Музаффарбек Аноятбеков

Музаффарбек Аноятбеков (Аноятбеков Музаффарбек Қосимбекович; тав. 10 августи 1958, деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон) — байтор, доктори илмҳои байторӣ (1997), узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2001).

Музаффарбек Аноятбеков
Аноятбеков Музаффарбек Қосимбекович
Таърихи таваллуд 10 август 1958(1958-08-10) (65 сол)
Зодгоҳ деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон
Фазои илмӣ домпизишкӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1982). Аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии шаҳри Москва (1984 — 87), корманди илмии Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Тоҷикистон (1988 — 93), корманди Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии шаҳри Вишнийи Федератсияи Русия (1997—2000), директори Пажӯҳишгоҳи осиёимиёнагии оқсил (2000 — 08). Аз соли 2008 директори корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ». Аноятбеков муаллифи 110 таълифоти илмӣ, 10 ихтироъ ва се навъи ваксина бар зидди касалиҳои сироятии ҳайвонот мебошад.

Осор вироиш

  • Эпизоотологическая эффективность вакцины против гастроэнтерита и ротовирусной болезни свиней, Д., 1991;
  • Оценка изотепического распространения антител к вирусу трансмиссивного гастроэнтерита свиней в секретах молочных желез иммунных свиноматок, маҷ. «Селхозбиология», № 214, 1998;
  • Доксиветин — антибиотик пролангированного действия, маҷ. «Ветеринария», № 6, 1999.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш