Муҳиддин Аминзода
Муҳиддин Аминзода (22 марти 1904, Хуҷанд — 1 сентябри 1966, ҳамон ҷо) — шоир ва тарҷумони тоҷик. Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1964). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1935).
Муҳиддин Аминзода | |
Таърихи таваллуд: | 22 март 1904 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 9 сентябр 1966 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир ва тарҷумони тоҷик |
Жанр: | шеър |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1964) |
Зиндагинома
вироишАз оилаи мударрис. Муҳиддин Аминзода 22 марти соли 1904 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст. То солҳои 20 садаи XX дар мактаби куҳна, сипас дар мактаби нав таълим гирифтааст. Баъди хатми Курсҳои педагогии Самарқанд (1925) муаллимӣ кардааст. Солҳои 1928 — 29 дар Институти мусиқии хореографии Самарқанд таҳсил намудааст. Аз соли 1932 роҳбари адабии Театри драмаи мусиқии Хуҷанд. Дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ дарс гуфтааст. Соли 1937 дар Театри мусиқии Душанбе (ки он соли 1940 ба Театри опера ва балет табдил ёфт) кор кардааст. Дар охирҳои умр Муҳиддин Аминзода дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ карда, асосан ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ махсусан маҷ. «Хорпуштак», г. «Ҳақиқати Ленинобод» шеърҳо, мақолҳо, ҳаҷвияҳояш чоп мешуданд. Аввалин шеърҳояш нимаи дуюми соҳои 20 дар г. «Овози тоҷик» ва маҷ. ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» чоп шудаанд. Нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Шеърҳо» (1935), «Чаман» (1937) ном доштанд. Минбаъд маҷмӯаҳои дигараш «Баҳори Ватан» (1940), «Садои зафар» (1944), «Шеърҳои мунтахаб» (1948, 1949, 1952, 1954, 1956), «Баҳори дил» (1964) аз чоп баромаданд.
Эҷодиёт
вироишШеър
вироишЭҷодиёти Муҳиддин Аминзода дар назми шӯравии тоҷик мавқеи махсус дорад. Мавзӯъҳои асосии ашъори шоир дар солҳои 20 – 30 васфи Инқилоби Октябр, озодии занон, корнамоии мардуми тоҷик дар сохтмони ҳаёти нав, васфи Ватани сотсиалистӣ, тарғиби илму дониш, ҳаёти хушбахти ҷавонони шӯравӣ, мазаммату танқиди боқимондаҳои дунёи феодалӣ ва урфу одатҳои гузашта мебошанд. Муҳиддин Аминзода дар солҳои ҶБВ (1941 – 45) як силсила шеърҳои ватандӯстона аз қабили «Шамшери бурро», «Тешабой», «Сухани комсомол», «Ба модарам – Ватанам» ва ғ. навишта, қаҳрамонии мардуми тоҷикро ба муқобили фашизм тасвир ва тавсиф намудааст. Дар солҳои пас аз ҷанг мушаххасбаёнии Муҳиддин Аминзода боз такмил ёфт. Аксар шеърҳои ӯ мавзӯи муайян дошта, ба муносибати ягон воқеа ё санаҳои таърихӣ эҷод шудаанд. Яке аз мавзӯъҳое, ки Муҳиддин Аминзода бо тақозои замон пайваста ба он муроҷиат кардааст, тасвири симои В. И. Ленин мебошад. Дар бораи ин шахс шеърҳои зиёде эҷод кардааст, ки дар маҷмӯаҳои ашъораш ҷой гирифтаанд. Тасвири дӯстии халқҳои озодихоҳи ҷаҳон, васфи шаҳру деҳоти кишвар (собиқ ИҶШС), фатҳи коинот низ дар шеърҳои Муҳиддин Аминзода мақоми муҳим доранд. Муҳиддин Аминзода дар инкишофи шаклу анвои шеър ва воситаҳои тасвири назми тоҷик ҳиссагузорӣ кардааст.
Ҳаҷв
вироишВай яке аз бунёдгузорони шеъри ҳаҷвӣ дар адабиёти тоҷики замони шӯравӣ мебошад. Солҳои ҶБВ (1941 – 45) ҳаҷвиёти Муҳиддин Аминзода ривоҷ пайдо кард ва дар он ваҳшонияту ҷаҳолат, тарсончакию буздилии фашистон сахт мазаммат ва маломат шудаанд («Моҷарои валенкӣ», «Асп ва генерал» ва ғайра). Дар солҳои пас аз ҷанг фаъолияти ҳаҷвнигории Муҳиддин Аминзода хеле вусъат ёфт. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, хусусан маҷ. «Хорпуштак» мунтазам ҳаҷвияҳояш чоп мешуданд. Вай аз ташкилдиҳандагони гӯшаи ҳаҷвии «Анбур» дар г. «Ҳақиқати Ленинобод» буд. Аксар шеърҳои Муҳиддин Аминзода ба мазаммати хислатҳои бад ва ношоистаи одамон – манманӣ, суханчинӣ, хушомадгӯӣ равона шудаанд.
Суруд
вироишМуҳиддин Аминзода муаллифи зиёда аз панҷоҳ суруд, дуэту лапар аст. Аксари онҳо ҳоло ҳам дар барномаи эҷодии ҳофизони тоҷик побарҷой ҳастанд. Шоир соли 1940 ҳамроҳи Р. Ҷалил достони «Ленинобод»-ро навишт, ки дар бораи таърихи гузаштаву имрӯзаи шаҳри бостонии тоҷикон Хуҷанд баҳс мекунад. Дар мавзӯи ташаккули синфи коргари тоҷик намоишномаи мусиқии «Шараф»-ро таълиф намуд ва он дар Театри мазҳакаи мусиқии Хуҷанд соли 1935 ба саҳна гузошта шуд.
Тарҷума
вироишМуҳиддин Аминзода мутарҷими соҳибистеъдод буда, тарҷумаи «Фарҳод ва Ширин»-и А. Навоӣ (ҳамроҳи Р. Ҷалил) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Умуман, аз адабиёти халқҳои собиқ шӯравӣ Муҳиддин Аминзода зиёда аз 130 ҳазор мисраъ шеър, ду повест, чандин ҳикоя, зиёда аз 20 драмаи мусиқӣ ва либреттои 10 операро тарҷума кардааст. Муҳиддин Аминзода устоди тарҷумаи эквиритмӣ (тарҷума бо риояи вазну оҳанг) буд. Асарҳои А. С. Пушкин «Борис Годунов», «Лӯлиён», масалҳои И. А. Крилов, шеърҳои М. Ю. Лермонтов, Т. Г. Шевченко, И. Франко, «Духтар ва марг»-и М. Горкий, «Мамлакати Муравия»-и А. Твардовский, «Сирри ҳарбӣ»-и А. Гайдар, «Писархонди полк»-и В. Катаев, шеърҳои Махтумқулӣ, Нозим Ҳикмат, К. Симонов, Е. Долматовский, П. Бровка, Ҷамбул Ҷабаев, С. Сталский, Г. Леонидзе, Ҳамза, Ғафур Ғулом, Собир Абдулло, Аширмат, порчаҳо аз достони «Палангинапӯш»-и Шота Руставели, эпоси армании «Довуди Сосунӣ», пйесаи мусиқии У. Ҳоҷибеков «Оршин мол-олон» ва ғ.-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1936.
Бузургдошт
вироишДар шаҳри Хуҷанд хона-музейи Муҳиддин Аминзода ташкил карда шудааст. Дар шах,ри Душанбе мактаби ҳунаромӯзии кӯдакон ба номи Мух,иддин Аминзода гузошта шудааст
Осор
вироиш- Куллиёт, ҷ. 1, Д., 1976; ҷ. 2, Д., 1980.
Адабиёт
вироиш- Очерки таърихи адабиёти совети тоҷик, ҷ. 1, Сталинобод, 1956;
- Асрорӣ В., Муҳиддин Аминзода, дар кит. М. Аминзода, Баҳори дил, Д., 1964;
- Набиев А., Талху ширин чун панди падар, маҷ. «Садои Шарқ», 1984, № 8.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.