Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ ( форсӣ: مرتضی مطهری3 феврали соли 1919 (? 1920) - 1 майи 1979 ) — рӯҳонӣ, устоди фалсафаи исломӣ, калом, тафсири қуръон ва сиёсатмадори Эрон. Узви ҳайати Муъталифаи исломӣ ва аз назарияпардозони низомӣ Ҷумҳурии исломии Эрон. Вай қабл аз Инқилоби исломӣ дар Эрон (1979) устоди донишкадаи илоҳиёти Донишгоҳи Теҳрон буд. Баъд аз инқилоб ба раёсати Шӯрои инқилоб мансуб шуд.

Муртазо Мутаҳҳарӣ
مرتضی مطهری در جوانی.jpg
Таваллуд 31 январ 1919(1919-01-31)[1]
Даргузашт 1 май 1979(1979-05-01)[1] (60 сол)
Мадфан
Ҳизб
Эътиқод ислом ва шиъа
Соядаст Morteza Motahari sign.png
Ҷойҳои кор
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар 13 баҳмани соли 1298 (3 феврали 1919) дар шаҳри Фаремон аз тавобеи Машҳад дар хонаводаи рӯҳонӣ бо асолати систонӣ [10] зода шуд. Падараш шайх Муҳаммад Ҳусайн Кихо (Мутаҳҳарӣ) буд. Муҳаммадалии Кихо беш аз як қарн пеш барои наздикии бештар ба ҳарами имом Ризо ва ҳавзаи илмии Машҳад аз шаҳристони Зобул дар устони Систон ва Балучистон ба шаҳристони Фаремон дар устони Хуросон муҳоҷират кард. Муртазо Мутаҳҳарӣ дар кӯдакӣ барои фарогирии дуруси ибтидоӣ ба мактабхона рафт. Дар синни дувоздаҳсолагӣ ба ҳавзаи илмии Машҳад рафт ва ба таҳсили муқаддамоти улуми исломӣ пардохт. Дар соли 1937 барои такмили таҳсилоти худ озими ҳавзаи илмии Қум шуд. Андаке пеш аз сафари Мутаҳҳарӣ ба Қум, Абдулкарим Ҳоири Яздӣ, бунёнгузори ҳавзаи илмия даргузашта буд ва раёсати ҳавзаро се тан аз мударрисони бузурги он — Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷат, Сайид Садруддин Садр ва Сайид Муҳаммадтақии Хонсорӣ ба ӯҳда гирифта буданд.

Муртазо Мутаҳҳарӣ, ки аз шахсиятҳои муҳим дар Инқилоб исломӣ аст, ба унвони як шахсияти систонӣ камтар шинохта мешавад. Падарбузурги Муртазо Мутаҳҳарӣ, яъне охунд Мулло Муҳаммадалии Кихо, аз уламои барҷастаи Систон буда, ки ба ҳамроҳи хонаводаи хеш, яъне падари Муртазо Мутаҳҳарӣ ба минтақаи Хуросон кӯч мекунанд ва барои ҳамин эшон камтар ба унвони як систонӣ шинохта шудаанд.

Падари Мутаҳҳарӣ дар соли 1350 шамсӣ дар синни 101-солагӣ фавт кард. Гуфта мешавад, ки модари вай иттилооте дар бораи тибби суннатӣ дошт ва ба муолиҷаи занони рустои Фаремон мепрдохтааст. Мутаҳҳарӣ аз падари худ бо унвони табиби рӯҳонӣ ва аз модараш бо унвони табиби ҷисмонӣ ёд кардааст

Иртибот бо сайид Руҳуллоҳ Хумайнӣ ва осори боқимонда аз ӯВироиш

Гарчи иртиботи Муртазо Мутаҳҳарӣ бо Сайид Руҳуллоҳ Хумайнӣ пас аз табъиди ӯ аз Эрон ба василаи нома ва ғайра истимрор дошт, вале дар соли 1976 муваффақ гардид, мусофирате ба Наҷаф намуда ва зимни дидор бо Хумайнӣ дар бораи масоили муҳимми неҳзат ва ҳавзаҳои илмия бо вай машварат намояд. Пас аз марги Хумайнӣ ва оғози давраи ҷадиди неҳзати исломӣ, Мутаҳҳарӣ ба таври тамомвақт дар хидмати неҳзат қарор гирифт. Вай дар даврони иқомати Руҳуллоҳ Хумайнӣ дар Париж низ сафаре ба он шаҳр намуд. Дар ҳамин сафар Хумайнӣ ӯро масъули ташкили Шӯрои инқилоб кард. Ҳангоми бозгашт Руҳуллоҳ Хумайнӣ ба Эрон, Мутаҳҳарӣ масъулияти кумитаи истиқбол аз Имомро шахсан ба ӯҳда гирифт. Хумайнӣ пас аз марги вай, дар паёми ҷудогонае хитоб ба ҷавонону равшанфикрон, ононро тавсия ба истифода аз кутуби Муртазо Мутаҳҳарӣ кард.

Муртазо Мутаҳҳарӣ 1 майи соли 1979 аз ҷониби размиёни гурӯҳи террористии "Фурқон" кушта шуд.

Муртазо Мутаҳҳарӣ аз худ осори гуногунмавзӯъи пурарзиш боқӣ мондааст. Осори ӯ ғайр аз забони порс, ба забонҳои арабӣ, инглисӣ, туркӣ, урду ва русӣ чоп шудаанд. Дар зер қисме аз осори Мутаҳҳарӣ бидуни бахшбандии мавзӯъӣ оварда шудааст: "Достони ростон", "Ҷозиба ва дофиъаи илмӣ", "Сайре дар Наҳҷулбалоға", "Ҳамосаи Ҳусайнӣ", "Ирфони Ҳофиз", "Озодии маънавӣ", "Даҳ гуфтор", "Фалсафаи ахлоқ", "Инсони комил", "Инсоншиносии Қуръон", "Ояндаи Инқилоби исломии Эрон", "Панҷ мақола", "Понздаҳ гуфтор", "Бист гуфтор", "Инсон ва имон", "Ҷомеъа ва таърих", "Масъалаи ҳиҷоб", "Қиём ва инқилоби Маҳдӣ" ва ғ.


ИстинодВироиш

  1. 1.0 1.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)