Неъматҷон Бобоҷонов

Неъматҷон Бобоҷонов (Бобоҷонов Неъматҷон Бобоҷонович (7.7.1939, Хуҷанд – 27.12.1991, Душанбе) — ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқ (1986), профессор (1987).

Неъматҷон Бобоҷонов

Зиндагинома вироиш

Аз оилаи колхозчӣ. Хатмкардаи ДДТ (1962). Мушовири калони шуъбаи ҳуқуқ ва мушовири калон оид ба кори Шӯроҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶТ (1961-1964). Аспиранти кафедраи “Ҳуқуқи давлатӣ ва сохтмони шӯравӣ”-и УДТ (1964-66), муаллими калони кафедраи мазкур (1967-68), мураббӣ-муаллими мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ (1968-72), муаллими калон, дотсент, ҷонишини декан, мудири кафедраи ҳуқуқи шӯравӣ ва муҳофизати меҳнати Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1972-87), дотсенти кафедраи Иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ва Идоракунии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ (1978-82) ходими калони илмӣ (1982-85), мудири кафедраи Ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ (1986-91), профессор-и кафедраи Ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ (1988). Доир ба масъалаҳои давлатдории миллӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарии ҷумҳуриҳои бародарӣ, мавқеи ҳуқуқии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳқиқот анҷом додааст. Соҳиби зиёда аз 20 таълифоти илмӣ мебошад.

Эзоҳ вироиш

Осор вироиш

  • Дар оилаи бародаронаи халқҳои ИҶШС. Д., 1982;
  • Сотсиализми муттарақӣ ва ягонагии интернатсионализми ҷумҳуриҳои шӯравӣ. Д., 1985.

Сарчашма вироиш