Намангон (ӯзбекӣ: Namangan) - маркази маъмурӣ ва бузургтарин шаҳри вилояти Намангон Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Баъд аз шаҳри Тошканд, 2-умин шаҳри Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи шумораи аҳолӣ.

Намангон
ӯзбекӣ: Namangan/Наманган
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1610
Масоҳат
  • 145 км²
Баландӣ
450 ± 1 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 716000
Вебгоҳи расмӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих вироиш

Номгузории шаҳр аз забони форсӣ «Намак кон» (نمک‌کان) — «кони намак» гирифта шудааст. Аз рӯи ривоятҳо, дар ҷойи бошишгоҳ кӯле будааст, ки аз он намак истеҳсол менамуданд[2].

10 марти соли 1941 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР вилояти Намангон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ва шаҳри Намангон маркази он эълон шуд.

Соли 2003 ноҳияи Давлатободи ш. Намангон барҳам дода шуда ба хокимияти шаҳр тобеъ карда шуд.

Ҷуғрофия вироиш

Намангон дар қисми шимоли водии Фарғона воқеъ аст. Баланди аз сатҳи баҳр — 476 метр. Масоҳати шаҳр — 145 км²[3] аст.

Аҳолӣ вироиш

Соли 2017 шумораи аҳолии шаҳр — 597 400 нафарро ташкил медод.[4]

Ислом вироиш

 
масҷиди Мулло Қирғиз, Намангон

Намангон — шаҳрест, ки бо анъанҳои исломӣ шинохта мешуд. То соли 1917 инҷо 400 масҷид фаъолият дошт. Ибтидои солҳои 90-ум дар шаҳр ҷонибдорони мазҳаби ваҳҳобия (роҳбар Тоҳир Юлдош) ва гурӯҳҳои ифротгароии «Ислом лашкарлари» ва «Товба» («Тауба») бо роҳбарии Ҷумъа Намангонӣ якчанд амалҳои зидди давлатӣ гузарониданд, ки хилофи Конститутсияи кишвар буданд. Ҳукумати Ӯзбекистон соли 1993 зидди гурӯҳҳои ифротгароӣ муборизаро сар кард, масҷиди Мулло Қирғиз ба тобеъияти давлат гузашт. Роҳбарони ифротгароён ба Афғонистон гурехтанд. Ҳоло шаҳр дар вазъияти ором қарор дорад.

Эзоҳ вироиш