Муҷасамаи зану мард бо ситораҳо

Муҷасамаи зану мард бо ситораҳо — дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон воқеъ гаштааст. [1]

Таърих вироиш

12 апрели соли 1961 инсон бори нахуст ба кайҳон парвоз намуд. Ин ба Юрий Гагарин муяссар гардид. Олимону муҳандисони соҳаи кайҳоннавардӣ ба оламу оламиён қудрати шуури инсоро нишон доданд ва бо ин ба хулосае омаданд, ки на танҳо қуллаҳои баланди сайёра, қаъри уқёнусу баҳрҳо ва ғорҳои беканор, балки инсон метавонад фазои сайёраи Замин ва коинотро тадқиқ кунад. Имрӯзҳо бо тараққиёти чунин техникаи муосир ва технологияи давраи панҷум мо шоҳиди он ҳастем, ки инсоният дар бораи дигар ситора ва сайёраҳои системаи офтобӣ галактикаро аз худ карда истодааст. Ба хотири тараққиёти инсоният дар соҳаи кайҳоншиносӣ соли 1972-1973 дар яке аз мавзеъҳои баланд (1500 метр аз сатҳи баҳр) ва зебои ноҳияи Хуросон, ки номи Фахрободро гирифтааст, муҷассамаи «Зану мард бо ситорагон»-ро бунёд карданд. Баландии муҷассама 12 метр буда, дар майдони 0,01 га сохта шудааст.[2]

Эзоҳ вироиш