Неъматҷон Абдураҳмонов
Неъматҷон Абдураҳмонов (тав. 1905, Конибодом — 1985, Душанбе) — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957).
Таърихи таваллуд | 1905 |
---|---|
Зодгоҳ | Конибодом |
Таърихи даргузашт | 1985 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Ҷоизаҳо |
ЗиндагиномаВироиш
Фаъолияти кориашро аз коргари корхонаи консерви Конибодом ва кони нефти САНТО (1924 — 31) оғоз намуда, дар Мактаби Ҳизби коммунистии Комитети Марказии ВКП (б) (шаҳри Москва) таҳсил кард (1931 — 33). Минбаъд мудири шуъбаи комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Кангурт, котиби якуми Комитетҳои Ҳизби коммунистии ноҳияҳои Шӯрообод, Орҷоникидзобод, Регар, Ҳисор мудири шуъбаи маҳсулоттайёркунии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон буд.
Ордену медалҳоВироиш
Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.