Моҳишӯрбо

Таомест, ки аз моҳиҳои гуногун тайёр мекунанд. Моҳиро аввал чок карда, дар оби хунук хуб мешӯянд. Баъди пулакчаҳояшро тоза кардан ба оби сарди дег андохта, каме меҷӯшонанд, сипас ба миқдори зарурӣ намак, пиёз, барги ғор илова мекунанд ва онро дар оташи паст 40-60 дақиқа мепазанд. Баъди пухта тайёр шудани моҳишӯрбо обашро алоҳида ба косаҳо ва моҳиро ба табақчаҳои хурд гирифта, ба дастархон мегузоранд. Моҳишӯрборо аз моҳиҳои нав яхкуноншудаи баҳрӣ - равғанмоҳӣ, аломоҳӣ низ бо ҳамин тарз тайёр мекунанд. Ба 1 кг моҳӣ як пиёз, каме ҷаъфарию кашнич, 2,5-3 л об ва мувофиқи табъ мурчи нокӯфта, барги ғор ва намак лозим аст.[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.

Эзоҳ вироиш