Муодилаҳои Эйнштейн

Муодилаҳои Эйнштейн, муодилаҳои майдони ҷозиба — бунёди математикии назарияи куллии нисбиятро гӯянд, ки аз системаи муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттии тартиби дуюми ҳосилаашон хусусӣ иборат буда, алоқаи каҷии фазо — вақтро бо тақсимоту ҳаракати модда ва майдонҳои физи­кӣ (ба ғайр аз майдони ҷозиба) муайян мекунанд. Онҳо ба шакли зерин навишта мешаванд:

Бузургиҳои тарафи чапи муодиларо якҷоя тензори Эйнштейн меноманд. Таркиби математикии вай аз (ба истилоҳ тензори метрӣ) ва ҳосилаҳои гуногуни он аз координа­таҳо иборат аст. Аз ҷиҳати физикӣ бошад, тензори Эйнштейн дар айни замон ҳам майдони ҷозиба ва ҳам геометрияи фазо — вақтро тавсиф мекунад. -po тензори энергия — импулс меноманд; вай аз тақсимоту ҳаракати модда ва майдони электромагнитӣ вобаста буда, манбаи физикии ҳисоб мешавад. х- ро собитаи Эйнштейн мегӯянд; вай ба — баробар аст (G — собитаи Нютон, c — суръати нур).

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Эйнштейн А. Собрание науч­ных трудов, том 1—2, Москва 1967;
  • Фок В. А. Теория пространства, времени и тяготе­ния, 2 издание, Москва, 1961,
  • Зельдович Я. Б., Новиков И. Д., Теория тя­готения и эволюция звезд, москва, 1971;
  • Миэнер Ч., Торя К., Уллнр Дж., Гравитация, т. 1—3, пер. с англ, М., 1977.
  • Ландау Л. Д., Лифшиц Б. М, Теоретическая физика, том. 2, москва 1973. А. Турсунов

Сарчашма вироиш