Медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз нишонаҳои қадршиносии давлат ва ҷомеъа барои хидмати шоистаи шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он ба муқарароти Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудаанд.

Медалҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонВироиш

Медалҳои ҷашнӣВироиш

Ба муносибати тантанавор ҷашн гирифтани истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рўйдодҳое, ки барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад медалҳои ҷашнии дорои хусусияти яквақтаро тасдиқ намояд. Бо медалҳои ҷашнӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳо дар пойдории давлатдории Тоҷикистон, татбиқи дигаргунсозиҳои демократӣ дар ҳаёт, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, барои комёбиҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва санъат, комёбиҳои меҳнатӣ дар фаъолияти давлатӣ, илмию тадқиқотӣ, ҷамъиятӣ ва хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд. Шаҳрвандон бо медали ҷашнӣ бо тартиби муқаррарнамуда сарфароз гардонида мешаванд. Медалҳои ҷашнӣ бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешаванд. [1]

НигаредВироиш

МанобеъВироиш

  1. 1.0 1.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Санаи ҷорӣ Номгӯйи медал Акс Планка Ҷойи овехтан
31 июли с.2001 медали «Ҷасорат» Медали Ҷасорат бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад
31 июли с.2001 медали «Хизмати шоиста» Медали Хизмати шоиста бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад
31 июли с.2001 медали «Шафқат» Медали Шафқат бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад
31 июли с.2001 медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» Медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон бо тасма дар тарафи чапи сари сина овехта мешавад [1]