Муҳаррам Расулова — номзади илми биология (1959). Узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1981).

Муҳаррам Расулова
Муҳаррам Расулова
Таърихи таваллуд 17 июн 1926(1926-06-17)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2006
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор КИҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо медали «Барои меҳнати шоиста»

Зиндагинома вироиш

Муҳаррам Расулова 17 июни соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Институти давлатии омӯзгории ба номи С.М.Кирови Ленинободро хатм кардааст (1947)., ихтисос – «ботаника»). Солҳои 1941—1943 лаборанти заводи пахтатозакунии шаҳри Ленинобод. Солҳои 1945—1947 лаборанти Институти муаллимии занона ва дар як вақт донишҷӯи шуъбаи шабонаи факултети табиатшиносии Институти педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод. Солҳои 1947—1951 ассистент ва муаллими калони кафедраи географияи Институти муаллимии занона ва дар як вақт (1950—1951) директори омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод буд. Солҳои 1951—1958 аввал аспирант, баъд ходими илмӣ.[1] Муовини директор (1962-1966), мудири бахши флора ва систематикаи рустаниҳои олӣ (1966-1976; 1988-1991), директори Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1976-1988).

Самти асосии фаъолияти илмӣ: флора ва систематикаи рустаниҳо. Ӯ ба 30 намуди нави лӯбиёиҳо тафсири ботаникӣ додааст.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо медали «Барои меҳнати шоиста»,
  • Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[2]

Сарчашма вироиш

  1. Муҳаррам Расулова(тоҷ.). www.kitobam.com. 12 июни 2020 санҷида шуд.
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.