Бақои Мираконӣ
(Тағйири масир аз Мирбақохоҷаи Мираконӣ)
Бақо Мирбақохоҷаи Мираконӣ (қарни 19) — шоири тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар қасабаҳои наздики Бухоро, дар хонадони содот (саййидон), ба дунё омадааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, улуми мутадовилаи даврашро омӯхтааст. Тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ аз ӯ чун шахси фозилу донишманд, дӯстдори мусоҳибати аҳли фазлу камол ёд мекунад. Монанди аҷдоди худ дар мансабҳои давлатӣ хидмат мекард. Ашъораш дар анвои шеърии қасида, ғазал, рубоӣ ва ғ. ба воситаи тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:
Оҳ аз савдои ҳасратмояи нобуди ман,
Ҷуз зиён пайдо намегардад дигар аз суди ман!
Як шарар дилгармие аз оташам пайдо нашуд,
Оламеро ашки ҳасрат об кард аз дуди ман...
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абибов А. Ганҷи Зарафшон. Д., 1991.
- Бақо, Мирбақохоҷаи Мираконӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.