Менингиома (Meningioma) — омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад.

Менингиома
ИхтисосСаратоншиносӣ, асабшиносӣ, ҷарроҳии мағзу аъсоб Edit this on Wikidata
Менингиома
МКБ-10 C70, D32
МКБ-9 225.2225.2
МКБ-О Шаблон:ICDO
OMIM 607174
DiseasesDB 8008
eMedicine neuro/209  Шаблон:EMedicine2
MeSH D008579

Аломатҳои беморӣ

вироиш

Менингиома бемории маъмул аст. Менингиома метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд.

Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми менингиома дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) ва ихтилоли рӯҳӣ ба вуҷуд меояд, сар дард мекунад. Дар давраҳои охири беморӣ бинобар калон шудани омос бофтаҳои майна варам карда, тазиқ меёбанд, дар натиҷа фишори дохили ҷумҷума баланд мешавад, сардард, дилбеҳузурӣ, қай, беҳушӣ рух медиҳанд.

Бисёр менингиомаҳо некфарҷом буда, бо ҷарроҳӣ табобат меёбанд. Самараи амалиёти ҷарроҳӣ ба мавқеи омос вобаста аст. Менингиомаҳои бадфарҷом гоҳо ҷарроҳии дубораро тақозо мекунанд.


Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  • Клиническая презентация больной с субтенториальной менингиомой (iNeurologist)
  • Клиническая презентация больной с рецидивом атипичной менингиомы (iNeurologist)