Намоишгари роёна
Намоишгари роёна, ё монитори компютер (англ. Computer monitor) — дастгоҳи хуруҷиест, ки тасвири тавлидшуда тавассути адаптери тасвирии роёна бар рӯйи он нишон дода мешавад. Намоишгар тавассути ноқил ба адаптери тасвирӣ пайваст мешавад.
Намоишгарҳои бо қобилиятҳои мутафовит барои корбурдҳои хос тавлид мешаванд:
- Намоишгари якранг, ки фақат сиёҳу сафед ва ранги хокистариро нишон медиҳад.
- Намоишгари ду ё чандранг, ки ранги матн ва кадри матнро метавонад тағйир диҳад.
- Намоишгари тамомрангӣ ё супервиҷие, ки беш аз бист миллион ранг тавлид мекунад ва тасвирҳои нисбатан табиъӣ арза мекунад.
Дар ҳоли ҳозир намоишгарҳо дар чаҳор навъ тавлид мешаванд:
- намоишгарҳои партави котудӣ ё СӣАрТӣ (CRT)
- намоишгарҳои булӯрмоеъ ё ЭлСӣДӣ (LCD), ки фановарии сафҳанамоиши онҳо монанди соати дастии диҷитол ё сафҳанамоиши телефони ҳамроҳ аст. Сафҳаи намоишгари ЭлСӣДӣ (Liquid crystal display) дорои булӯри моеъ аст.
- намоишгарҳои ЭлЭйДӣ (LED)
- намоишгарҳои диуди нургусели органик (OLED)
Сатҳи сафҳанамоиши намоишгарро бар андозаи инч месанҷанд. Барои мисол, намоишгари 17 инч, яъне фосила аз гӯшаи самти росту боло то гӯшаи самт чапу поини сафҳанамоиш 17 инч аст.
Эзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |