Ибодулло Нарзиқулов
(Тағйири масир аз Нарзиқулов Ибодулло Қосимович)
Ибодулло Қосимович Нарзиқулов (12 ноябри соли 1909, шаҳри Самарқанд — 2 апрели соли 1974, шаҳри Душанбе) - номзади илмҳои иқтисодӣ (1950), профессор (1968), Академик (1953), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).
Ибодулло Нарзиқулов | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 12 ноябр 1909 |
Зодгоҳ: | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 3 апрел 1973 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе , |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор: | Раиси Госплани Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон, и.в. президенти АИ ҶШС Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Институти индустириалии ш.Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург), ИҶШС |
Ҷоизаҳо: | Ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени»Нишони Фахрӣ», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964), медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон |
ЗиндагиномаВироиш
Ибодулло Нарзиқулов соли 1935 Институти индустриалии Ленинградро хатм кардааст, ихтисос – «иқтисоди саноат» Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: иқтисоди саноат.
- 1941-1943 - Ёвари раиси Шӯрои комиссариати халқ ҶШС Тоҷикистон,
- 1943-1946 - раиси Госплани ҶШС Тоҷикистон,
- 1951-1953 - Муовини сардори Раёсати Бахши тоҷикистонии АИ ИҶШС Тоҷикистон,
- 1954-1956 - Ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
- 1956-1957 - Муовини раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон,
- 1957-1967 - Ноиби аввали президенти АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1966-1968 - и.в. президенти АИ ҶШС Тоҷикистон,
- раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии АИ ҶШС Тоҷикистон (1966-1973).
ҶоизаҳоВироиш
- Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).[1]
АдабиётВироиш
- Ибадулла Касимович Нарзикулов. Материалы к библиографии ученных Таджикистана. – Д., 1969.
- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 92 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6
СарчашмаВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с
Пайвандҳои берунаВироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |