Нгуен Суан Фук (вйетн. Nguyễn Xuân Phúc; тав. 20 июли 1954, Куешон, Куангнам, Вйетнам) - сиёсатмадор ва арбоби давлатии вйетнамӣ, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам аз апрели 2021. Дар иҷлосияи 11-уми Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам даъвати XIV ба вазифа интихоб шудааст. Вай аз 7 апрели 2016 то 5 апрели 2021 сарвазири Вйетнам буд.

Нгуен Суан Фук
вйетн. Nguyễn Xuân Phúc
аз 5 апрели 2021
Пешгузашта Нгуен Фу Чонг
7 апрели 2016 — 5 апрели 2021
Президент
Пешгузашта Нгуен Тан Зунг
Ҷонишин Фам Мин Чин
2 августи 2011 — 7 апрели 2016
Нахуствазир Нгуен Тан Зунг
Президент Чионг Тан Шанг
Чан Дай Куанг
Пешгузашта Нгуен Шин Хунг
Ҷонишин Чионг Хоа Бин
парчам
Вазир — раҳбари дастгоҳи ҳукумати Вйетнам
парчам
2 августи 2007 — 3 августи 2011
Президент Нгуен Мин Чиет
Пешгузашта Доан Ман Гяо
Ҷонишин Ву Дик Дам
парчам
Аъзои Бюрои сиёсии КМ Ҳизби коммунистии Вйетнам
парчам
аз 19 январи 2011
Таваллуд 20 июл 1954(1954-07-20) (69 сол)
Ҳамсар Tran Thi Nguyet Thu[d]
Ҳизб
Таҳсилот
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Зиндагинома вироиш

Нгуен Суан Фук дар Донишгоҳи халқии иқтисодии Ханой[vi] (1972-1978) соҳибилм шуд. Пас аз хатм, вай дар шуъбаи иқтисодии Вилояти Куанг Нам кор кардааст. Аз соли 1980, ӯ ба Кумитаи халқии музофоти Куангнам интиқол дода шуд ва дар он ҷо аз корманд то раиси кумита расид. Солҳои 1993-1996 вай раёсати банақшагирӣ ва сармоягузории музофоти Куангнамро роҳбарӣ кардааст. Дар ҳамон солҳо, ӯ MBA аз Донишгоҳи Миллии Сингапур гирифтааст. Аз соли 1997, ӯ ҳамчун узви ҳизб дар кумитаи маҳаллии музофоти Куангнам кор мекунад. Аз соли 2006, ӯ дар мақомоти марказии иҷроияи Вйетнам кор карда, дар вазифаҳои муовини роҳбари аудити давлатӣ, вазир — роҳбари дастгоҳи ҳукумат, аз соли 2011 — муовини сарвазир, аз соли 2016 — ҳамун сарвазир кор кардааст.

Узви Ҳизби коммунисти Вйетнам аз соли 1983, узви Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Вйетнам, даъватҳои X, XI ва XII, узви Бюрои сиёсии КМ ҲКВ даъватҳои XI ва ΧΙΙ интихоб шудааст. Вакили даъвати ΧΙ ва XII-и Маҷлиси миллии Вйетнам (2002-2007).

31 январи соли 2021 Нгуен Суан Фук аз ҷониби Кумитаи даъвати 13-уми ҳизб дубора интихоб шуд[1].

Президент вироиш

5 апрели соли 2021, вай ба ҷои Нгуен Фу Чонг, ки қаблан истеъфояшро эълом карда буд, иваз карда шуд ва дар ҷараёни ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ президенти 11-уми Вйетнам интихоб шуд [2][3].

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонад. Оиладор ба Трун Тху Нгуит Ту[4][5][6].

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳои беруна вироиш

Эзоҳ вироиш