Николай Грибачёв
Николай Матвеевич Грибачёв (6 [19] декабр 1910, Q4266921?, Oryol Governorate[d] — 10 март 1992, Маскав) — нависанда ва ходими давлатии рус.
Таваллуд |
6 (19) декабр 1910 |
---|---|
Даргузашт |
10 март 1992 (81 сол) |
Мадфан | |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Фаъолият | шоир, насрнавис[d] ва рӯзноманигор |
Ҷоизаҳо | |
Рутба | саргурд |
Набардҳо |
ЗиндагиномаВироиш
Аз соли 1932 рӯзноманигори ҳирфаӣ. Дар ҶБВ (1941-45) ширкат дошт, аз соли 1943 хабарнигори ҳарбӣ (дар рӯзномаи «Боевой товариш» достони «Россия»-ро ба нашр расонд). Солҳои 1950-54 ва 1956-91 сардабири моҳномаи «Советский Союз». Осораш аз соли 1926 мунташир шудааст, нахустин маҷмӯаи ашъораш — «Шимолу Ғарб» (1935). Солҳои 1920-30 шеърҳои лирикии ҳамоҳанг бо эҷодиёти шифоҳии халқ ва забони шевои мардумӣ эҷод кардааст. Аз солҳои 1940 бо шӯру шавқи тоза ба эҷоди асарҳо бо усули расмии ҳукмрони реализми сотсиалистӣ даст зад (маҷмӯаи «Дар роҳҳои ҷанг» (1945), достонҳои «Колхози Болшевик» (1947; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1948); "Баҳор дар «Победа», 1948, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1949). Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳо, повестҳо, романҳо («Неруи зарбатӣ», (1971) «Муҳориба» (1976), китобҳои публитсистӣ «Рӯбарӯ бо Амрико» (1959), ҳамроҳ бо А. И. Аҷубей ва ғ; Мукофоти давлатии ИҶШС ба номи В. И. Ленин (1960), асарҳои адабию интиқодӣ, китобҳо барои кӯдакон. Дар корҳои ҳизбию ҷамъиятӣ ширкати фаъол дошт. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Баъзе ҳикояҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд («Ҳикояти ишқи аввал» //Садои Шарқ, 1960, № 9).
ОсорВироиш
- Собрание сочинений: В 6-ти томах. М., 1985-86.
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Грибачёв Николай Матвеевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.