Белов Николай Василевич (русӣ: Николай Васильевич Белов; 2 (14) декабри 1891, шаҳри Янов, Полша — 6 марти 1982, Маскав) — кристаллограф ва геокимиёгари шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1953), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).

Николай Белов
Белов Николай Василевич
Таърихи таваллуд 2(14).12.1891
Зодгоҳ Янов , Полша
Таърихи даргузашт 6 март 1982(1982-03-06)
Маҳалли даргузашт Маскав
Кишвар  СССР
Фазои илмӣ кристалография, геохимия
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти политехникии Петроград
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти политехникии Петроград (1921). Профессори университетҳои Горкий ва Маскав (1946—1956). Асосан оид ба кристаллокимиё, минералогияи сохторӣ, геокимиё асарҳо навиштааст. Белов асосгузори мактаби кристаллографияи сохторӣ буда, бо шогирдонаш бештар аз 100 сохтори мураккаб, асосан силикатҳоро муайян намуда, 1651 гурӯҳи фазоии симметриявиро тартиб додааст. Таҳти роҳбарии Белов сохтори зиёда аз 500 моддаҳои кристаллӣ, аз ҷумла 200 минерал таҳқиқ карда шудаанд. Белов ба ҷадвали даврии Менделеев тавсифи сеюми асосии унсур — «радиуси ионӣ»-ро ворид кард, назарияи банду басти зичро такмил дод. Б. муаллифи кашфиёти илмии «Қонунияти морфотропия дар қаторҳои гомологии нимноқил филизз» мебошад. Аз соли 1957 раиси Кумитаи миллии кристаллографҳои шӯравӣ, аз соли 1961 мудири кафедраи кристаллографияи Университети давлатии Маскав, аз соли 1966 президенти Иттифоқи байналхалқии кристаллографҳо, солҳои 1957—1982 узви Кумитаи Мукофоти ленинӣ ва Мукофоти давлатии ИҶШС дар соҳаи илм ва техникаи назди Шӯрои Вазирони ИҶШС, 1968—1982 сармуҳаррири маҷаллаи «Кристаллография» буд. Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1952), Мукофоти ленинӣ (1974), медали тилои ба номи М. В. Ломоносови АИ ИҶШС (1966). Бо 4 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст. Ба шарафи Белов минерали «беловит» номгузорӣ шудааст.

  • Структура ионных кристаллов и металлических фаз. Москва, 1947;
  • Структурная кристаллография. Москва, 1951;
  • Кристаллохимия силикатов с крупными катионами. Москва, 1961.

Сарчашма

вироиш