Мулло Абдулмаҷид Музтариб

Мулло Абдулмачид (1844, Бухоро-1896 −97, дар ҳамон чо) — шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил намуда, ҳамчун шоир дар муҳити адабии ин шаҳр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возех, Мухтарам ва Садриддин Айни ("Намунаи адабиёти тоҷик) Музтарибро ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Мухтарам дар шоирӣ уро «сохиби тарзи ҷадида» номидааст. Музтариб яке аз мухлисони Ахмади Дониш ва Шохин будааст. Аз рӯйи мазмун ва мундариҷаи ашъораш метавон ин нуктаро ба рӯшанӣ дарк намуд. Мероси адабии Музтариб асосан аз қасида, ғазал, мусаммат ва рубои иборат аст, ки намунаҳои онҳо дар мачмуахо, баёзхо ва тазкираҳои асри XIX ва XX бисёр ба назар мерасанд. Музтариб девони ашъори худро тартиб надодааст. Махорати шоирии Музтариб дар ғазалиёти хачви ва мутоибот, дар шеърҳои лирикии ишқи, ки равону сода сурудааст, зохир мегардад. Музтариб дар хачвиёт аз калимаю таъбироти гуфтугуии мардум истифода намудааст. Дар ғазалиёт ва ҳачвиёту мутоиботи Музтариб мазмуну оҳангҳои шикоят аз замон ва камбизоатию тангдастии худ, норозиги аз хасурдону бадгуёнаш мушохида мешавад.

Мулло Абдулмаҷид Музтариб
Таърихи таваллуд: 1844(1844)
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1896(1896)
Навъи фаъолият: шоир

Тарчумаи хол вироиш

Аз ғазалиёт вироиш

Аз шарми он ду орази гулнор себи сурх,
Дар хун кашида ҷомаю дастор себи сурх.
Бар ҳалқаҳои зулф аз он руйи оташин,
Гӯӣ, ки ҳаст бар даҳани мор себи сурх.
Дида ба боғ ҷумлагӣ он рӯзи дилфурӯз,
Худро фиганда бар сари бозор себи сурх.
Дорад ба пастӣ майл, сари шохи ӯ макан,
Аз шарми рӯйи туст гаронбор себи сурх.
Дар пеши оразаш ба тавозӯъ фиканда сар,
Дорад ба аҷзи хештан иқрор себи сурх.
Азбас кашид бори хиҷолат зи ёри хеш,
Тарсам, ки бор н-оварад ин бор себи сурх.
Бандад гаҳе зи ноз даҳон он ба мисли ту,
Моҳи турунҷ ғабғабу рухсор себи сурх.
Азбаски дошт дида, шамидем, Музтариб,
Ранги ҷамолу буйи хати ёр себи сурх.
Басе хубон ба олам офариданд,
Вале монанди ӯ кам офариданд.
Хаданги новаки мижгони ӯро,
Ба хунрезӣ мусаллам офариданд.
Навиди васли он бедодгарро,
Ба захми ҳаҷр маҳкам офариданд.
Туро, эй нозанин, бо лаъли хандон,
Маро бо чашми пурнам офариданд.
Туро аз баҳри айшу комронӣ,
Маро аз баҳри мотам офариданд.
Синарешат ману ту марҳами ҷони дигарӣ,
Карда рам аз ману оромиравони дигарӣ!
Ҳосили ман будӣ дар майсагӣ, эй гандумгун,
Нони тафтон шудӣ акнун, ба даҳони дигарӣ.
Чун қаламча ба чӣ хуни ҷигарат парвардам,
Ба гаҳи баргу наво сабзмадони дигарӣ.
Ҳолати ғӯрагият заҳмати қӯруқ бурдам,
Навбати шира, хуроки магасони дигарӣ.
Ҳаст чун лаълии хушбор саропоят нуқл,
Бо ин оростагӣ зеби дукони дигарӣ.
Нуқли ҷон бар кафу ҷӯёи висолат ману ту,
Дӯхта чашм ба ҷайбу ҳамиёни дигарӣ.
Ёди он мӯйи миён карда ба ашъори дақиқ,
Ман ҳамепечаму ту мӯйи миёни дигарӣ.
Гарчи бисёр бувад қоили ашъори фасеҳ,
Музтариб, лек ту бо нутқу баёни дигарӣ.
Моҳи ман ҳашо ба хубӣ беназир афтодааст,
Оразаш дилҷӯтар аз бадри мунир афтодааст.
Буд якто Юсуфи мисрӣ миёни маҳвашон,
Нисбати ҳуснаш ба ду ушру ашир афтодааст.
Соиди зебои ӯ сим асту соқи ӯ булур,
Аз булӯру сим ҳам балки ҳарир афтодааст.
Ман наям танҳо асири турраи шабранги ӯ,
Дар балои қайди ӯ ҷамъе касир афтодааст.
Як назар бар ҳоли ин мискин, ки ҳоло муддаист,
Бар сари кӯйи ту чун нақши ҳасир афтодааст.
Гулрухон яксар ҳама аз ҷон ғуломаш, Музтариб,
Ӯ ба эшон сарвару мавлову мир афтодааст.

Мухаммаси Музтариб бар маҳдияи Шоҳин ба Аҳмади Дониш вироиш

Бе занну ваҳму беламу белову райбу шак,
Бошад туро вуқуф зи омадшуди малак.
Табъи ту ангабини каромотро чалак,
«Эй як варақ зи дафтари фазли ту нуҳ фалак,
Сити камоли ту зи само рафтӣ то самак».
Бошад савоб он чи туро дар хаёл рафт,
Рафтӣ ба манзиле, ки дар ӯ Дониёл рафт.
Дар сидқи ин мақол басе қилу қол рафт,
«Бар даъвие, ки аз ту ба фазлу камол рафт,
Бирҷис муҳр карду Аторуд навишт чак».
Зоти ту ҳаст мукбири асрори нуҳ сипеҳр,
Пай бурдаӣ ба илм ба осори нуҳ сипеҳр
Донистаӣ маротиби адвори нуҳ сипеҳр,
«Авзои ҳафт ахтару атвори нуҳ сипеҳр,
Бар дониши баланди ту пайдост як ба як».