Найзадумҳо (лот. Xiphosura) — як қатори ҳайвонҳои буғумпои баҳриро гӯянд, ки аз синфи меростомаҳо буда, бештари онҳо замонҳои қадим нобуд шудаанд.

Найзадумҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Xiphosura Latreille, 1802
Намудҳо

Сохти зоҳирӣ

вироиш

Бадани найзадумҳо паҳн (дарозиаш то 90 см) буда, аз ду қисм (сарсива ва шикам) иборат аст. Дар қисми сарсива 6 ҷуфт пой доштанд, ки вазифаи ҳаракат, доштан ва майда кардани хӯрокро иҷро мекарданд.

Найзадумҳо ҳайвони ҷудоҷинсаи тухмгузор аст. Аз тухми онҳо кирмина пайдо мешавад.

Ҷинсҳо

вироиш

12 ҷинси мурдарафтаи найзадумҳо маълуманд, ки ба давраи силур мансубанд. Найзадумҳо ба 3 ҷинс ва 5 намуд тақсим мешаванд, онҳо дар уқёнуси Атлантика ва соҳилҳои ҷанубу шарқӣ ва шарқии Осиё паҳн шудаанд. Найзадумҳо дар тунукоба зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон ҳайвонҳои бемуҳраи зериобӣ ва обсабзҳо мебошанд.

Сарчашма

вироиш