Ҳикмат Мӯминов
Ҳикмат Мӯминов — омӯзгор, физикадон, доктори илмҳои физикаву математика (1996), узви вобастаи АИ ҶТ (2004) [1], академики АИ ҶТ (2017).
Ҳикмат Муминов | |
---|---|
Ҳикмат Ҳалимович Муминов | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 14 сентябри соли 1966 |
Зодгоҳ: | |
Кишвар: | Шаблон:Прачам |
Фазои илмӣ: | физикаи назариявӣ, моделсозӣ ва нанотехнология |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва АИ ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Роҳбари илмӣ: | узви вобастаи АИ ҶТ Фотеҳ Ҳакимов |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника |
ЗиндагиномаВироиш
Ҳикмат Ҳалимович Муминов соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «физика» ва касби муаллим-физик хатм кардааст. Соли 1992 дар Институти муттаҳидаи тадқиқоти ядроӣ АИ ФР рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи ҳолати конденсӣ, физикаи математикавии ғайрихаттӣ ва нанотехнология. И.в. муовини декан оид ба таълими факултаи физикаи ДДТ (1992-1993), ходими пешбари илмии озмоишгоҳи физикаи назариявии ба номи Н.Н. Боголюбови Институти муттаҳидаи тадқиқоти ядроӣ АИ Федератсияи Русия (1996-1999). Профессори факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996-2006), мудири бахши физикаи назариявӣ ва мудири шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ (2006-2017) ва ноиби президенти АИ ҶТ, Раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017 - то имрӯз).
ҶоизаҳоВироиш
- Медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
- Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1998).
ЭзоҳВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.