Ната́лья Серге́евна Гончаро́ва (21 июн [3 июл] 1881[1][2][3], Nagaevo-Karbonier[d], Губернияи Тула[d], Русияи подшоҳӣ17 октябр 1962[4][5][6][…], Порис[2]) — рассом ва нигоштори рус.

Наталя Гончарова
Суратҳо
Таърихи таваллуд 21 июн (3 июл) 1881[1][2][3]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 17 октябр 1962(1962-10-17)[4][5][6][…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр Rayonism[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз соли 1919 дар Фаронса кору зиндагӣ кардааст. Аз хонадони дворянҳои рус. Солҳои 1898—1909 дар Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав таҳсил намуда, аз П. П. Трубеской ва С. М. Волнухин ҳайкалтарошӣ, аз К. А. Коровин наққоширо омӯхтааст. Соли 1900 бо М. Ф. Ларионов шинос шуд, ки баъдан бо ҳам издивоҷ карданд. Наталя Гончарова ҳамроҳи Ларионов дар садри анҷуманҳои пешрави «Валети алмосӣ», «Думи хар» ва «Ҳадаф» меистод. Корҳои ӯ қариб дар тамоми намоишгоҳҳои рассомони қаноти «чап» ба намоиш гузошта мешуданд. Соли 1912 осори Наталя Гончарова ҳамроҳ бо Ларионов дар намоишгоҳи «Савораи обӣ» (Мюнхен) ба намоиш гузошта шуд. Осори давраи аввали Наталя Гончарова (солҳои 1990), ки дар сабки импрессионизм эҷод шудаанд, дар намоишгоҳҳои Театри бадеии Маскав, «Ҷаҳони ҳунар» ва ғ. бо комёбӣ маърази тамошо гузошта мешуданд. Дар осори давраи камолоти ӯ таъсири постимпрессионизм, кубизм, футуризм ва аз ҳама бештар примитивизм ба назар мерасад. Дар қиёс бо дигар авангардистон Наталя Гончарова аз тасвири маҷозии ашё даст накашид ва дар наққошиҳои ӯ сужетҳои маишӣ низ боқӣ монданд. Дар давраи эҷодиёти неопримитивии хеш (1908-09) Наталя Гончарова ба ҳунари тасвирии омиёнаи рус, фарҳанги мардумӣ, тамсилҳои санамҳои бутпарастӣ ва «бут»-ҳои сангин рӯй овард («Хонумҳои хасрӯббадаст», 1907; «Моҳигирӣ», 1909; «Бутҳо», 1908-09). Рангҳои дурахшони сода, ки ба тарзи зариф дар ангораҳо истифода шудаанд, услуби П. Гогенро ба ёд меорад. Наталя Гончарова солҳои 1911-1912 ба футуризми кубӣ ва «лучизм» рӯй овард. Соли 1913 дар намоишгоҳе, ки Ларионов созмон дода буд, шаш акварели ӯ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз таҷрибаи эҳёи суннатҳои наққошии мардумӣ ҳикоят мекарданд. Бахши дигари осори Наталя Гончарова-ро графика дар бар мегирад. Соли 1912 маҷмӯаи литографӣ дар руқъаҳо аз рӯи наққошиҳои Наталя Гончарова нашр шуд. Дар ҳамин давра ҳамроҳи Ларионов чанд асари футуристиро ороиш дод. Наталя Гончарова саҳнаҳои театрӣ — балети «Хурӯсаки зарин» (1914, оҳанги Н. А. Римский-Корсакав)-ро барои «Мавсимҳои русӣ» дар Порис ва ғ.-ро низ ороиш додааст. Соли 1915 Наталя Гончарова ва Ларионов бо пешниҳоди Дягилев Руссияро тарк карданд. Наталя Гончарова ба намоишномаҳои «Афсонаҳои русӣ» (оҳанги А. К. Ладова) ва «Шарф Коломбини»-и Наталя Гончарова Гофманстал, «Испания» (аз рӯи асари М. Равел) декоратсияҳо таҳия кардааст. Осори Наталя Гончарова дар бисёр осорхонаҳои ҷаҳон (бахши аъзамашон дар Нигористони давлатии Третяков) маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш
  • Поспелов Наталя Гончарова Наталя Гончарова Наследство Гончарова и Ларионова // Наше наследие. М., 1990; № 1;
  • Сробьянов А. Д. Неизвестный русский авангард в музеях и частных собраниях. М., 1992;
  • Н. С. Гончарова и М. Ф. Ларионов. Исследования и публикации. М. 2003.

Сарчашма

вироиш