Нау́м Иса́евич Гре́бнев (номи хонаводагии аслиаш — Рамбах; 20 октябр 1921, Ҳорбин[d], Q4502755?2 январ 1988, Маскав) — шоир ва тарҷумони рус.

Наум Гребнев
Naum Grebnev.jpg
Таърихи таваллуд: 20 октябр 1921(1921-10-20)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 2 январ 1988(1988-01-02) (66 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон
Солҳои эҷод: аз 1942
Жанр: шеър[d]
Забони осор: русӣ ва арманӣ
Ҷоизаҳо:
Order of the Patriotic War 1st class ордени «Нишони Шараф» Medal "For Battle Merit" Medal "For the Defence of Stalingrad" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945"

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи Институти адабии ба номи М. Горкийи Маскав (1949). Дар ҶБВ (1941—1945) ширкат кард. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш «Кори ҳақ» (1947)-ро ба ҳамяроқонаш бахшид. Минбаъд ба кори тарҷумонӣ пардохта, осори шоирони арман, гурҷӣ, қирғиз, тотор, туркман, ӯзбек ва мардумони дигарро ба русӣ баргардонид. Муддате дар Доғистон зиста, забони халқҳои Қафқози Шимолиро омӯхт. Ашъори Расул Ҳамзатов ва дигар шуарои Доғистон, Чеченистон, Кабардину Балқар, Абхозистонро ба русӣ тарҷума кард. Хидмати Наум Гребнев дар тарғибу ташвиқи ашъори адибони форс-тоҷик бузург аст; намунаҳо аз осори Ҷалолуддини Румӣ, дигар намояндагони адабиёти гузашта ва муосирро ба забони русӣ бо маҳорати баланд баргардон кардааст. Дар тарҷумаҳояш мазмунҳои бикру оҳангҳои ғоявии намунаҳои аслро дақиқ ифода намудааст. Осори тарҷумакардааш дар маҷмӯаҳои зиёд ба табъ расидаанд.

ҶоизаҳоВироиш

Бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор шудааст.

ОсорВироиш

  • Четверостишия. Из таджикской народной лирики. Сталинабад, 1957;
  • Что видел ёжик. Стихи. М., 1957; Из таджикской народной поэзии. Д., 1964;
  • Истины. Изречения персидского и таджикского народов. М., 1968;
  • Песни страны певцов. Из таджикской народной поэзии. Д., 1972;
  • Деҳоти А. Озорной барашек. Стихи. Д., 1986;
  • Джалаладдин Руми. Поэма о скыртом смысле. М., 1986.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш