Open main menu

Михаил Горбачёв (Михаи́л Серге́евич Горбачёв; тав. 2 марти 1931, деҳаи Приволное, ноҳияи Краснодари кишвари Ставропол, ҶШФСР, ИҶШС) — ходими ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ ва Русия. Охирин котиби генералии КМ ҲКИШ (1985–1991).

Михаил Сергеевич Горбачёв
русӣ: Михаил Сергеевич Горбачёв
Михаил Сергеевич Горбачёв
парчам Президенти ИҶШС
15 марти соли 1990 — 25 декабри соли 1991а[1]
Ноиби президент Геннадий Иванович Янаев
(то 4 сентябр соли 1991)
Пешгузашта вазифа барҳам хурд
Ҷонишин вазифа вазифа барҳам хурд
парчам Раиси Шӯрои Олии ИҶШС
25 майи соли 1989 — 15 марти соли 1990
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт; у худ ҳамчун Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС
Ҷонишин Лукьянов, Анатолий Иванович
парчам Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС
1 октябри соли 1988 — 25 майи соли 1989
Пешгузашта Андрей Андреевич Громыко
Ҷонишин вазифа упразднена; ӯ худ ҳамчун раиси Шӯрои Олии ИҶШС
парчам Котиби генералии КМ ҲКИШ
11 марти соли 1985 — 24 августи соли 1991
Пешгузашта Константин Устинович Черненко
Ҷонишин Владимир Антонович Ивашко (и.в.)
парчам Котиби якуми Кумитаи ҳизбии кишвари Ставропол
10 апрели соли 1970 — 4 декабри соли 1978
Пешгузашта Леонид Николаевич Ефремов
Ҷонишин Всеволод Серафимович Мураховский
парчам Пешвои ҲСДР
24 ноябри соли 2001 — соли 2004
Пешгузашта вазифа барҳам хурд
Ҷонишин Владимир Николаевич Кишенин ҳамчун раис
Таваллуд

2 март 1931(1931-03-02) (88 сол)
село Привольное, Шаблон:МестоРождения, РСФСР, СССР

Ном ҳангоми таваллуд

русӣ: Михаил Сергеевич Горбачёв

Падар

Горбачёв Сергей Андреевич (1909-1976)

Модар

Гопкало Мария Пантелеевна (1911-1993)

ҳамсар

Раиса Максимовна Горбачёва (Титаренко) (аз 1953 то 1999)

Фарзандон

Ирина Горбачёва (Вирганская)

Ҳизб

1) ҲКИШ (1952—1991)
2) ҲСДМР (2000—2001)
3) ҲСДР (2001—2007)
4) ССД (аз 2007)

Таҳсилот
Касб

ҳуқуқшинос, агроном-иқтисоддон

Эътиқод

атеизм[2]

Соядаст

Gorbachev Signature.svg

Ҷоизаҳо

Ҷоизаи Нобел — 1990 Ҷоизаи Нобелӣ барои Сулҳ (1990)

Орден Святого Андрея Первозванного Российской Федерации
Орден Почёта Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Инқилоби Октябр Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Орден «Знак Почёта»
Медаль За трудовую доблесть Медаль За укрепление боевого содружества Медаль В память 1500-летия Киева 40 years of victory rib.png
Вебгоҳ

gorby.ru

Commons-logo.svg Михаил Горбачёв дар Викианбор

Мундариҷа

ЗиндагиномаВироиш

Аз оилаи деҳқон. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Маскав (1955) ва Институти хоҷагии қишлоқи Ставропол (1967, ғоибона).

Фаъолияти ҳизбӣВироиш

Солҳои 1956–1962 котиби якуми Кумитаи комсомоли шаҳри Ставропол, котиби дуввум ва котиби якуми Кумитаи комсомоли кишвари Ставропол. Солҳои 1966–1970 котиби якуми Кумитаи партиявии шаҳри Ставропол, котиби дуввуми Кумитаи партиявии кишвари Ставропол. Солҳои 1970–78 котиби якуми Кумитаи партиявии кишвари Ставропол. Аз ноябри 1978 котиби КМ ҲКИШ ва аз соли 1980 узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ. Солҳои 1985–1991 Котиби генералии КМ ҲКИШ. Михаил Горбачёв дар ин вазифаи масъулиятнок барои пешгирии буҳрони иқтисодии мамлакат барномаи афзоиши маҳсулнокии меҳнат, таҷдиди технологияи соҳаҳои муҳимми истеҳсолот ва афзунсозии даромади миллиро пешниҳод кард. Аммо коҳишёбии нархи ҷаҳонии нафт ва филиззот тайи солҳои 1985–1986 иҷроиши ин барномаро номумкин сохт.

БозсозӣВироиш

Бо ташаббуси Михаил Горбачёв дар Анҷумани 27 ҲКИШ (феврал–марти 1986) барномаи мукаммали ислоҳот, бозсозии идоракунии иқтисодиёт ва роҳ кушодан ба фаъолияти хусусӣ баррасӣ гардид. Дар замони бозсозӣ аз соли 1986 озодии сухан ва матбуот вусъат ёфта, шумораи ҷамъияту иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ афзуданд, робита бо кишварҳои хориҷӣ тавсеа пайдо кард. Аз ибтидои соли 1987 Михаил Горбачёв барои нав кардани кадрҳои ҳизбӣ шурӯъ намуд, ки беш аз 70 дарсади ҳайати аъзоёни Бюрои сиёсӣ, 70 дарсади котибони ҳизбии кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва 60 дарсади котибони кумитаҳои вилоятии ИҶШС иваз шуданд. Ислоҳоти иқтисодӣ ба таҳкими бахши хусусӣ мусоидат карда, соли 1990 шумораи кооперативҳо ба 245 ҳазор ва бонкҳои тиҷоратӣ ба 224 адад расид. Вале беқурбшавии пул, камчинии маҳсулоти хӯрокворӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал боиси буҳрони шадид дар мамлакат гардид. Дар натиҷа пояҳои ҳукумати марказӣ коҳида, вокунишҳои миллӣ ва кӯшишҳои истиқлолхоҳӣ афзуданд ва то ҳадди ошӯбу хунрезиҳо рафта расиданд (ҳодисаҳои Қарабоғ, Сумгаит, Боку, Тбилиси, Вилнюс), ки мисоли он дар Тоҷикистон воқеаҳои февралии 1990 шуда метавонад. Зимни ислоҳоти сохтори сиёсӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Олии ИҶШС Михаил Горбачёв 1 октябри 1988 раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва 25 майи 1989 бо гирифтани овози зиёд Раиси Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардид. Гурӯҳи мухолифони Михаил Горбачёв дар атрофи Б. Н. Елсин муттаҳид шуда, 12 июни 1990 дар анҷумани депутатҳои халқи РСФСР Декларатсияи истиқлолияти давлатии Руссияро қабул карданд. Бо ташаббуси Михаил Горбачёв барои нигоҳ доштани ИҶШС референдум (17 марти 1991) гузаронида шуд, ки 76 дарсади аҳолии мамлакат онро ҷонибдорӣ карданд. Имзои Шартномаи Иттифоқи ҷумҳуриҳои мустақил 20 сентябри 1991 мавқуф гузошта шуд, вале бинобар балвои августии соли 1991 ин санад баррасӣ нагардид. Елсин аз 23 августи 1991 фаъолияти ҲКИШ-ро дар ҳудуди РСФСР манъ кард. 24.8.1991 Михаил Горбачёв аз гирифторӣ дар Фароси Қрим раҳида, ба Маскав баргашт ва аз вазифаи Котиби генералии КМ ҲКИШ истеъфо дод. Кӯшишҳои минбаъдаи Михаил Горбачёв барои дубора баррасӣ намудани имзои Шартномаи Иттифоқи ҷумҳуриҳои мустақил бенатиҷа монд. 18 декабри 1991 сарони давлатҳои РСФСР, Украина ва Белоруссия шартномаи Беловежскро дар бораи пароканда кардани ИҶШС ва таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақил имзо карданд.

ИстеъфоВироиш

Баъди аз мақоми Президенти ИҶШС 24 декабри 1991 истеъфо доданаш аз соли 1992 президенти Фонди байналхалқии таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ (Фонди Горбачёв) мебошад. Дар давраи Михаил Горбачёв ҷанги Афғонистон (1989) боздошта шуд ва Ҷумҳурии Олмон (1990) муттаҳид гардид. Робитаҳои хориҷӣ бо Британияи Кабир, Хитой, ИМА беҳтар шуд.

Ҷоизаҳо ва медалҳоВироиш

Дорандаи Ҷоизаи Нобел барои сулҳ (1990). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Револютсияи Октябр, чандин ордену медалҳои дигар сарфароз шудааст.

ЭзоҳВироиш

  1. С 19 августа по 21 августа 1991 года Горбачёв был фактически отстранён ГКЧП от исполнения обязанностей Генерального секретаря и Президента СССР; Шаблон:Нет АИ2, и. о. Президента СССР — Вице-президент Г.И. Янаев.
  2. Горбачев остается атеистом, хотя и крещен в православии при рождении // Интерфакс-Религия

АдабиётВироиш

  • Пияшев Н.Ф. М. С. Горбачёв... кто он? М., 1995.

СарчашмаВироиш