Муҳаммадуллоҳи Табарӣ

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ (Таваров Муҳамадулло Султонович) — (28 декабри соли 1969), олим, санъатшинос, театршинос, мунақиди театр, номзади илми таърих (2006), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2019). Аълочии маориф ва илм, фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ

Зиндагинома вироиш

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ 28 декабри соли 1969 дар деҳаи Чаманистони ноҳияи Ҳисор, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи № 15 (1987) ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ҳисор дохил мешавад. Солҳои 1988 – 1990 хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар шаҳри Калугаи Федератсияи Россия. Омӯзишгоҳро соли 1992 ба итмом расонда, дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992 – 1998, назарияи адабиёт ва нақди адабӣ) ва аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999 – 2001, театршиносӣ) таҳсил менамояд. Дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998 – 2000), Аз соли 2000 дар шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳо ба сифати ҳамкор тадқиқот мебарад. Дар маркази матбуот ва шуъбаи тарҷумаи Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик” (2001 – 2015) низ фаъолият дошт. Аз соли 2015 мудири шуъбаи фарҳанги Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” мебошад. Соли 2006 таҳти унвони «Инъикоси воқеаҳои таърихӣ дар ҳунари муосири театрии тоҷик» (дар риштаи таърих) рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ ба таҳқиқи масъалаҳои таъриху назарияи санъати театрӣ, махсусан театри суннатӣ, драматургияи тоҷик ва тадбиқи саҳнавии он шуғл меварзад. Асарҳояш «Шахсият, таърих, саҳна» (“ЭР-граф”, 2004), «Воқеаҳо ва намоишҳо» (“Технографика”, 2005), «Театр ва истиқлол» (“Маориф ва фарҳанг”, 2010) ба масъалаҳои рушди театр дар замони муосир бахшида шудаанд. Масъалаҳои фолклор, драматургия ва театрро дар маҷмӯаи очеркҳои «Фазои ҳамгироӣ» (“ЭР-граф”, 2011) баррасӣ намудааст. Монографияи ӯ «Театри Мавлоно ва ҷиҳатҳои театрии зикру самоъ» (“Русская литература”, 2009) аз ҷониби муҳаққиқони соҳа баҳои баланд гирифта, қисматҳои алоҳидаи он дар нашрияҳои давлатҳои ҳамсоя ба табъ расидаанд. Таҳқиқи раванди ташаккули маҳорати ҳунарии ҳайати эҷодии театрҳои кишвар дар эҷодиёти мавсуф мавқеи муҳим дорад. Маҷмӯаи “Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” (“Дониш”, 2013) аз ҳамин зумра аст. Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар нақди театрӣ яке аз чеҳранигорони чирадаст ба шумор меравад. Миёни нигоштаҳояш матолиби хонданӣ нисбати ҳаёт ва эҷодиёти донишмандон, пешаварони аршад ва ҳунармандони мумтози театри тоҷик Низом Нурҷонов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Ҳошим Гадоев, Фаррух Қосимов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тамара Абдушукурова, Марям Исоева, Убайдулло Раҷабов, Музаффар Хаёлов, Мирзоватан Миров, Миралӣ Достиев, Сабоҳат Қосимова, Савринисо Сабзалиева, Бобосаид Ятимов, Ато Ҳамдам, Янтобте Мамадқулов ва дигарон мақоми хос доранд. Як зумра портретҳои офаридааш таҳти унвони «Дидори дӯст» («Технографика», 2009) ба чоп расидаанд. Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар таҳқиқи равандҳои муосири драматургияи миллӣ саҳми назаррас дошта, доир ба он маводи зиёде мунташир намудааст. Муҳимтарин офаридааш дар ин самт асари «Нақши нур» («Адиб», 2009) маҳсуб меёбад, ки дар мисоли эҷодиёти адиб ва драматурги фарҳехтаи тоҷик Нур Табаров масъалаҳои драматургияи миллӣ таҳқиқ шудаанд.

Осор вироиш

  • Личность, история, сцена. — Душанбе: Эҷод, 2004.
  • События и спектакли. — Душанбе: Технографика, 2005.
  • Театр Мауланы и театральность зикров и самаъ. — Душанбе, 2009.
  • Дидори дӯст. Маҷмӯи мақолаҳо. – Душанбе, 2009.
  • Нақши нур. — Душанбе, 2009.
  • Театр и независимость. — Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010.
  • Орбиты взаимодействия. — Душанбе: Эр-граф, 2011..
  • Таджикский государственный молодежный театр имени М. Вохидова. — Душанбе: Дониш, 2013.
  • Традиции и новаторство в таджикском театре. — Душанбе: Дониш.
  • Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ. — Душанбе. 2019.
  • Адабиёти тоҷик дар замони истиқлол. — Душанбе: Матбаи ДМТ, 2020.

Эзоҳ вироиш