Морвин Ли Минский (англ. Marvin Lee Minsky; 9 августи 1927 — 24 январи 2016) — донишмандиамрикоӣ дар ҳавзаи илмҳои шинохт ва ҳӯши маснӯъӣ, яке аз бунёнгузорони Озмоишгоҳи ҳӯши маснӯъӣ дар Муассисаи фановарии Массачусетс.

Морвин Минский
англ. Marvin Lee Minsky
Таърихи таваллуд 9 август 1927(1927-08-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 январ 2016(2016-01-24)[2][3][4][…] (88 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҳӯши маснуъӣ[2], илмҳои шинохт, фалсафаи зеҳн[d] ва илмҳои роёна
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Алберт Таккер[d][7]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ web.media.mit.edu/…(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Морвин Минский дар хонаводаи яҳудӣ дар Ню Йорк ба дунё омадааст, ӯ дар Мактаби Филдстон ва Мактаби олии илми Бронкс таҳсил кардааст. Баъдтар ӯ Академияи Филлипсро дар шаҳраки Эндовери иёлати Массачусетс хатм кардааст. Ӯ аз соли 1944 то 1945 дар Нерӯҳои дарёии ИМА хидмат кардааст.

Морвин Минский рисолаи худро дар Донишгоҳҳои Ҳарвард (1950) ва Принстон (1954) дифоъ кардааст. Аз соли 1958 корманди Муассисаи фановарии Массачусетс буд. Дар соли 1959, дар якҷоягӣ бо Ҷон Маккарти, дар Муассисаи фановарии Массачусет озмоишгоҳи улуми роёна ва ҳӯши маснӯъиро[en] таъсис доданд[8].

Морвин Минский то рӯзи даргузашташ, ӯ профессори ҳунарҳои иттилоотию илм, профессори электроника ва электротехника ва профессори информатика буд.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш