Нигина Амонқулова

Сарояндаи Точикистон

Нигина Амонқулова (тав. 30 январи 1986, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик дар сабки ретро.

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 30 январ 1986(1986-01-30) (38 сол)
Зодгоҳ Панҷакент, вилояти Ленинобод,  Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2008 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк ретро, фолк
niginamusic.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

30 январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент вилояти Ленинобод дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Нигина чор бародар дорад. Бародари калонӣ Хуршед тоҷир мебошад, дуюм Хусрав инчунин сароянда аст. Сеюм бародараш Хайём ва хурди Ҳомидҷон мебошанд. Мактаби миёнаи № 1 Панҷакентро хатм карда аст. Пас аз хатми мактаби миёна дар Коллеҷи тиббӣ дониш андӯхта ва ҳамзамон бо таҳсил, ҳунари тарроҳиро низ омӯхтааст.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Нигина соли 2007 ба хешписараш Фирӯз ба шавҳар баромадааст. Соли 2008 онҳо соҳиби писараке шуданд, ки Азамат номаш гузоштанд.[1].

Эҷодиёт

вироиш

Нигина аз хурдсолӣ мехост пизишк шавад, аммо меҳру муҳаббати гармаш ба суруду мусиқӣ саранҷом ӯро рӯи саҳна овард ва дар як вақти кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод. Нигина бо як суруд — «Шаби маҳтоб» — шуҳратёр гашт. Ин бонуи ҳунарманд то имрӯз зиёда аз 20 суруди дилошӯбро пешниҳоди ҳаводорону мухлисонаш гардонида, дар ҷустуҷӯи таронаҳои наву тоза аст.

«Дар оғӯши ту мемирам» ва чанде дигар аз таронаҳои Нигина дар сабқати мусиқии попи Тоҷикистон дар «топ» и дискфурӯшиҳо ва мобитонҳои ширкатҳои мобилӣ қарор дошт[2].

Ҷоизаҳои

вироиш

Моҳи январи соли 2013 Нигина Амонқулова ҷоизаи «TOP-50: Одамони услуби шаҳри Душанбе» -ро барои соли 2012 гирифт[3].

Пайвандҳо

вироиш