорои як овоз мебошанд, қарорҳои муҳим ба райъи аксарият — аз се ду овози тарафдор қабул мешаванд. Маҷмаа ваколатҳои васеъ дорад ва метавонад ҳамаи масъалаҳои умдаи байналмилалиро дар доираи Ойинномаи СММ мавриди баррасӣ қарор диҳад, ба давлатҳои манфиатдор ё Шӯрои Амнияти СММ тавсиянома ироа намояд. Бо тавсияи Шӯрои Амният Дабири кулли СММ-ро таъйин мекунад, аъзои нави СММ-ро қабул менамояд, фаъолияти ҳамаи шӯроҳо ва идораҳои мах сусро зери назорат мегирад. Вале Маҷмаа мақоми соҳибҳокимияти мутлақ нест, ваколати маҷбуран амалӣ гардондани қарорҳояшро надорад, дар ҳамин ҳол ягон давлат ҳуқуқи вето (боздошт ё бекор кардан)-и қарори қабулкардаашро надорад. Маҷмаа вазифаҳои калидии электоралиро ҳал намуда, судяҳои Суди байналмилалӣ ва 10 узви ғайридоимиро интихоб мекунад, ҳаҷми ҳаққулъузвияти ҳар як давлати узви СММ-ро ба буҷаи он муайян месозад.[2]

Ҳайати Маҷмаа

вироиш
 
Бинои СММ дар шаҳри Ню Йорк
 
Бинои СММ дар шаҳри Ню Йорк

Дар ҳайати Маҷмаа ҳафт кумитаи доимӣ:

  • Кумитаи махсуси сиёсӣ;
  • Кумитаи якум (яроқпартоӣ-халъи силоҳ ва масъалаҳои амният);
  • Кумитаи дуюм (масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ);
  • Кумитаи сеюм (масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ);
  • Кумитаи чорум (масъалаҳои ҳудудӣ, васоятӣ ва ғайримустамликавӣ);
  • Кумитаи панҷум (масъалаҳои маъмурӣ ва буҷавӣ);
  • Кумитаи шашум (масъалаҳои ҳуқуқӣ).

Ҳар давлати узви СММ ҳақ дорад дар кумитаи дилхоҳ худро муаррифӣ кунад. Барои ҳамоҳанг сохтани кори кумитаҳо дар ҳар ҷаласаи Маҷмаа Кумитаи генералӣ дар ҳайати раиси Маҷмаа, 17 муовини ӯ ва раисони ҳамаи 7 кумита таъсис меёбад. Дар ҳар ҷаласа Кумита оид ба тафтиши ваколатҳо дар ҳайати 9 узв ташкил мегардад. Инчунин 2 кумитаи доимӣ: Кумитаи машваратӣ оид ба масъалаҳои маъмурӣ ва буҷавӣ ва Кумита оид ба ҳаққулузвият мавҷуданд, ки аъзои онро Маҷмаа барои 3 сол интихоб менамояд.

Ба замми ин мақомоти махсуси Маҷмаа ба ҳайси ташкилоти байналмилалии мухтор аз қабили

  • Конференсияи СММ оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД; соли 1964),
  • СММ дар рушди саноат (ЮНИДО; соли 1965),
  • Фонди рушди сармоявӣ (1966) ва ғ. вуҷуд доранд.

Маҷмаа ҷаласаи навбатиро ҳамасола аз сешанбеи сеюми моҳи сентябр оғоз менамояд, ки қариб се моҳ идома меёбад. Баробари ҷаласаи навбатӣ Ассамблея метавонад бо талаби Шӯрои Амният ё аксари аъзои СММ ҷаласаҳои махсус доир намояд. Дар сурати таҳдид ба амнияти байналмилалӣ Маҷмаа метавонад давоми 24 соат ҷаласаи фавқулода баргузор кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ

вироиш

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз с. 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мебошад ва намояндагони он дар ҳама ҷаласаҳои Маҷмаа ширкат менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз ин минбари баланд сухан кардааст. Бисёр пешниҳодҳои ӯ аз ҷониби аъзои Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ ва дар санадҳои СММ инъикос ёфтаанд. Масалан, с. 2003 бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ассамблея «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид. Пешниҳодҳои Э.Раҳмон дар мавриди ба эътидол овардани авзои Афғонистон ҳам аз тарафи аъзои Ассамблея ҷонибдорӣ шудаанд.[3]

Сарчашма

вироиш
  1. Функции и полномочия Генеральной Ассамблеи. Оф. сайт ООН. 7 ноябри 2017 санҷида шуд.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ -Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с. 26
  3. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ -Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с. 26-27

Пайвандҳо

вироиш