Муҳаммад Зуҳарӣ
Муҳаммад Зуҳарӣ (форсӣ: محمد زُهَری; 17 август 1926, Туникобун, Устони Мозандарон — 4 март 1995, Теҳрон) — шоир ва нависандаи эронӣ.
Таърихи таваллуд: | 17 август 1926 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 4 март 1995 (68 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишПадараш Абдуллоҳхони Зуҳарии Халъатбарӣ аз фаъолони Инқилоби Машрута дар Эрон буд. Соли 1931 аз сабаби ихтилофи назаре, ки падараш бо Ризошоҳи Паҳлавӣ дошт, хонаводаи онҳо ба Малоир ва баъдан ба Шероз табъид шуд. Пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ба Теҳрон кӯчиданд. Соли 1954 риштаи забон ва адабиёти форсии Донишкадаи адабиёти Теҳронро хатм кард.
Эҷод
вироишМуҳаммад Зуҳарӣ кори эҷодиро дар навҷавонӣ бо навиштани мақолаҳо ва ҳикояҳои хурд дар маҷ. «Тӯфон» оғоз кардааст. Чанд сол дабири адабиёт буд ва соли 1963 ба Китобхонаи миллии Эрон рафта, дар таълифи 9 ҷилди «Китобшиносии миллии Эрон» дар ду марҳала ширкат дошт. Шеърҳои нахустинаш дар матубот солҳои 1950 ба табъ расидаанд. Баъд маҷмӯаҳои ӯ «Ҷазира» (1956), «Гилоя» (1965), «Шабнома» (1968), «Татама» (1969), «Баргузидаи ашъор» (1969), «Мушт дар ҷайб» (1974), «Пири мо гуфт» (1977) мунташир шуданд. Муҳаммад Зуҳарӣ аз гузаштаи адаби форсӣ ва ашъори классикони форс-тоҷик огоҳии хуб дошт ва шеъраш аз таъсири шоирони куҳан орӣ нест. Муҳаммад Зуҳарӣ ба монанди Шомлу, Суҳроби Сипеҳрӣ, Фаредуни Муширӣ, Ахавони Солис шоири навпардоз буд. Тағаззул аз ҷанбаҳои қавии шеъри ӯст. Ғурбати амиқу дардолуд дар ашъораш ниҳон аст. Дар маҷмӯаи «Гилоя» чаҳорпораро раҳо карда, бо ҳадиси ранҷу андуҳу танҳоӣ шеъри нимоиро пайгирӣ кардааст. Дар маҷмӯаи «Шабнома» ба навъе аз зеҳнковӣ ва мазмунёбии шоирона рӯй меоварад ва ин мазмунҳоро, ки бештар иҷтимоӣ ҳастанд, ба сурати қитъаҳои кӯтоҳ баён мекунад.
Чунончи:
Ба гулгашти ҷавонон
Ёди моро зинда доред, эй рафиқон,
Ки мо дар зулмати шаб
Зери боли ваҳшии хуффоши хуношом
Нишондем ин нигини субҳи равшанро
Ба рӯи пояи ангуштари фардо
Ва хуни мо
Ба сурхии гули лола
Ба гармии лаби табдори ошиқ
Ба покии тани беранги жола
Рехт бар девори ҳар кӯча...
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зуҳарӣ Муҳаммад // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.