Наим Сангинов (тав. 15.11.1944, ноҳияи Айнӣ), забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (1980), дотсент (1982).

Зиндагинома

вироиш

Соли 1966 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст. Солҳои 1967–1968 муаллими кафедраи забони англисии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1970–1971 афсари Артиши Шӯравӣ, аз соли 1971 муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Якчанд сол дар вазифаи мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи кори тарбиявии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода адои вазифа намудааст. Якчанд солҳо ҳамчун дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор карда, аз соли 1995 мудири кабинети методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳамчун муаллими ҳамкор дар донишгоҳи омӯзгорӣ кор мекард. Муаллифи як қатор асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад.


Пайвандҳо

вироиш